Замини биҳиштӣ
Яҳува тамоми бадиҳои аз Шайтон расидаро пурра ҷуброн хоҳад кард. Яҳува Исоро бар тамоми замин Подшоҳ таъин намуд. Зери ҳукмронии вай замин ба биҳишт мубаддал мешавад — Дониёл 7:13, 14; Луқо 23:43,ТДН.
Яҳува ваъда медиҳад:
-
ФАРОВОНИИ ҒИЗО: «Замин ҳосили худро [хоҳад] дод; Худо, Худои мо, моро баракат хоҳад дод». «Ғалла дар замин то ба қуллаи кӯҳҳо фаровон хоҳад шуд» — Забур 66:7; 71:16.
-
ДИГАР ҶАНГҲО НАМЕШАВАНД: «Биёед, ба корномаҳои Худованд назар андозед, ки харобиҳо бар замин овардааст: ба ҷангҳо то ақсои замин хотима додааст»— Забур 45:9, 10.
-
ОДАМОНИ БАД ДИГАР НАХОҲАНД БУД: «Зеро ки бадкешон маҳв хоҳанд шуд... Боз андак сабр кун, ва шарир боқӣ нахоҳад монд; ба маконаш назар хоҳӣ андохт, ва ӯ нахоҳад буд» — Забур 36:9, 10.
-
«Ва Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд; ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт» — Ваҳй 21:3, 4.
Яҳува мисли Шайтону девҳои вай ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд. Ҳар як ваъдаи Худо ҳатман амалӣ хоҳад шуд (Луқо 1:36,37). Яҳува шуморо дӯст медорад ва мехоҳад, ки шумо ҷовидона дар Биҳиште, ки Ӯ дар рӯи замин бунёд мекунад, зиндагӣ намоед. Аз Шоҳидони Яҳува хоҳиш кунед, ки ба шумо дар хусуси ҳақиқати олие, ки дар Каломи Худо мавҷуд аст, бештар нақл кунанд. Агар шумо ин ҳақиқатро дар зиндагии худ ба кор баред, аз ғуломии дурӯғу хурофотҳо ва ҷаҳолат озод мешавед. Бо гузашти вақт, шумо ҳатто аз ғуломии гуноҳу марг озод мегардед. Ҳамон тавре ки Исо гуфт: «Ростиро хоҳед шинохт ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» — Юҳанно 8:32.