ҚИСМИ 5
Хислатҳои беҳамтои Худоро қадр кунед
ДАР Китоби Муқаддас оиди бисёр хислатҳои олиҷаноби Худо гуфта шудааст, ки ба воситаи онҳо мо бо Ӯ шинос шуда метавонем. Масалан, дар он оиди чор хислати асосии Худо — қувват, адолат, хирад ва муҳаббат — нақл карда мешавад. Биёед ҳар кадоми онҳоро дида бароем.
Қуввати беканори Худо
Яҳува ба Иброҳим–пайғамбар гуфта буд: «Ман Худои Қодирам» (Ҳастӣ 17:1). Қуввати Худо беҳамто, бепоён ва беинтиҳо аст. Ӯ ба воситаи қувваташ тамоми оламро офаридааст.
Худо ҳаргиз қувваташро нодуруст истифода намебарад. Ӯ ҳамеша онро идора мекунад ва мақсаднок истифода мебарад. Яҳува ҳангоми истифода бурдани қувваташ адолат, хирад ва муҳаббаташро низ зоҳир мекунад.
Худо қувваташро баҳри хизматгорони содиқаш саховатмандона истифода мебарад. «Чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд» (2 Вақоеънома 16:9). Магар шумо ба чунин Худои пурқудрат ва ҳамзамон ғамхор наздик шудан намехоҳед?
Адолати Худо
«Худованд... адолатро дӯст медорад» (Забур 10:7). Ӯ ҳамеша мувофиқи меъёрҳои комилаш, дуруст ва аз рӯи адолат амал менамояд.
Худо аз беадолатӣ нафрат дорад. Ӯ «рӯбинӣ намекунад ва ришва намегирад» (Такрори Шариат 10:17). Ӯ ба золимон муқобилат мекунад ва шахси заиф, «бевазан ва ятимро» муҳофизат мекунад (Хуруҷ 22:22). «Худо рӯйбинӣ надорад. Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст» (Аъмол 10:34, 35).
Адолати Яҳува комилан бамеъёр аст. Ӯ аз ҳад сустгир ё аз ҳад сахтгир нест. Ӯ гунаҳкоронеро, ки тавба намекунанд ҷазо медиҳад, аммо ба онҳое ки тавба мекунанд раҳмдилӣ зоҳир менамояд. «Худованд раҳим ва бахшанда аст, собир ва пур аз эҳсон. Ба сурати абадӣ мазаммат намекунад ва қаҳрашро то абад нигоҳ намедорад. Бо мо мувофиқи хатоҳоямон амал накардааст ва моро мувофиқи гуноҳҳоямон сазо надодааст» (Забур 102:8–10). Худо ҳамчунин рафтори содиқонаи хизматгорони бовафояшро дар хотир нигоҳ медорад ва онҳоро баракат медиҳад. Магар Худое, ки чунин адолатро зоҳир мекунад сазовори боварии шумо нест?
Хиради Худо
Яҳува Сарчашмаи тамоми хирад аст. «Худованди мо бузург аст ва пурқувват; Забур 146:5). Хиради Офаридгор беҳамто ва бепоён мебошад.
хиради Ӯ беҳадду беканор аст» (Хиради Худоро дар офаридаҳои ҷисмониаш равшан дидан мумкин аст. «Чӣ бисёр аст аъмоли Ту, эй Худованд!»,— хитоб карда буд забурнавис.— «Ҳамаро аз рӯи ҳикмат ба вуҷуд овардаӣ» (Забур 103:24).
Хиради Худоро боз дар Каломаш дидан мумкин аст. Дар Масалҳо 2:6 навишта шудааст: «Худованд ҳикмат мебахшад: дониш ва хирад аз даҳони Ӯст». Танҳо тасаввур кунед, ки шумо метавонед хиради беканори Худоро таълим гиред! Оё шумо аз ин имконият истифода мебаред?
«Худо муҳаббат аст»
Хислати асосии Худо муҳаббат аст. Дар Навиштаҳо гуфта мешавад: «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳанно 4:8). Ӯ ҳамаи корҳояшро аз рӯи муҳаббат мекунад.
Худо муҳаббаташро бо роҳҳои зиёд нишон медиҳад. Ӯ барои мо чизҳои хубро ато кардааст. «Бо некиҳояш аз вуҷуди Худ шаҳодат дода, ба мо аз осмон борон меборонад, фаслҳои Аъмол 14:17). Дар ҳақиқат, «ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад» (Яъқуб 1:17). Худо тавассути ҳадяи бебаҳояш, Навиштаҳои Муқаддас, ҳақиқатро дар бораи худ мекушояд ва ба мо қонуну принсипҳои меҳрубононаашро таълим медиҳад. Исо–пайғамбар дар дуояш чунин гуфта буд: «Каломи Ту ростист» (Юҳанно 17:17).
боровар мебахшад, ба мо ғизо медиҳад ва дилҳои моро аз шодмонӣ пур мекунад» (Худо инчунин дар душвориҳоямон ба мо ёрӣ медиҳад. «Бори дилатро ба Худованд парто ва Ӯ ба ту ғамхорӣ хоҳад кард. Ӯ ҳаргиз нахоҳад гузошт, ки одил фурӯ ғалтад» (Забур 54:23). Яҳува гуноҳҳоямонро мебахшад. «Ту, эй Худованд, некӯ ва омурзгор [бахшанда] ҳастӣ ва пур аз эҳсон ба ҳамаи онҳое ки Туро мехонанд» (Забур 85:5). Ва Ӯ ба мо ҳатто ҳаёти ҷовидонаро пешкаш мекунад. «Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд» (Ваҳй 21:4). Шумо дар ҷавоб ба муҳаббати Худо чӣ кор хоҳед кард? Оё дар ҷавоб Ӯро дӯст хоҳед дошт?
Ба Худо наздик шавед
Худо мехоҳад, ки шумо Ӯро хубтар шиносед. Каломи Ӯ шуморо бармеангезад: «Ба Худо наздик шавед ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқуб 4:8). Худо пайғамбари содиқаш Иброҳимро дӯсти худ номида буд (Ишаъё 41:8). Яҳува мехоҳад, ки шумо низ дӯсти Ӯ шавед.
Агар шумо дар бораи Худо бисёртар дониш гиред, он вақт ба Худо наздиктар мешавед ва боз ҳам хушбахт мегардед. «Хушо касе, ки... ба шариати Худованд шавқ дорад, ва рӯзу шаб Тавроти Ӯро меомӯзад» (Забур 1:1, 2). Барои ҳамин, омӯхтани Навиштаҳои Муқаддасро давом диҳед. Дар бораи хислатҳо ва корҳои Худо мулоҳиза ронед. Дониши гирифтаатонро ба кор бурда, муҳаббататонро ба Худо нишон диҳед. «Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 Юҳанно 5:3). Пас, мисли забурнавис чунин дуо гӯед: «Роҳҳои Худро, эй Худованд, ба ман маълум намо, тариқҳои Худро ба ман таълим деҳ. Ба ростии Худ маро ҳидоят намо» (Забур 24:4, 5). Он вақт шумо хоҳед дид, ки Худо «аз ҳеҷ яке аз мо дур нест» (Аъмол 17:27).