Девҳо бардурӯғ исрор мекунанд, ки мурдагон ба зиндагӣ идома медиҳанд
Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Шайтон «тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад» (Ваҳй 12:9). Шайтон ва девҳои ӯ намехоҳанд, ки мо ба Каломи Худо — Китоби Муқаддас бовар кунем. Онҳо мекӯшанд одамонро бовар кунонанд, ки мурдагон дар олами арвоҳ зиндаянд. Биёед бубинем, ки девҳо ба чӣ тарзҳо ин дурӯғро ба одамон талқин мекунанд.
Дини козиб
Динҳои зиёд таълим медиҳанд, ки ҳангоми мурдани одам “рӯҳ”–и вай ба олами арвоҳ мегузарад. Онҳо мегӯянд, ки ҷисм мемирад, вале рӯҳ ба зиндагӣ идома медиҳад.
Аммо Каломи Худо ин тавр таълим намедиҳад. Дар Китоби Муқаддас калимае, ки «рӯҳ» тарҷума шудааст, маънои асосиаш “нафас” мебошад. Лекин калимаи «рӯҳ» аслан маънои васеътаре дорад аз танҳо нафаскашӣ. Масалан, Яъқуби расул гуфтааст: «Ҷисм бе рӯҳ мурда аст» (Яъқуб 2:26). Яъне рӯҳ нерӯест, ки ҷисмро зинда нигоҳ медорад.
-
Китоби Муқаддас намегӯяд, ки чизе баъд аз марги инсон ҷисми ӯро тарк карда, ба зиндагӣ идома медиҳад. Ҳамон тавре ки пештар дар саҳифаҳои 4 ва 5 омӯхтем, Каломи Худо мегӯяд, ки мурдагон ҳеҷ кор карда ё сухан гуфта наметавонанд ва онҳо хотира ҳам надоранд:
-
«Зиндаҳо медонанд, ки бояд бимиранд, вале мурдаҳо чизе намедонанд ва барои онҳо дигар подоше нест, ҳатто зикрашон фаромӯш шудааст; ҳар коре ки карданаш аз дасти ту ояд, алоқадри қуввати худ бикун, зеро дар гӯр, ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст, на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат» — Воиз 9:5, 10.
-
«На мурдагон Худовандро мадҳ мекунанд, ва на ҳамаи фурӯравандагони гӯр» — Забур 113:25.
Таълимот дар бораи он ки рӯҳи одам баъд аз маргаш ба зиндагӣ идома медиҳад, аз Китоби Муқаддас нест. Ин таълимоти Шайтону девҳои вай мебошад. Яҳува ба ҳар таълимоти бардурӯғи динӣ нафрат дорад — Масалҳо 6:16–19; 1 Тимотиюс 4:1, 2.
Пурсандагони арвоҳ ва фолбинҳо
Барои гумроҳ кардани одамон Шайтон ҳамчунин аз пурсандагони арвоҳ ва фолбинҳо истифода мекунад. Пурсандаи арвоҳ ва фолбин шахсонеанд, ки мустақиман аз олами арвоҳ хабарҳо гирифта метавонанд. Аксарияти одамон, аз он ҷумла худи пурсандагони арвоҳу фолбинҳо низ боварӣ доранд, ки ин хабарҳо аз арвоҳи мурдагон мерасанд. Аммо ҳамон тавре ки аз Китоби Муқаддас бармеояд, ин номумкин аст — Воиз 9:5, 6, 10.
Пас ин хабарҳо аз кӣ мерасанд? Аз худи девҳо! Девҳо шахси фавтидаро ҳини зиндагияш дида буданд; онҳо медонанд, ки ӯ чӣ тавр сухан мегуфт, чӣ намуде дошт, чӣ кор мекард ва чиро медонист — 1 Подшоҳон 28:3–19.
Қиссаҳои дурӯғ
Дурӯғи худро дар хусуси ҳолати мурдагон Шайтон ҳамчунин ба воситаи қиссаҳои дурӯғ дастгирӣ менамояд. Ин қиссаҳо одатан одамонро аз ҳақиқати Китоби Муқаддас дур мекунанд — 2 Тимотиюс 4:4.
