Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 5

Китоби Муқаддас дар бораи чӣ хабар медиҳад?

Китоби Муқаддас дар бораи чӣ хабар медиҳад?

«Дар миёни ту ва зан ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт»

(Ҳастӣ 3:15).

«Ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ»

(Ҳастӣ 22:18).

«Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд»

(Матто 6:10).

«Худои сулҳу осоиштагӣ ба зудӣ шайтонро зери пойҳои шумо сарнагун хоҳад кард»

(Румиён 16:20).

«Ҳангоме ки ҳама чиз ба Ӯ мутеъ карда шуд, он гоҳ Худи Писар ҳам ба Он ки ҳама чизро ба Ӯ мутеъ кард, мутеъ хоҳад шуд, то ки Худо кулл дар кулл бошад»

(1 Қӯринтиён 15:28).

«Ваъдаҳо ба Иброҳим ва ба насли ӯ дода шудааст... ки он Масеҳ аст. Ва агар шумо аз они Масеҳ бошед, пас насли Иброҳим ҳастед»

(Ғалотиён 3:16, 29).

«Салтанати ҷаҳон салтанати Худованди мо ва Масеҳи Ӯ гардидааст ва Ӯ то абад салтанат хоҳад ронд»

(Ваҳй 11:15).

«Аждаҳои бузург сарнагун шуд, яъне он мори қадимӣ, ки иблис ва шайтон ном дорад ва тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад. Вай ва фариштаҳояш бо вай сарнагун шуданд»

(Ваҳй 12:9).

«Ӯ аждаҳо, яъне мори қадимиро, ки иблис ва шайтон аст, дастгир карда, ба муддати ҳазор сол занҷирбанд намуд»

(Ваҳй 20:2).