ДАРСИ 5
Аз вохӯриҳои мо шумо чӣ манфиат мегиред?
Бисёр одамон ба вохӯриҳои динӣ рафтанро бас мекунанд, чунки аз онҳо ба саволҳои муҳимтарини ҳаёт ҷавоб намеёбанд ва тасаллӣ намегиранд. Пас, оё ба вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува рафтан даркор аст? Аз он ҷо шумо чӣ манфиат мегиред?
Дар байни одамони меҳрубону ғамхор шумо хурсандӣ меёбед. Дар асри як масеҳиён ҷамъомадҳоро ташкил медоданд ва мунтазам бо ҳам вомехӯрданд. Дар ин вохӯриҳо онҳо ба Худо ибодат мекарданд, Навиштаҳоро меомӯхтанд ва якдигарро рӯҳбаланд менамуданд (Ибриён 10:24, 25). Дар фазои пурмуҳаббати ҷамъомад онҳо худро дар байни дӯстони ҳақиқӣ — бародарону хоҳарони ҳамимон ҳис мекарданд (2 Таслӯникиён 1:3; 3 Юҳанно 14). Мо низ ба намунаи онҳо пайравӣ карда ҳамон хурсандиро ҳис мекунем.
Ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддасро ёд мегиред. Аз Китоби Муқаддас мо мефаҳмем, ки дар замонҳои қадим, барои ибодати Худо мардон, занон ва кӯдакон якҷоя ҷамъ меомаданд. Имрӯз низ мо ҳамин тавр ҷамъ мешавем. Он ҷо мардони бомаҳорат аз Китоби Муқаддас ба мо мефаҳмонанд, ки принсипҳои онро дар ҳаёти ҳаррӯзаамон чӣ тавр ба кор барем (Такрори Шариат 31:12; Наҳемё 8:8). Дар муҳокима ва сурудхонӣ ҳама иштирок карда метавонанд. Ин имконият медиҳад, ки мо Худоро ҷалол диҳем ва ба Ӯ ҳамду сано гӯем (Забур 34:18).
Имони худро ба Худо мустаҳкам мекунед. Павлуси ҳавворӣ ба яке аз ҷамъомадҳои рӯзҳои худ гуфт: «Хеле орзуманди дидани шумо мебошам, то... бо якҷоягии шумо аз имони умумиамон, аз имони шумо ва худам, тасаллӣ ёбам» (Румиён 1:11, 12). Мо дар вохӯриҳо мунтазам бо ҳамимонон муошират мекунем. Ин имони моро мустаҳкам мекунад ва хоҳиши бо принсипҳои Худо зиндагӣ карданро дар мо қавӣ мегардонад.
Оё шумо мехостед, ки ба вохӯрии навбатии мо биёед ва ин чизҳоро дар худ эҳсос кунед? Аз ташрифи шумо ҳама хурсанд хоҳанд буд. Иштирок дар ҳамаи вохӯриҳо бепул аст ва ҳеҷ гуна пулҷамъкунӣ дида намешавад.
-
Дар гузаронидани вохӯриҳоямон мо ба кӣ пайравӣ мекунем?
-
Ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад ба мо чӣ фоида меорад?