Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?

Шоҳидони Яҳува дар саросари дунё вомехӯранд ва аз миллатҳову маданиятҳои гуногун мебошанд. Чӣ ин одамонро ба ҳам муттаҳид месозад?

Иродаи Худо чист?

Худо мехоҳад, ки иродааш дар тамоми замин маълум гардад. Иродаи Худо дар чист ва кӣ имрӯз дар бораи он ба дигарон таълим медиҳад?

ДАРСИ 1

Шоҳидони Яҳува чӣ гуна шахсонанд?

Чанд нафар Шоҳидони Яҳуваро шумо мешиносед? Шумо дар асл оиди мо чӣ медонед?

ДАРСИ 2

Барои чӣ мо Шоҳидони Яҳува ном дорем?

Се сабаби онро, ки чаро мо номи Шоҳидони Яҳуваро гирифтем, дида бароед.

ДАРСИ 3

Чӣ тавр ҳақиқати Китоби Муқаддас аз нав ошкор гашт?

Чӣ тавр мо боварӣ дошта метавонем, ки таълимоти Китоби Муқаддасро дуруст мефаҳмем?

ДАРСИ 4

Чаро мо «Тарҷумаи дунёи нав»-ро нашр кардем?

Аз кадом ҷиҳат тарҷумаи Каломи Худо беҳамто аст?

ДАРСИ 5

Аз вохӯриҳои мо шумо чӣ манфиат мегиред?

Мо ҷамъ меоем, то Худоро ибодат кунем, Навиштаҳоро омӯзем ва якдигарро рӯҳбаланд намоем. Аз ташрифи шумо ҳама хурсанд хоҳанд буд.

ДАРСИ 6

Муошират бо ҳамимонон ба мо чӣ манфиат меорад?

Каломи Худо масеҳиёнро бармеангезад, ки бо якдигар муносибати наздик дошта бошанд. Бифаҳмед, ки чӣ тавр шумо аз ин намуди муошират манфиат гирифта метавонед.

ДАРСИ 7

Вохӯриҳои мо чӣ тавр мегузаранд?

Оё шумо дар бораи чӣ тавр гузаштани вохӯриҳои мо мулоҳиза ронда будед? Аз он ҷо шумо дар асоси Китоби Муқаддас таълим мегиред, ки ин бешубҳа бароятон таъсирбахш хоҳад буд.

ДАРСИ 8

Чаро мо дар вохӯриҳоямон шоиста либос мепӯшем?

Оё сару либоси мо ба Худо аҳамияте дорад? Бифаҳмед, ки дар интихоби либос ва оро додани намуди зоҳирӣ мо аз рӯи кадом принсипҳои Китоби Муқаддас амал мекунем.

ДАРСИ 9

Чӣ гуна мо ба вохӯриҳо ба таври беҳтарин тайёрӣ дида метавонем?

Тайёрии пешакӣ ба вохӯриҳо ба шумо кӯмак мерасонад, ки аз онҳо манфиати бештар гиред.

ДАРСИ 10

Ибодати оилавӣ чист?

Бифаҳмед, ки чӣ тавр ин дигаргунӣ барои бо Худо хубтар шинос шудан ва мустаҳкам кардани муносибатҳои оилавӣ кӯмак карда метавонад.

ДАРСИ 11

Барои чӣ мо ба анҷуманҳо меравем?

Ҳар сол мо дар се маъракаи махсус якҷоя ҷамъ мешавем. Чӣ тавр шумо аз ин ҷамъомадҳои калон манфиат гирифта метавонед?

ДАРСИ 12

Кори мавъизаи мо чӣ гуна иҷро карда мешавад?

Мо ба он намунае, ки Исо ҳангоми дар замин буданаш нишон дод, пайравӣ мекунем. Баъзе аз тарзҳои мавъизакунӣ кадоманд?

ДАРСИ 13

Пешравон киҳоянд?

Баъзе Шоҳидон дар як моҳ 30, 50 ё вақти аз ин зиёдро барои кори мавъиза сарф мекунанд. Чӣ онҳоро бармеангезад?

ДАРСИ 14

Барои пешравон чӣ гуна мактабҳо пешбинӣ шудаанд?

Барои онҳое, ки дар кори мавъиза пурравақт иштирок мекунанд, кадом таълимоти махсус пешбинӣ шудааст?

ДАРСИ 15

Чӣ тавр пирон ба ҷамъомад хизмат мекунанд?

