Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Шиносоӣ бо Китоби Муқаддас

Шиносоӣ бо Китоби Муқаддас

Дар Китоби Муқаддас хабар ё сухани Худо ҷой дорад, ки имрӯз барои мо манфиатнок аст. Каломи Худо ба мо нишон медиҳад, ки чӣ тавр ҳаёти худро бомуваффақият гузаронем ва чӣ гуна ба Худо писанд оем. Ин брошура ба саволҳои зерин ҷавоб медиҳад:

  1. 1.  Худо кист?

  2. 2. Чӣ тавр дар бораи Худо фаҳмидан мумкин аст?

  3. 3. Китоби Муқаддасро кӣ навишт?

  4. 4. Оё Китоби Муқаддас аз нуқтаи назари илм дуруст аст?

  5. 5. Китоби Муқаддас дар бораи чӣ хабар медиҳад?

  6. 6. Китоби Муқаддас дар бораи Масеҳ чиро пешгӯӣ карда буд?

  7. 7. Дар бораи рӯзҳои мо Китоби Муқаддас чиро пешгӯӣ мекунад?

  8. 8. Оё Худо ба ранҷу азоби одамизод сабабгор аст?

  9. 9. Чаро одамизод ранҷу азоб мекашад?

  10. 10. Китоби Муқаддас дар бораи оянда чӣ ваъда медиҳад?

  11. 11. Вақте ки касе мемурад, бо ӯ чӣ рӯй медиҳад?

  12. 12. Мурдагон чӣ умед доранд?

  13. 13. Китоби Муқаддас дар бораи кор чӣ мегӯяд?

  14. 14. Чӣ гуна дороии худро истифода бурдан мумкин аст?

  15. 15. Чӣ тавр хушбахтиро метавон ёфт?

  16. 16. Чӣ тавр ташвишҳоро бартараф кардан мумкин аст?

  17. 17. Чӣ гуна Китоби Муқаддас ба оилаҳо кӯмак расонда метавонад?

  18. 18. Чӣ тавр ба Худо наздик шудан мумкин аст?

  19. 19. Китобҳои Китоби Муқаддас чиро дар бар мегиранд?

  20. 20. Чӣ хел аз хониши Каломи Худо манфиати бештар гирифтан мумкин аст?

ЁФТАНИ ОЯТҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС

Китоби Муқаддас аз 66 китобҳои майда иборат аст. Он ба ду қисм ҷудо карда шудааст: Навиштаҳои ибронӣ-арамӣ («Аҳди қадим») ва Навиштаҳои юнонӣ («Аҳди ҷадид»). Ҳар яки ин китобҳо ба бобҳо ва оятҳо тақсим карда шудааст. Вақте ки оят оварда мешавад, рақами якум баъди номи китоб, ба боб ишора мекунад ва рақам ё рақамҳои навбатӣ ба оят ё оятҳо ишора мекунад. Масалан, Ҳастӣ 1:1 ба китоби Ҳастӣ боби 1 ояти 1 ишора менамояд.