Дар Африқо ҳикояҳои зиёде дар хусуси одамоне, ки онҳоро гӯё баъд аз маргашон зинда дидаанд, мавҷуданд. Одатан, мурдагонро дур аз ҷои зисти собиқашон дидаанд. Вале ба худ суол диҳед: “Агар дар ҳақиқат шахс аз хоби марг бархоста бошад, оё ба ҷое дур аз хешовандону дӯстонаш меравад?”
Ғайр аз ин, одамеро, ки диданд, ба шахси фавтида танҳо монанд асту бас. Масалан, ду ходими Худо ҳангоми мавъиза дар деҳае, пайхас карданд, ки як марди куҳансол чанд соат инҷониб аз қафояшон меояд. Вақте аз ӯ сабаб пурсиданд, маълум шуд, ки вай яке аз воизонро бародари худ гумоштааст, ки чанд сол пеш мурда буд. Албатта ин бародари ӯ набуд, вале мард бовар намекард. Акнун тасаввур намоед, ки он марди куҳансол ба дӯстону ҳамсояҳои худ чӣ нақлҳо кард!
Рӯъёҳо, хобҳо ва садоҳо
Шумо бешубҳа шунидаед, ки баъзе одамон чизҳои аҷиберо дар рӯъё ё хоб дида ё шунидаанд. Ин таҷрибаҳои ғайриоддӣ одатан сабаби тарси шоҳидони худ мешаванд. Морен, ки дар Африқои Ғарбӣ сокин аст, мунтазам шабҳо овози модаркалони марҳумашро мешунид, ки вайро садо мекард. Аз даҳшат Морен чунон дод мезад, ки тамоми аҳли оила аз ин бедор мешуд. Оқибат Морен рӯҳан бемор гашт.
Агар мурдагон дар ҳақиқат ба зиндагӣ идома медоданд, оё наздикони дӯстдоштаи худро метарсонданд? Албатта, не. Ин садоҳои ваҳшатангез аз девҳо бармеоянд.
Вале дар хусуси хабарҳое, ки ба назар хубу тасаллибахш метобанд, чӣ метавон гуфт? Масалан, вақте ки Гбассай аз Серра–Леоне бемор буд, падари марҳумашро дар хоб дид. Падар ба ӯ фармуд, ки аз дарахти муайяне баргашро канаду кӯфта бо об маҳлул карда бихӯрад. То ин корро накунад, Гбассай бояд бо касе ҳарф намезад. Ӯ ҳамин тавр карду ба зудӣ шифо ёфт.
Зани дигаре нақл мекард, ки дар рӯъё шавҳарашро дид, ки шабе пеш аз ин мурда буд. Аз рӯи сухани зан, ҳолати шавҳараш хеле хуб буду дар тан либоси зебо дошт.
Забур 30:6). Ӯ намехоҳад, ки моро гумроҳ ё фиреб намояд. Танҳо девҳо ин тавр мекунанд.
Ин гуна хабарҳо хубу кӯмаккунанда ба назар мерасанд. Оё онҳо аз Худо ҳастанд? Не! Яҳува «Худои ростӣ» мебошад (Вале оё девҳои хуб вуҷуд доранд? Не. Ҳарчанд ки баъзан онҳо ба назар кӯмакдиҳанда метобанд, дар асл ҳамаи девҳо баданд. Шайтон ҳам бо Ҳавво дӯстона сӯҳбат карда буд (Ҳастӣ 3:1). Вале натиҷаи ба гуфтаҳои Иблис гӯш додани Ҳавво чӣ буд? Ҳавво мурд.
Охир шумо медонед, ки агар шахси баде касеро фиреб карданӣ шавад, одатан бо ӯ хеле “дӯстона” муносибат мекунад. “Дил дигару забон дигар” мегӯяд зарбулмасале. Ва Каломи Худо мегӯяд, ки «худи Шайтон шакли фариштаи нурро мегирад» — 2 Қӯринтиён 11:14.
Худо дигар ба одамон тавассути хобу рӯъёҳо ё садоҳо аз олами рӯҳонӣ хабарҳо намерасонад. Парвардигор инсониятро бо Китоби Муқаддас ҳидояту панд медиҳад, ки метавонад «барои ҳар кори нек комилан омода ва муҷаҳҳаз бошад» — 2 Тимотиюс 3:17 (ТҲФ).
Аз ин рӯ, моро аз домҳои Шайтон огоҳ карда, Худо бароямон муҳаббат зоҳир менамояд. Ӯ медонад, ки девҳо душманони хатарноканд.