Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҚИСМИ 6

Худо нисбати замин чӣ мақсад дорад?

Худо нисбати замин чӣ мақсад дорад?

ХУДО заминро барои он офарид, ки барои одамон хонаи беҳтарин бошад. Дар Каломи Худо гуфта мешавад: «Осмон осмони Худованд аст, валекин заминро ба банӣ–одам додааст» (Забур 113:24).

Худо пеш аз офаридани инсони аввалин, Одам, як қисми хурди заминро интихоб карда, дар он ҷо боғи зебоеро рӯёнид ва он боғро Адан номид. Дар Навиштаҳо гуфта мешавад, ки дарёҳои Фурот ва Даҷла (Ҳиддақил) аз боғи Адан сарчашма мегирифтанд a. Чунин меҳисобанд, ки боғи Адан дар қисми шарқии Туркияи ҳозира ҷойгир буд. Бале, боғи Адан дар ҳақиқат дар рӯи замин вуҷуд дошт!

Худо Одамро офарида ӯро дар боғи Адан гузошт, «то ки кори онро бикунад ва онро нигаҳдорӣ намояд» (Ҳастӣ 2:15). Баъдтар Худо барои Одам занеро бо номи Ҳавво офарид. Ӯ ба онҳо амр фармуд: «Борвар ва афзун шавед ва заминро пур кунед ва онро тасарруф намоед» (Ҳастӣ 1:28). Аён мешавад, ки Худо «онро [заминро] на аз барои он офаридааст, ки бодияе бошад, балки аз барои он ба вуҷуд овардааст, ки маскун бошад» (Ишаъё 45:18).

Вале Одаму Ҳавво дидаву дониста қонуни Худоро вайрон карда, зидди Худо баромаданд. Барои ҳамин, Худо онҳоро аз боғи Адан ронд. Биҳишт аз даст дода шуд. Ва гуноҳи Одам дигар оқибатҳои фалокатоварро овард. Навиштаҳо ба мо мегӯянд: «Ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд» (Румиён 5:12).

Оё Худо мақсади аввалаашро фаромӯш кард, яъне ба биҳишт табдил додани замин ва дар он хушбахтона зиндагӣ кардани одамон? Албатта не! Худо мегӯяд: «Каломе ки аз даҳони Ман мебарояд... вай сӯи Ман бенатиҷа нахоҳад баргашт, балки он чиро, ки Ман хостаам, ба ҷо хоҳад овард ва ба иҷрои он чи, ки барояш варо фиристодаам, муваффақ хоҳад шуд» (Ишаъё 55:11). Биҳишт дар рӯи замин барқарор карда хоҳад шуд!

Ҳаёт дар Биҳишт чӣ гуна хоҳад буд? Биёед, ваъдаҳои дар Навиштаҳо омадаро дар ду саҳифаи оянда дида бароем.

a Дар Ҳастӣ 2:10–14 гуфта мешавад: «Наҳре [дарё] аз Адан берун меомад, то ки боғро сероб кунад; ва аз он ҷо ба чор шохоб тақсим мешуд. Номи яке Фишӯн аст... ...ва номи наҳри дуюм Ҷайҳун аст... ва номи наҳри сеюм Ҳиддақил аст, ки ба тарафи шарқии Ашшур ҷорист. Ва наҳри чорум Фурот аст». Дар бораи ду дарёи аввал ва ҷойгиршавии онҳо маълумот вуҷуд надорад.