Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба Яҳува хидмат кунед, на ба Шайтон!

Ба Яҳува хидмат кунед, на ба Шайтон!

Ҳар яки мо имконияти интихоб карданро дорем: хидмат ба Яҳува ё ба Шайтону девҳои ӯ. Ба ҳардуи онҳо хидмат карда намешавад. Чӣ қарори оқилонаест хидмат ба Яҳува!

Яҳува Худои некӯкор аст

Ҳамон тавре ки дидем, девҳо аз азияту фиреб додани одамон лаззат мебаранд. Аммо Яҳува ин гуна нест. Ӯ одамонро дӯст медорад, мисли падар фарзандонашро. Ӯ Бахшояндаи «ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил» аст (Яъқуб 1:17). Ӯ ҳеҷ чизи хубро аз инсонҳо дареғ намедорад, ҳатто агар он барояш хеле гаронбаҳо бошад — Эфсӯсиён 2:4–7.

Исои Масеҳ ба одамон муҳаббат зоҳир карда, бо қудрати Худо бемориҳояшонро шифо мебахшид

Дар хусуси амалҳое, ки Исои Масеҳ дар рӯи замин анҷом дод, андеша кунед. Ӯ гунгҳоро гӯё, кӯронро бино менамуд. Ӯ махаву лангонро сиҳат мекард. Девҳоро аз одамон берун менамуду ҳар бемориро шифо мебахшид. Исо бо қудрати Худо ҳатто мурдагонро зинда мекард — Матто 9:32–35; 15:30, 31; Луқо 7:11–15.

Худо ҳеҷ гоҳ ба мо дурӯғ намегӯяд ва моро фиреб намедиҳад. Ӯ ҳамеша рост мегӯяд — Ададҳо 23:19.

Аз корҳои нопок ҳазар кунед

Мисли анкабут, ки пашшаро маҳкам дар торҳои худ медорад, миллионҳо одамонро хурофоту дурӯғ дар банди худ нигаҳ медоранд. Онҳо аз мурдагон метарсанд. Аз девҳо меҳаросанд. Фикрҳо дар хусуси ҷодую лаънатҳо, аломатҳо, тӯмору тилисмҳо онҳоро ором намегузоранд. Инсонҳо ғуломи эътиқоду расму одатҳои дар дурӯғи Шайтон Иблис асосёфта ҳастанд. Ходимони Худо дар ҳеҷ яке аз чунин корҳо иштирок намекунанд.

Яҳува аз Шайтон хеле тавонотар аст. Агар ба Яҳува хидмат намоед, Ӯ шуморо аз девҳо муҳофизат мекунад (Яъқуб 4:7). Ҷодуву афсун ба шумо зарар нахоҳад кард. Масалан дар Нигерия, се ҷодугари машҳур хостанд як Шоҳиди Яҳуваро, ки тарк кардани шаҳрро рад менамуд, тилисм карда кушанд. Вақте ҷоду таъсир накард, яке аз ҷодугарон чунон тарсид, ки ба назди он Шоҳид рафта, аз ӯ бо зорӣ афв пурсид.

Эфсӯсиён китобҳои ҷодугарии худро сӯзонданд

Агар шуморо девҳо азоб медода бошанд, Яҳуваро бо исмаш бихонед, Ӯ шуморо ҳимоя мекунад (Масалҳо 18:10). Лекин барои гирифтани ҳимояи Худо, бояд ҳар чизеро, ки бо арвоҳ ва ибодати девҳо алоқа дорад, нест кунед. Ходимони қадими Худо дар шаҳри Эфсӯс чунин карданд. Онҳо тамоми китобҳои ҷодугариашонро ҷамъ оварда сӯзонданд (Аъмол 19:19, 20). Ходимони имрӯзаи Худо низ бояд ҳамин тавр намоянд. Худро аз тӯмору тилисму радномаҳои «аз бадӣ муҳофизаткунанда», китобҳои ҷодугарӣ ва ҳар чизи дигаре, ки бо арвоҳу девҳо алоқа дорад, озод созед.

Ибодати ҳақиқиро дастгирӣ кунед

Агар хоҳед, ки ба Худо писанд оед, фақат аз ибодати дурӯғ даст кашидану бас кардани аъмоли бад кофӣ нест. Шумо бояд боғайрат ибодати покро дастгирӣ намоед. Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки барои ин чӣ кор бояд кард.

Ба вохӯриҳои омӯзиши Китоби Муқаддас ташриф оред — Ибриён 10:24, 25.

Китоби Муқаддасро омӯзед — Юҳанно 17:3.

Ба дигарон мавъиза кунед — Матто 24:14.

Ба Яҳува дуо гӯед — Филиппиён 4:6, 7.

Таъмид гиред — Аъмол 2:41.

Бо Шоҳидони Яҳува муошират кунед

Шайтону девҳояш дар рӯи замин одамоне доранд, ки таълимот ва амалҳояшон нодуруст аст. Вале Яҳува низ халқи худро дорад. Онҳо Шоҳидони Яҳува мебошанд (Ишаъё 43:10). Дар саросари замин бештар аз шаш миллион Шоҳидон ҳастанд. Ҳамаи онҳо ба некӯкорӣ саъй мекунанд ва ба одамон ҳақиқатро таълим медиҳанд. Дар аксари кишварҳо бо Шоҳидони Яҳува дар «Толори Салтанат» вохӯрдан мумкин аст, ки дар он ҷо онҳо аз дидори шумо низ хурсанд хоҳанд буд.

Шоҳидони Яҳува ба дигарон кӯмак мекунанд, ки ба Худо хидмат намоянд. Онҳо метавонанд бо шумо омӯзиши хонагии Китоби Муқаддас гузаронда, ба шумо барои омӯхтани тарзи дурусти ибодати Яҳува ёрӣ диҳанд. Ин дарсҳо ба таври ройгон гузаронида мешаванд. Шоҳидон аз таълим додан ба ташнагони ҳақиқат хушҳоланд, зеро онҳо одамон ва Яҳува Худоро дӯст медоранд.

Шоҳидони Яҳува бароятон кӯмак мекунанд, ки ба Худо хидмат намоед