ҚИСМИ 16
Омадани Масеҳ
Яҳува нишон медиҳад, ки Исои носирӣ — Масеҳи ваъдашуда мебошад
ЧӢ ТАВР Яҳува ба одамон барои шинохтани Масеҳи ваъдашуда кӯмак расонд? Биёед бубинем, ки баъд аз чорсад сол, пас аз он ки Навиштаҳои Ибронӣ ба охир расиданд, чӣ ҳодиса ба амал омад. Ба назди Марям ном духтар, ки дар шаҳри Носира, шимоли Ҷалил зиндагӣ мекард, меҳмони ғайриоддие омад. Ба назди Марям фаришта Ҷаброил даромада, гуфт, ки бар вай рӯҳулқудс ё қувваи ҳаракатдиҳандаи Худо нозил хоҳад шуд ва гарчанд ӯ бо ягон марде наздикӣ надошт, вай писаре таваллуд хоҳад кард. Ва писари ӯ Подшоҳи ваъдашуда мегардад ва ҷовидона подшоҳӣ хоҳад кард. Худо ҳаёти Писарашро аз осмон ба батни Марям мегузаронад.
Марям ин супориши муҳимро итоаткорона қабул кард. Худо ба назди номзади Марям, Юсуф, ки дуредгар буд, фариштаро фиристод, то ба вай сабаби ҳомиладории Марямро фаҳмонад. Баъд аз ин онҳо хонадор шуданд. Аммо пешгӯӣ оиди он ки Масеҳ дар Байт–Лаҳм таваллуд мешавад чӣ тавр иҷро шуд? (Мико 5:2). Охир ин шаҳри хурде буд, ки дар масофаи 140 км дур аз Носира қарор дошт!
Ҳокими Рум фармон дод, ки барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронда шавад. Одамон дар шаҳре, ки таваллуд шуда буданд, бояд ба қайд гирифта мешуданд. Юсуф ва Марями ҳомиладор ба зодгоҳашон, ки Байт–Лаҳм буд рафтанд (Луқо 2:3). Марям дар оғил таваллуд кард ва кӯдакро дар даруни охури ҳайвонҳо гузошт. Худо фариштагони зиёдро ба назди чӯпонон, ки дар саҳро буданд фиристод то ба онҳо хабар расонанд, ки кӯдаки таваллудшуда — ин Масеҳи ваъдашуда мебошад.
Дертар боз далелҳои дигар исбот карданд, ки Исо — Масеҳи ваъдашуда мебошад. Ишаъё–пайғамбар пешгӯӣ карда буд, ки шахсе пайдо мешавад, ки барои Масеҳ роҳ тайёр мекунад (Ишаъё 40:3). Ин шахс Яҳёи Таъмиддиҳанда буд. Вақте ки Яҳё Исоро дид, чунин нидо кард: «Инак, Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад». Баъзе шогирдон ҳамон замон Исоро пайравӣ карданд. Яке аз онҳо чунин гуфт: «Мо Масеҳро... ёфтем» (Юҳанно 1:29, 36, 41).
Худи Яҳува боз як шаҳодати дигареро дод. Вақте ки Яҳё Исоро таъмид дод, аз осмон овози Яҳува шунида шуд. Бо рӯҳулқудс Исоро тадҳин намуда, Худо ӯро Масеҳ таъин намуд ва чунин гуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст» (Матто 3:16, 17). Ниҳоят Масеҳи ваъдашуда зоҳир шуд!
Ин кай рӯй дод? Соли 29-и эраи мо — маҳз дар ин вақт 483 сол, ки Дониёл пешгӯӣ карда буд, пур шуд. Ин яке аз далелҳои боварибахшест, ки дар ҳақиқат Масеҳ будани Исоро маълум мекунад. Вақте ки Исо дар замин буд, ӯ дар бораи чӣ мавъиза мекард?
Бар Матто аз боби 1 то 3, Марқӯс боби 1, Луқо боби 2, Юҳанно боби 1 асос ёфтааст.