Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 4

Худо кист?

Худо кист?

ОДАМОН худоёни зиёдеро ибодат мекунанд. Вале Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки танҳо як Худои ҳақиқӣ вуҷуд дорад. Ӯ беҳамто, олӣ ва абадӣ аст. Ӯ ҳама чизеро ки дар осмону замин мебошад, офаридааст ва ба мо ҳаёт бахшидааст. Барои ҳамин танҳо Ӯ сазовори ибодати мо мебошад.

Дастнависи қадимаи назди Баҳри Майит, ки дар он номи Худо оварда шудааст

Худо унвонҳои зиёд дорад, вале танҳо як ном дорад. Номи Ӯ ЯҲУВА мебошад. Худо ба Мусо гуфта буд: «Ба банӣ–Исроил чунин бигӯ: Яҳува Худои падарони шумо, Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб, маро назди шумо фиристод. Ин аст номи Ман то абадулобод ва ин аст ёдгории ман наслан баъди насл» (Хуруҷ 3:15, Тарҷумаи форсӣ). Дар Китоби Муқаддас номи Яҳува тақрибан 7 000 маротиба вомехӯрад. Дар Китоби Муқаддаси тарҷумаи форсӣ, дар Забур 83:18 гуфта мешавад: «Бидонанд Ту ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ».

Қонун тавассути Мусо–пайғамбар чун «каломе ки ба василаи фариштагон гуфта шудааст», дода шуда буд

Ягон инсон ҳаргиз Худоро надидааст. Худо ба Мусо чунин гуфта буд: «Ту рӯи Маро наметавонӣ бубинӣ, зеро ки одамизод наметавонад Маро бубинад ва зинда монад» (Хуруҷ 33:20). Худо дар осмон зиндагӣ мекунад ва одам Ӯро дида наметавонад. Ба воситаи бут, расм ё рамз Ӯро ибодат кардан ва ба Ӯ дуо гуфтан нодуруст аст. Яҳува Худо ба воситаи Мусо–пайғамбар фармуда буд: «Санаме ва ҳар сурате аз он чи дар осмон аз болост ва аз он чи дар замин аз поён аст ва аз он чи дар об аз зери замин аст, барои худ насоз. Ба онҳо саҷда набар ва онҳоро ибодат накун; зеро ки Ман Худованд Худои ту ҳастам, Худои ғаюре ҳастам» (Хуруҷ 20:2–5). Дертар Худо ба воситаи Ишаъё–пайғамбар гуфт: «Ҷалоли Худро ба дигаре ва ҳамду санои Худро ба санамҳо нахоҳам дод» (Ишаъё 42:8).

Баъзе одамон ба Худо боварӣ доранд, вале дар борааш фикр мекунанд, ки Ӯро шинохтан ё ба Ӯ наздик шудан номумкин аст ва одам бояд аз Ӯ тарсад, на ин ки Ӯро дӯст дорад. Шумо чӣ фикр доред? Оё Худо шахсан шуморо дӯст медорад? Оё шумо метавонед дар ҳақиқат бо Ӯ шинос шавед ё ҳатто бо Ӯ муносибати наздик пайдо кунед? Биёед бубинем, ки Каломи Худо дар бораи хислатҳои Худо чӣ мегӯяд.