Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Арвоҳ — одамони дар гузашта дар рӯи замин зиндагикардаву пасон фавтида нестанд

Арвоҳ — одамони дар гузашта дар рӯи замин зиндагикардаву пасон фавтида нестанд

Арвоҳ вуҷуд доранд! Дар олами ноаёни арвоҳ рӯҳҳои неку бад мавҷуданд. Оё онҳо одамони дар гузашта дар рӯи замин зиндагикардаву пасон фавтида ҳастанд?

Не! Бархилофи ақидаи бисёре аз мардум, вақте ки одам мемирад, ӯ ба дунёи дигар намегузарад. Инро мо аз куҷо медонем? Китоби Муқаддас ҳамин тавр мегӯяд. Китоби Муқаддас китоби ҳақиқат аст ва аз Худои яккаву ягона, ки Яҳува ном дорад, омадааст. Яҳува одамонро офаридааст, бинобар ин аниқ медонад, ки баъд аз марг бо онҳо чӣ рӯй медиҳад (Забур 83:18, ТФ [82:19]; 2 Тимотиюс 3:16).

Одам аз хок шуду ба хок баргашт

Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо инсони нахустин Одамро «аз хоки замин бисиришт» (Ҳастӣ 2:7). Парвардигор ӯро дар Биҳишт, дар боғи Адан ҷой дод. Агар Одам ба қонуни Худо итоат мекард, ӯ намемурд, балки то имрӯз дар рӯи замин зиндагӣ менамуд. Аммо вақте ки Одам қонуни Худоро қасдан вайрон кард, Худо ба вай гуфт: «Ба хок баргардӣ, ки аз он гирифта шудаӣ; зеро ки ту хок ҳастӣ, ва ба хок хоҳӣ баргашт» — Ҳастӣ 3:19.

Чӣ маъно доштанд ин суханон? Андеша кунед; Одам пеш аз он ки Худо ӯро аз хок офарад, дар куҷо буд? — Дар ҳеҷ ҷо. Ӯ рӯҳе дар осмон набуд. Ӯ вуҷуд надошт. Пас, Яҳува ба Одам «ба хок бармегардӣ» гуфта, мурдани ӯро дар назар дошт. Одам ба дунёи дигар нагузашт. Баъд аз марг зиндагии Одам қатъ гашт, вуҷудияти ӯ нест шуд. Марг набудани зиндагист.

Вале бо одамони дигаре, ки мурданд, чӣ шуд? Оё вуҷудияти онҳо ҳам қатъ гашт? Китоби Муқаддас ҷавоб медиҳад:

  • «Ҳама [ҳам одамон ва ҳам ҳайвонот] ба як ҷо меравад: ҳама аз хок аст ва ҳама ба хок бармегардад» — Воиз 3:20.

  • «Мурдаҳо чизе намедонанд» — Воиз 9:5.

  • «Ҳам муҳаббаташон, ҳам нафраташон ва ҳам рашкашон барбод рафтааст» — Воиз 9:6.

  • «Дар гӯр, ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст, на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат» — Воиз 9:10.

  • «Вай [одам] ба хоки худ бармегардад; дар ҳамон рӯз андешаҳои вай нест мешавад» — Забур 145:4.

Танҳо зиндагон ин корҳоро карда метавонанд

Оё қабули ин оятҳо бароятон душвор аст? Агар ҳа, дар ин бора андеша намоед: дар оилаҳои зиёд мард барои таъмини оила кор мекунад. Вақте ки ӯ мемирад, аҳли оила азоб мекашанд. Баъзан зану фарзандони вай ҳатто барои хӯрок пули кофӣ надоранд. Шояд душманони мард онҳоро азият диҳанд. Акнун аз худ бипурсед: агар ин мард ба вуҷудияти худ дар дунёи дигар давом диҳад, барои чӣ нисбати оилааш дигар ғамхорӣ намекунад? Чаро ӯ онҳоро аз одамони бад муҳофизат наменамояд? Сабаб дар он ки Навиштаҳои Муқаддас ҳаққанд. Ҳаёти он мард қатъ шуд, ӯ дигар ба ҳеҷ коре қодир нест — Забур 113:25.

Мурдагон ба гуруснагон кӯмак намуда, ё онҳоро аз зӯроварӣ муҳофизат карда наметавонанд

Оё ин чунин маъно дорад, ки мурдагон дигар ҳеҷ гоҳ ба зиндагӣ бознамегарданд? Не. Мо дертар дар бораи эҳё сӯҳбат мекунем. Вале намунаи боло нишон медиҳад, ки мурдагон корҳои шуморо намедонанд. Онҳо шуморо дида, шунида ё бо шумо сухан гуфта наметавонанд. Аз онҳо набояд битарсед. Онҳо ба шумо на кӯмаку на зарар расонида метавонанд — Воиз 9:4; Ишаъё 26:14.