ҚИСМИ 1
Оё Худо моро дӯст медорад?
ДУНЁИ имрӯза пур аз проблема аст. Миллионҳо одамон аз сабаби ҷанг, офатҳои табиӣ, беморӣ, қашшоқӣ, коррупсия ва дигар бадиҳо азоб мекашанд. Мумкин шумо низ ҳар рӯз бо душвориҳо дучор мешавед. Кӣ ба мо мадад расонда метавонад? Оё ягон кас нисбати мо парвое дорад?
Мо боварии комил дошта метавонем, ки Худо дар ҳақиқат моро дӯст медорад. Ӯ дар Каломи худ мегӯяд: «Оё зан бачаи ширмаки худро фаромӯш карда, ба писари батни худ раҳмаш намеояд? Ва инҳо фаромӯш кунанд ҳам, Ман туро фаромӯш нахоҳам кард» a.
Магар ин суханон тасаллибахш нестанд? Яке аз ҳиссиёти сахттарини инсонӣ, ин меҳри модар нисбати кӯдакаш мебошад. Вале муҳаббати Худо аз меҳри модар ҳам бузургтар аст! Худо моро ҳаргиз тарк намекунад. Ӯ аллакай бо як тарзи аҷоиб ба мо кӯмак кардааст. Бо кадом тарз? Ӯ ба мо калиди ҳаёти хушбахтона, яъне имони ҳақиқиро додааст.
Имони ҳақиқӣ доштан шуморо хушбахт мегардонад. Ба туфайли он шумо аз проблемаҳои зиёд канорагирӣ мекунед ё онҳоро бо муваффақият ҳал менамоед. Он шуморо ба Худо наздик месозад ва бароятон хотирҷамъӣ мебахшад. Ҳамчунин имони ҳақиқӣ касро сӯи ояндаи олиҷаноб мебарад, яъне сӯи ҳаёти абадӣ дар Биҳишти рӯи замин!
Вале имони ҳақиқӣ чист? Ва онро чӣ гуна инкишоф додан мумкин аст?
a Ба Китоби Муқаддас, Ишаъё 49:15 нигаред.