Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 1

Худо кист?

Худо кист?

«Бидонанд Ту, ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ»

(Забур 83:18, ТФ; [82:19]).

«Бидонед, ки Худованд Худост; Ӯ моро офаридааст, ва мо аз они Ӯ ҳастем»

(Забур 99:3).

«Ман Худованд [«Яҳува», ТФ] ҳастам ва исми Ман ҳамин аст ва ҷалоли Худро ба дигаре ва ҳамду санои Худро ба санамҳо нахоҳам дод»

(Ишаъё 42:8).

«Ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт»

(Румиён 10:13).

«Зеро ки ҳар хона меъмори худро дорад, валекин меъмори ҳама чиз Худост»

(Ибриён 3:4).

«Чашмони худро сӯи афроз баланд карда, бубинед: кист, ки инҳоро офаридааст? Ӯ лашкари онҳоро ба шумор берун меоварад, ҳамаи онҳоро бо номҳошон мехонад; аз бузургии қувват ва тавоноии қудрати Ӯ ҳеҷ яке аз онҳо ниҳон нахоҳад шуд»

(Ишаъё 40:26).