Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 1

Чӣ тавр мо Худоро гӯш карда метавонем?

Чӣ тавр мо Худоро гӯш карда метавонем?

Худо ба воситаи Китоби Муқаддас бо мо сухан меронад (2 Тимотиюс 3:16).

Худои ҳақиқӣ ба одамон фармуда буд, ки фикрҳои Ӯро дар як китоби махсус нависанд. Ин китоб — Китоби Муқаддас аст. Худо мехоҳад, ки шумо маълумоти муҳимеро, ки он дар бар дорад, донед.

Худо медонад, ки чӣ барои мо аз ҳама беҳтар аст ва Ӯ Сарчашмаи тамоми хирад мебошад. Худоро гӯш карда, шумо дар ҳақиқат бохирад мешавед (Масалҳо 1:5).

Худо мехоҳад, ки ҳамаи одамон Китоби Муқаддасро хонанд. Имрӯзҳо ин китоб ба бисёр забонҳо дастрас аст.

Агар шумо Худоро гӯш кардан хоҳед, бояд Китоби Муқаддасро хонед ва онро фаҳмед.

Дар ҳама ҷо одамон суханони Худоро гӯш мекунанд (Матто 28:19).

Шоҳидони Яҳува метавонанд ба шумо барои фаҳмидани Китоби Муқаддас ёрӣ расонанд.

Дар тамоми рӯи замин онҳо дар бораи Худо ҳақиқатро таълим медиҳанд.

Чунин таълимдиҳӣ бепул аст. Инчунин шумо дар маҳалли худ дар вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува дар бораи Худо фаҳмида метавонед.