Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ЗАМИМА

Мастурбатсия. Чӣ гуна бар ин одат ғолиб бароем?

Мастурбатсия. Чӣ гуна бар ин одат ғолиб бароем?

Мастурбатсия одатест, ки ба Худо мақбул набуда, дар одам худбиниро инкишоф медиҳад ва фикррониашро вайрон мекунад *. Ғайр аз ин, мастурбатсия дар шахс майлеро инкишоф медиҳад, ки ӯ ба дигарон барои алоқаи ҷинсӣ кардан нигоҳ мекунад — яъне мавод барои қонеъ гардондани хоҳишҳои шаҳвонии худ. Алоқаи ҷинсӣ барои ӯ на барои изҳори муҳаббат, балки барои ҳаловати яклаҳзаина ва қонеъ гардондани хоҳиши шаҳвониаш мегардад. Ин гуна ҳиссиёт танҳо муваққатӣ аст. Дар асл мастурбатсия андоми заминӣ, «зино, нопокӣ, ҳирс»-ро намекушад, вале баръакс онҳоро бедор мекунад (Қӯлассиён 3:5).

Павлуси расул чунин навишт: «Маҳбубонам... худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем» (2 Қӯринтиён 7:1). Агар аз рӯи ин гуфтаҳо амал кардан бароятон душвор бошад, рӯҳафтода нашавед. Яҳува ҳама вақт барои бахшидан ва кӯмак расондан, тайёр аст (Забур 85:5; Луқо 11:9–13). Шояд нигоҳ накарда ба он ки баъзан ин одат такрор мешавад, лекин дилатон шуморо танқид мекунад ва шумо барои бар ин одат ғолиб баромадан кӯшиш мекунед,— ин аз нияти хуби шумо шаҳодат медиҳад. Инчунин дар хотир нигоҳ доред, ки «Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад» (1 Юҳанно 3:20). Ӯ на танҳо гуноҳҳоямон, балки чӣ гуна инсон будани моро мебинад. Ӯ ки дар бораи мо ҳама чизро медонад, дилсӯзона дуоҳои самимии моро, ки оиди раҳмдилӣ мепурсем, гӯш мекунад. Барои ҳамин, мисли кӯдаке ки ҳангоми бо ягон душворӣ дучор шуданаш, ба назди падараш давида меравад, шумо низ ҳамеша ба Худо бо фурӯтанӣ ва самимона дуо гуфтанро давом диҳед. Яҳува ба шумо виҷдони пок дода, шуморо баракат медиҳад (Забур 50:3–14, 19; Ишаъё 1:18). Албатта, шумо бояд мувофиқи дуои худ амал кунед. Масалан шумо бояд аз ҳар намуди порнография ва муоширати бад канорагирӣ намоед *.

Агар шумо бар одати мастурбатсия ғолиб баромада натавонед, илтимос, дар бораи ин ба яке аз волидони масеҳӣ ё бо дӯсти рӯҳан баркамолу ғамхор гуфтугӯ кунед (Масалҳо 1:8, 9; 1 Таслӯникиён 5:14; Титус 2:3–5) *.

^ сарх. 3 Мастурбатсия — ин одати навозиш намудани узвҳои ҷинсӣ, ки барои қонеъ гардондани эҳсосоти ҷинсӣ мебошад.

^ сарх. 4 Дар бисёр оилаҳо компютерро дар ҷои намоён мегузоранд, то ки чӣ тавр истифода бурдани он ба дигарон маълум бошад. Ғайр аз ин, баъзеҳо барномаҳои компютерие мехаранд, ки маводҳои номатлубро тоза мекунад. Ба ҳар ҳол, ягон барномае нест, ки ба пуррагӣ муҳофизат карда тавонад.

^ сарх. 5 Барои чӣ тавр бар одати мастурбатсия ғолиб баромадан, маслиҳатҳои амалиро метавонед аз маҷаллаи «Бедор шавед!» (рус.), аз ноябри с. 2006, дар мақолаи «Чӣ тавр бар ин одат ғолиб бароям?», аз рубрикаи «Саволҳои ҷавонон» ва аз китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» қисми 1, саҳифаҳои 178–182 ёбед.