Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 11

Дар амал нишон додани имони ҳақиқӣ

Дар амал нишон додани имони ҳақиқӣ

БИСЁР одамон имрӯз худро имондор меҳисобанд. Лекин Исо таълим дода буд, ки танҳо шумораи ками одамон имони ҳақиқӣ хоҳанд дошт. Ӯ гуфта буд: «Фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисёранд; зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад ва ёбандагони он кам ҳастанд» (Матто 7:13, 14).

Чӣ тавр одамон имрӯз нишон медиҳанд, ки имони ҳақиқӣ доранд? «Онҳоро аз меваҳошон хоҳед шинохт»,— гуфта буд Исо.— «Ҳар дарахти нек меваи нек меоварад, лекин ҳар дарахти бад меваи бад меоварад» (Матто 7:16, 17). Хулоса, имони ҳақиқӣ бояд «меваи нек» оварад. Имони ҳақиқӣ одамонро бармеангезад, ки хислатҳои ба Худо маъқулро зоҳир намоянд. Чӣ тавр онҳо ин хислатҳоро зоҳир мекунанд?

Қувватро дуруст истифода мебаранд

Одамоне ки имони ҳақиқӣ доранд, қуввату ҳокимияташонро барои ҷалол додани Худо ва ба манфиати дигарон истифода мебаранд. Исо таълим дода буд: «Ҳар кӣ дар байни шумо хоҳад бузург бошад, хизматгори шумо шавад» (Марқӯс 10:43). Ба ин монанд, мардони имондор чӣ дар кӯча ва чӣ дар хона ситамгар нестанд. Онҳо зани худро дӯст медоранд, онҳоро эҳтиром мекунанд ва меҳрубонона ниёзҳояшонро қонеъ мегардонанд. Дар Навиштаҳо гуфта мешавад: «Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгир набошед» (Қӯлассиён 3:19). «Шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед ва онҳоро ҳамчун ҳамирсони файзи ҳаёт мӯҳтарам доред, то ки ба дуоҳои шумо мамониате нарасад» (1 Петрус 3:7).

Зане ки имони ҳақиқӣ дорад «шавҳари худро бояд эҳтиром намояд» (Эфсӯсиён 5:33, Тарҷумаи форсӣ). Ба занон лозим аст, ки «шавҳарон ва кӯдакони худро дӯст доранд» (Титус 2:4). Падарону модарони имондор барои фарзандонашон вақт ҷудо мекунанд ва қонуну принсипҳои Худоро ба онҳо таълим медиҳанд. Онҳо дар хона, ҷои кор ё дигар ҷойҳо бо дигарон эҳтиромона муносибат мекунанд ва аз рӯи маслиҳати зерини Каломи Худо амал мекунанд: «Ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед» (Румиён 12:10).

Хизматгорони Худо аз рӯи ин амри Худо амал мекунанд: «Ришва нагир» (Хуруҷ 23:8). Онҳо ҳаргиз барои манфиати худ аз вазифаашон суиистифода намекунанд. Баръакс, имконият меҷӯянд, то ки ба дигарон ёрӣ расонанд, хусусан ба мӯҳтоҷон. Онҳо аз рӯи маслиҳати зерин амал мекунанд: «Инсондӯстӣ ва саховатро аз хотир набароред, зеро ки ин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меояд» (Ибриён 13:16). Аз ин рӯ, онҳо ҳақ будани суханони Исоро ҳис мекунанд: «Додан аз гирифтан беҳтар аст» (Аъмол 20:35).

Аз рӯи адолати Худо амал мекунанд

Одамони имондор бо тайёрӣ ба қонунҳои Худо итоат мекунанд ва барои онҳо «аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 Юҳанно 5:3). Онҳо медонанд, ки «Тавроти Худованд комил аст... Фармудҳои Худованд ҳақ аст, дилро шод мекунад; аҳкоми Худованд равшан аст, чашмро мунаввар месозад» (Забур 18:8, 9).

Имони ҳақиқӣ инчунин онҳоро бармеангезад, ки ҳамаи намудҳои бадгумониро рад кунанд. Масалан, онҳо ягон нажод, давлат ё табақаи ҷамъиятиро аз дигараш болотар намегузоранд, вале баръакс ба Худо пайравӣ мекунанд. «Худо рӯйбинӣ надорад. Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст» (Аъмол 10:34, 35).

Имони ҳақиқӣ одамонро бармеангезад, ки «дар ҳар бобат... ҳалолкорона рафтор» кунанд (Ибриён 13:18). Шахсони имондор ҳамчунин аз ғайбат ва тӯҳмат дурӣ меҷӯянд. Дар бораи шахсе, ки ба Худо маъқул аст, Довуди забурнавис мегӯяд, ки вай «ба ёри худ бадӣ» намекунад (Забур 14:3).

Хиради Худоро зоҳир мекунанд

Онҳое ки имони ҳақиқӣ доранд, эътиқодашон танҳо бар Каломи Худо асос ёфтааст. Онҳо боварӣ доранд, ки «тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст» (2 Тимотиюс 3:16). Дар муносибат бо дигарон онҳо «ҳикмате ки аз болост» зоҳир мекунанд, чунки он «аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад» (Яъқуб 3:17). Онҳо аз урфу одатҳое, ки ба Худо маъқул нестанд ва аз сеҳру ҷоду дурӣ меҷӯянд ва худро аз «бутҳо нигоҳ» медоранд (1 Юҳанно 5:21).

Аз рӯи муҳаббати ҳақиқӣ амал мекунанд

Мусо–пайғамбар гуфта буд: «Худованд Худои худро бо тамоми дили худ ва бо тамоми ҷони худ ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидор» (Такрори Шариат 6:5). Одамони имондор нисбати Худо ҳамин гуна муҳаббатро зоҳир мекунанд. Онҳо нисбати номи Худо, Яҳува эҳтиром зоҳир мекунанд. Аз ҷумла «Худовандро ҳамд» мегӯянд ва бо имон «исми Ӯро» мехонанд (Забур 104:1). Боз хизматгорони Худо ба ин амри Ӯ гӯш медиҳанд: «Ёратро мисли худат дӯст дор» (Ибодат 19:18). Онҳо зӯровариро рад мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки «бо ҳамаи одамон мувосо» кунанд (Румиён 12:18). Рамзан «онҳо шамшерҳои худро ба омочҳо ва найзаҳои худро ба досколаҳо табдил» додаанд (Ишаъё 2:4). Хулоса, онҳо «якдигарро дӯст» медоранд ва аз бародарияти умумиҷаҳонӣ ҳаловат мебаранд (Юҳанно 13:35). Оё шумо имрӯз ин гуна одамонро мешиносед?