Пирон мардони рӯҳан баркамоланд, ки дар ҷамъомад роҳбариро ба ӯҳда мегиранд. Чӣ гуна кӯмакро онҳо пешкаш мекунанд?

ДАРСИ 16

Хизматгузорони ҷамъомад кадом нақшро иҷро мекунанд?

Хизматгузорони ҷамъомад барои бомуваффақият амал кардани ҷамъомад ёрӣ медиҳанд. Бифаҳмед, ки чӣ тавр кори онҳо ба ҳамаи ташрифоварандагон манфиат меорад.

ДАРСИ 17

Чӣ тавр нозирони ноҳиявӣ ба мо кӯмак мерасонанд?

Барои чӣ нозирони ноҳиявӣ ба ҷамъомадҳо ташриф меоранд? Чӣ тавр шумо аз ташрифи онҳо манфиат гирифта метавонед?

ДАРСИ 18

Чӣ тавр мо дар мусибатҳо ба бародаронамон ёрӣ медиҳем?

Дар вақти рӯй додани офатҳо мо ба зудӣ амал карда, ба бародарони осебдидаи худ ҳам аз чиҳати рӯҳонӣ ва ҳам амалӣ ёрӣ мерасонем. Чӣ тавр?

ДАРСИ 19

Ғуломи бовариноку боандеша кист?

Исо ваъда дод, ки ӯ ғуломеро барои сари вақт пешкаш намудани ғизои рӯҳонӣ таъин мекунад. Чӣ тавр?

ДАРСИ 20

Ҳайати роҳбарикунанда имрӯз чӣ тавр амал мекунад?

Дар асри як гурӯҳи хурди пирон ва расулон чун ҳайати роҳбарикунанда барои ҷамъомадҳои масеҳӣ хизмат мекарданд. Имрӯз-чӣ?

ДАРСИ 21

Байт-Ил чист?

Байт-Ил ҷои беҳамтоест, ки барои мақсади муҳим хизмат мекунад. Дар бораи онҳое, ки дар он ҷо хизмат мекунанд, бештар бифаҳмед.

ДАРСИ 22

Филиалҳои мо кадом корҳоро иҷро мекунанд?

Шахсони хоҳишманд ба ягон филиалҳои мо ба экскурсия омада метавонанд. Мо шуморо таклиф менамоем!

ДАРСИ 23

Адабиётҳои мо чӣ тавр навишта ва тарҷума карда мешаванд?

Мо ба зиёда аз 700 забон адабиёт нашр мекунем. Чаро мо чунин кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем?

ДАРСИ 24

Кори умумиҷаҳонии мо аз кадом ҳисоб амалӣ мегардад?

Дар масъалаи пулӣ ташкилоти мо аз дигар динҳо чӣ фарқ дорад?

ДАРСИ 25

Ибодатгоҳҳои Шоҳидони Яҳува — барои чӣ ва чӣ тавр сохта мешаванд?

Чаро ҷойҳои ибодати мо ибодатгоҳ номида шудаанд? Бисёртар фаҳмед, ки чӣ тавр ин биноҳои оддӣ ба ҷамъомадҳои мо кӯмак мерасонанд.

ДАРСИ 26

Чӣ тавр мо ибодатгоҳҳоро нигоҳубин мекунем?

Ибодатгоҳҳои тоза ва хуб нигоҳубиншуда Худои моро ҷалол медиҳад. Барои тоза нигоҳ доштани ибодатгоҳҳои маҳаллӣ кадом корҳо ташкил карда мешаванд?

ДАРСИ 27

Аз китобхонаи ибодатгоҳ чӣ гуна манфиат гирифтан мумкин аст?

Оё шумо мехостед, ки барои васеътар кардани донишатон оиди Китоби Муқаддас, тадқиқот гузаронед? Ба китобхонаи ибодатгоҳ ташриф оред.

ДАРСИ 28

Аз вебсайти мо чиро ёфтан мумкин аст?

Шумо метавонед дар бораи фаъолият ва эътиқоди мо маълумоти бештар гиред ва ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед.

Оё шахсан шумо иродаи Яҳуваро иҷро мекунед?

Яҳува Худо дар ҳақиқат шуморо дӯст медорад. Чӣ тавр шумо хоҳиши ба Худо писанд омаданро дар ҳаёти ҳаррӯзаатон нишон дода метавонед?