Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 12

Имони ҳақиқӣ доштани худро нишон диҳед!

Имони ҳақиқӣ доштани худро нишон диҳед!

ХУДО бандагонашро огоҳ мекунад, ки имони онҳо озмуда хоҳад шуд. Дар Каломи Ӯ гуфта мешавад: «Ҳушёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Петрус 5:8). Чӣ тавр Шайтон имонатонро шикастан мехоҳад?

Оё шумо бо чунин муносибат рӯ ба рӯ шудаед?

Шайтон метавонад ҳатто ба воситаи наздиконатон ба шумо фишор оварад, то ки Китоби Муқаддасро нахонед. Дар ин бора Исо пешгӯӣ карда буд: «Душмани одам аҳли хонаи ӯ хоҳанд буд» (Матто 10:36). Аъзоёни оила ё дӯстонатон, ки ниятҳои хуб доранд, шояд аз ҳақиқатҳои олиҷаноби Китоби Муқаддас бехабаранд. Ё шояд метарсанд, ки дигарон дар бораи онҳо чӣ фикр мекунанд. Вале дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Тарсончакии одам ба дом меоварад, вале касе ки ба Худованд таваккал кунад, аз хатар эмин аст» (Масалҳо 29:25). Агар шумо аз сабаби ба одамон писанд омадан, омӯхтани Каломи Худоро бас кунед, оё ин ба Худо маъқул мешавад? Албатта не! Вақте ки мо имони ҳақиқӣ доштанамонро нишон медиҳем, Худо ба мо ёрӣ мерасонад. «Мо аз онҳо нестем, ки бармегарданд ва ба ҳалокат мерасанд, балки аз имондоронем, ки наҷот меёбанд» (Ибриён 10:39).

Воқеаи бо Думас рӯйдодаро, ки дар борааш аллакай гуфта будем, ба хотир оред. Дар аввал занаш ӯро аз барои имонаш масхара мекард. Лекин баъдтар вай дар омӯхтани Каломи Худо ба Думас ҳамроҳ шуд. Ба ин монанд, агар шумо ҳама вақт дуруст рафтор кардан гиред, метавонед ба дӯстону наздиконатон таъсир расонед, то ки онҳо низ ба шумо ҳамроҳ шаванд. Бисёр вақт аъзоёни оила аз дидани «рафтори поки худотарсонаи» онҳое ки имони ҳақиқӣ доштанд, «бе калом тобеъ» мегардиданд (1 Петрус 3:1, 2).

Шайтон ҳамчунин мекӯшад, то одамон фикр кунанд, ки барои омӯхтани Каломи Худо тамоман вақт надоранд. Ӯ мехоҳад, ки фишори зиндагӣ, яъне ташвишҳои шахсӣ ва ташвиши пулкоркунӣ дар шумо «каломро пахш» кунад, то ки имонатон «бесамар» гардад (Марқӯс 4:19). Ин гуна кӯтоҳандеширо рад кунед! Дар Каломи Худо навишта шудааст: «Ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд» (Юҳанно 17:3). Бале, барои дар Биҳишт ҷовидона зистан хеле муҳим аст, ки дар бораи Худо ва Исои Масеҳ дониш гирифтанро давом диҳем!

Дар дуо аз Худо кӯмак пурсед

Дар бораи Мусо, ки аъзои хонаводаи подшоҳии Миср буд, фикр кунед. Ӯ метавонист соҳиби боигарӣ, шӯҳрат ва ҳокимият гардад. Лекин вай «бо қавми Худо уқубат кашиданро афзал донист аз он ки аз гуноҳ ҳаловати муваққатӣ дошта бошад». Чаро? «Зеро ӯ, мисли он ки Нонамоёнро дида бошад, боматонат», яъне устувор мемонд (Ибриён 11:24, 25, 27). Оре, Мусо ба Худо имони қавӣ дошт. Ӯ хоҳишҳои Худоро аз хоҳишҳои худбинонаи худ болотар мегузошт ва барои ҳамин Худо ӯро хеле баракат дод. Агар шумо низ чунин амал кунед, Худо шуморо ҳам баракат медиҳад.

Шайтон кӯшиш мекунад, ки бо роҳҳои гуногун ба шумо ҳамла оварад. Лекин шумо метавонед тӯъмаи ӯ нагардед. Каломи Худо моро бармеангезад: «Ба иблис муқобилат кунед ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт» (Яъқуб 4:7). Чӣ тавр шумо ба ӯ муқобилат карда метавонед?

Омӯзиши Каломи Худоро давом диҳед. Ҳар рӯз Китоби Муқаддас хонед. Таълимоти онро омӯзед. Аз рӯи маслиҳатҳои он амал кунед. Он вақт шумо «зиреҳи куллии Худоро» дар бар намуда, ба воситаи он ба ҳамлаҳои Шайтон муқобилат хоҳед кард (Эфсӯсиён 6:13).

Бо одамоне, ки имони ҳақиқӣ доранд муошират кунед. Шахсонеро ҷӯед, ки Китоби Муқаддасро мехонанд ва онро омӯзиш карда, маслиҳатҳояшро ба кор мебаранд. Чунин одамон «якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек» бармеангезанд. Онҳо метавонанд барои инкишоф ёфтани имонатон кӯмак расонанд (Ибриён 10:24, 25).

Бо шахсони имондор муошират кунед

Ба Яҳува наздик шавед. Дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсед ва ба Ӯ таваккал кунед. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки Яҳува мехоҳад ба шумо кӯмак расонад. «Ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ [Худо] вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:6, 7). «Худо амин аст ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед» (1 Қӯринтиён 10:13).

Шайтон Худоро таъна дода, мегӯяд, ки агар хизматгоронаш бо озмоиши сахт рӯ ба рӯ шаванд, ягонтоашон ба Ӯ хизматашро давом намедиҳанд. Лекин шумо метавонед дурӯғгӯй будани Шайтонро исбот кунед! «Бохирад бош,— мегӯяд Худо — ва дили маро шод гардон, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам» (Масалҳо 27:11). Бале, бо қатъият нишон диҳед, ки шумо имони ҳақиқӣ доред!