ДАРСИ 10
Исо ҳама вақт гапгир буд
Оё ба ту ҳама вақт гапи дадаю очаатро гӯш кардан осон аст? ~ Ин ҳама вақт осон нест. Ту медонӣ, ки Исо гапи киро гӯш мекард? ~ Вай ҳам ба гапи Яҳува ва ҳам ба гапи дадаю очааш гӯш мекард. Мисоли Исо ба ту ёрдам мекунад, ки ҳатто агар қин бошад ҳам, ба гапи очаю дадаат гӯш кунӣ. Биё, дар бораи ин бисёртар мефаҳмем.
Исо пеш аз ба замин омаданаш, бо Падараш Яҳува дар осмон зиндагӣ мекард. Лекин ғайр аз Яҳува, Исо дар замин ҳам дадаю оча дошт. Номи онҳо Юсуф ва Марям буд. Ту медонӣ, ки чӣ хел онҳо дадаю очаи Исо шуданд? ~
Яҳува ҳамин хел кори аҷоибе кард, ки Исо дар шиками Марям ранги дигар кӯдакон, калон шуда тонад. Ва баъди нӯҳ моҳ, Исо дар замин таваллуд шуд. Ана ҳамин хел Марям ва шӯи ӯ Юсуф, дадаю очаи Исо шуданд.
Исо дар 12-солагиаш, як коре кард, ки сахт нағз дидани Падараш Яҳуваро нишон медод. Ин воқеа он вақте рӯй дод, ки Исо бо аҳли оилааш роҳи дуру дарозро гузашта ба Ерусалим, барои ба Яҳува хизмат кардан, рафтанд. Вақте ки онҳо гашта ба хонаашон меомаданд, Юсуф ва Марям Исоро гум карданд. Ба фикри ту Исо дар куҷо буд? ~
Чаро Исо дар маъбад буд?
Юсуф ва Марям барои ёфтани Исо, гашта ба Ерусалим рафтанд. Онҳо сахт зиқ буданд, барои он ки Исоро дар ҳама ҷо мекофтанд, вале намеёфтанд. Лекин баъди се рӯз ӯро дар маъбад, яъне дар хонаи Худо ёфтанд. Ту чӣ фикр мекунӣ, барои чӣ Исо дар он ҷо буд? ~ Барои он ки ӯ дар он ҷо, дар бораи Падараш Яҳува ёд гирифта метонист. Ӯ Яҳуваро сахт нағз медид ва мехост ёд гирад, ки чӣ хел дили Ӯро хурсанд кунад. Баъди калон шуданаш ҳам, Исо ҳама вақт гапи Яҳуваро гӯш мекард. Ӯ ҳатто агар ин барояш қин бошаду азоб кашидан даркор шавад ҳам, гапгир буд. Ба фикрат Исо, дадаю очаашро гӯш мекард? ~ Албатта, дар бораи ин Китоби Муқаддас мегӯяд.
Ту аз мисоли Исо чӣ ёд мегирӣ? ~ Ту ба очаю дадаат ҳатто қин бошад ҳам, бояд гӯш кунӣ. Оё ту ҳамин хел мекунӣ? ~