Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

САВОЛИ 18

Чӣ тавр ба Худо наздик шудан мумкин аст?

Чӣ тавр ба Худо наздик шудан мумкин аст?

«Азбаски дуоро мешунавӣ, тамоми навъи башар назди Ту хоҳанд омад»

(Забур 64:3).

«Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард»

(Масалҳо 3:5, 6).

«Ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд»

(Юҳанно 17:3).

«[Худо] аз ҳеҷ яке аз мо дур нест»

(Аъмол 17:27).

«Дар он хусус дуо мегӯям, ки муҳаббати шумо дар дониш ва мулоҳизакорӣ торафт афзунтар гардад»

(Филиппиён 1:9).

«Агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд — ва ба вай ато хоҳад шуд»

(Яъқуб 1:5).

«Ба Худо наздик шавед ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд. Дастҳои худро бишӯед, эй гуноҳкорон ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон»

(Яъқуб 4:8).

«Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест»

(1 Юҳанно 5:3).