ҚИСМИ 9
Исроилиён барои худ подшоҳ металабанд
Подшоҳи аввалини Исроил, Шоул ба Яҳува беитоатӣ зоҳир мекунад. Ба ҷои ӯ Довуд подшоҳ мешавад. Худо бо Довуд оиди салтанати абадӣ аҳд мебандад
БАЪД аз Шимшӯн, Самуил дар Исроил чун довар ва пайғамбар хизмат мекунад. Исроилиён боқатъият аз ӯ талаб мекарданд, ки мисли дигар халқҳо подшоҳ доштан мехоҳанд. Гарчанд ин нисбати Яҳува нишонаи беҳурматӣ буд, Ӯ ба ин нигоҳ накарда ба Самуил фармуд, ки хоҳиши онҳоро иҷро кунад. Худо шахси фурӯтанро, ки Шоул ном дошт, подшоҳ интихоб кард. Лекин пас аз чанд вақт Шоул одами ҳавобаланд ва беитоат гардид. Яҳува ӯро рад карда, ба Самуил фармон дод, ки ба ҷои Шоул ҷавонеро бо номи Довуд ба подшоҳӣ таъин кунад. Аммо пеш аз он ки Довуд ба тахти подшоҳӣ нишинад, солҳои зиёде гузаштанд.
Рӯзе Довуд дар ҷавониаш бародарони худро, ки дар сафи лашкари Шоул хизмат мекарданд, хабаргирӣ рафт. Тамоми лашкар аз як ҷанговари душман, бузургҷуссаи фалиштӣ — Ҷолёт, ки исроилиён ва Худояшонро масхара мекард, ба ҳарос омада буданд. Довуди бақаҳромада даъвати ба ҷанг баромадани бузургҷуссаро қабул кард. Довуди ҷавон барои бо бузургҷуссаи семетра ҷангидан, бо худ танҳо фалахмон ва якчанд санг гирифт. Ҷолёт Довудро масхара мекард. Довуд бошад дар ҷавоб гуфт, ки ӯ назар ба бузургҷусса яроқи беҳтаре дорад, зеро ӯ бо исми Худо Яҳува меҷангад! Довуд бар Ҷолёт танҳо бо як санг ғолиб омад, сипас бо шамшери худи бузургҷусса сари ӯро аз танаш ҷудо кард. Лашкари фалиштӣ аз тарс гурехт.
Дар аввал Шоул аз далерии Довуд ба ваҷд омада, ӯро бар лашкари худ таъин кард. Лекин баъдтар ӯ ба ғалабаҳои Довуд ҳасад мебурдагӣ шуд. Довуд маҷбур шуд, ки барои наҷот додани ҳаёти худ гурезад ва чун гуреза чанд сол зиндагӣ кунад. Ба ин нигоҳ накарда, Довуд ба шоҳе, ки ӯро куштан мехост содиқ монд, чунки медонист, ки Яҳува Худо Шоулро подшоҳ таъин карда аст. Оқибат Шоул дар ҷанг ҳалок гашт. Баъд аз якчанд вақт, чуноне ки Яҳува ваъда дода буд, Довуд подшоҳ шуд.
«Ман тахти салтанати варо то абад пойдор хоҳам гардонид» (2 Подшоҳон 7:13)
Шоҳ Довуд сахт мехост, ки ба Яҳува маъбад созад. Аммо Худо ба Довуд гуфт, ки маъбадро на худи Довуд, балки насли ӯ хоҳад сохт. Ин насл писари Довуд, Сулаймон буд. Худо Довудро баракат дода, бо ӯ чунин аҳд баст: ӯ асосгузори хонадони подшоҳӣ мегардад, ки аз он Наҷотдиҳанда ё Насли дар Адан ваъдашуда ба вуҷуд меояд. Ин фиристодаи Худо Масеҳ мешавад, ки маънои «Тадҳиншуда»-ро дорад. Яҳува пешгӯӣ кард, ки ин Масеҳ бар ҳокимият ё Салтанате, ки то абад пойдор хоҳад буд, роҳбарӣ мекунад.
Довуд ба Яҳува хеле миннатдор буд ва аз ин рӯ барои сохтмони маъбад ҳаҷми зиёди масолеҳи сохтмонӣ ва металлҳои қиматбаҳоро ҷамъ кард. Ӯ инчунин таронаҳои илҳомбахшидаи зиёд навишт. Дар охири ҳаёташ Довуд чунин гуфт: «Рӯҳи Худо дар ман сухан ронд ва каломи Ӯ бар забони ман аст» (2 Подшоҳон 23:2).
Бар 1 Подшоҳон, 2 Подшоҳон, 1 Вақоеънома, Ишаъё 9:7, Матто 21:9, Луқо 1:32 ва Юҳанно 7:42 асос ёфтааст.