Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 2

Имони ҳақиқӣ чист?

Имони ҳақиқӣ чист?

Барои он ки имон арзиш дошта бошад, бояд мисли пул ҳақиқӣ бошад

ИМОНИ ҳақиқӣ — танҳо ба вуҷудияти Худо боварӣ доштан нест. Миллионҳо одамон боварӣ доранд, ки Худо вуҷуд дорад, лекин дидаву дониста корҳои бад мекунанд. Чунин имонро ба пули қалбакӣ монанд кардан мумкин аст. Пули қалбакӣ ба пули ҳақиқӣ монанд аст, лекин дар асл он арзиш надорад. Пас, имони ҳақиқӣ чист?

Имони ҳақиқӣ бар дониши дақиқ аз Китоби Муқаддас асос меёбад. Ин Навиштаҳои илҳомбахшида ба мо ҳақиқатро оиди Худо нақл мекунанд ва ёрӣ мерасонанд, ки бо Ӯ шинос шавем. Дар он оиди қонунҳо, мақсадҳо ва таълимоти Ӯ нақл карда мешавад. Баъзе аз таълимоти Худо чунинанд:

  • Худо яккаву ягона аст ва ба Ӯ ҳеҷ кас баробар шуда наметавонад;

  • Исо Худо нест. Ӯ пайғамбари Худо аст;

  • Худо аз ҳар намуди бутпарастӣ нафрат дорад;

  • инсоният бо рӯзи доварӣ, яъне қиёмат рӯ ба рӯ хоҳад шуд;

  • Худо фавтидагони бешуморро дар Биҳишти заминӣ зинда мекунад.

Имони ҳақиқӣ моро ба амалҳои нек бармеангезад. Чунин амалҳо Худоро ҷалол медиҳанд ва ба худи мо ва ба дигарон фоида меоранд. Баъзе аз амалҳои некӣ кардан инҳо мебошанд:

  • Худоро ибодат кардан;

  • инкишоф додани хислатҳои ба Худо маъқул — хусусан муҳаббат;

  • рад кардани фикру хоҳишҳои бад;

  • ба душвориҳо нигоҳ накарда, ба Худо имонро нигоҳ доштан;

  • ба дигарон дар бораи Худо таълим додан.

Имони ҳақиқӣ касро ба корҳои нек бармеангезад

Чӣ тавр имони ҳақиқиро инкишоф додан мумкин аст?

Имон мисли мушаки бадан ба воситаи машқ мустаҳкам мегардад

Аз Худо мадад пурсед. Мусо–пайғамбар ба Худо чунин дуо гуфта буд: «Лутфан, роҳҳои Худро ба ман маълум намо, то ки Туро бишносам ва манзури назари Ту гардам» a. Худо Мусоро шунид ва ба дуои ӯ ҷавоб дод. Мусо яке аз намунаҳои барҷастатарини имон гашт. Худо ба шумо низ барои инкишоф додани имони ҳақиқӣ мадад мерасонад.

Барои омӯхтани Китоби Муқаддас вақт ҷудо кунед. Навиштаҳои илҳомбахшида, ки ба онҳо Таврот, Забур ва Инҷил дохил мешаванд, дар Китоби Муқаддас ҷой доранд. Ин китоб, китоби паҳншудатарини ҷаҳон буда, ба забонҳои аз ҳама зиёд тарҷума шудааст. Оё шумо нусхаи ин навиштаҳоро доред?

Маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро дар ҳаётатон истифода баред. Имон мисли мушаки бадан ба воситаи машқ мустаҳкам мегардад. Шумо аз таҷрибаи худ хоҳед дид, ки маслиҳатҳои Худо манфиатбахшанд. Дар ҳақиқат маслиҳатҳои амалии Каломи Худо ҳаёти одамони бешуморро тағйир доданд. Биёед баъзе намунаҳоро дида бароем.