Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 14

Дар ҳама чиз ҳалолкору ростқавл бошед

Дар ҳама чиз ҳалолкору ростқавл бошед

«Дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем» (ИБРИЁН 13:18).

1, 2. Чаро вақте ки мо барои ҳалолкору ростқавл будан кӯшиш мекунем, Яҳува хурсанд мешавад? Мисол оред.

МОДАР бо ҳамроҳи писарчааш аз мағоза мебарояд. Банохост писарча дар ҷояш истода, бо ҳаяҷон мебинад, ки бозичаеро аз мағоза надониста гирифтааст. Писарча фаромӯш кардааст, ки бозичаро ба ҷояш гузорад ё аз модараш хоҳиш кунад, ки онро барояш харад. Ӯ зиқ шуда, гиряро сар мекунад. Модар писарчаашро ором мекунад ва ба мағоза мебарад, то ки ӯ бозичаро баргардонда, бахшиш пурсад. Вақте ки писараш чунин мекунад, модар хеле хурсанд мегардад ва бо ӯ фахр мекунад. Чаро?

2 Волидон аз дидани он ки фарзандонашон ҳалолкориву ростқавлиро меомӯзанд, хеле хурсанд мешаванд. Дар бораи Падари осмониамон низ, ки «Худои ростӣ» мебошад, чунин гуфта метавонем (Забур 30:6). Вақте ки Ӯ инкишофи рӯҳонии моро мебинад ва аз он ки мо барои ҳалолкору ростқавл будан кӯшиш мекунем, хурсанд мегардад. Азбаски мо мехоҳем, ки дили Яҳуваро шод гардонем ва дар муҳаббати Ӯ худро нигоҳ дорем, мо бо гуфтаҳои зерини Павлуси расул розием: «Дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем» (Ибриён 13:18). Биёед чор ҷиҳатҳои асосии ҳаётро, ки баъзан дар онҳо ҳалолкориву ростқавлӣ зоҳир намудан душвор аст, дида мебароем. Сипас баракатҳоеро, ки ҳалолкориву ростқавлӣ меоранд, муҳокима мекунем.

РОСТҚАВЛӢ НИСБАТИ ХУД

3–5. а) Чӣ гуна Каломи Худо моро огоҳ мекунад, ки то чӣ андоза худфиребдиҳӣ хатарнок аст? б) Барои бо худ ростқавлу ҳалолкор будан, ба мо чӣ кӯмак мерасонад?

3 Нисбати худ ростқавл будан осон нест. Ба мо, одамони нокомил худфиребдиҳӣ табиист. Масалан, Исо ба масеҳиёни Лудкия гуфта буд, ки онҳо худро фиреб медиҳанд ва фикр мекунанд, ки сарватманданд, вале дар асл аз ҷиҳати рӯҳонӣ «мискин ва нобино ва бараҳна» мебошанд, ки — ин ҳақиқатан ҳолати раҳмовар аст (Ваҳй 3:17). Чунин худфиребдиҳӣ вазъияти онҳоро бадтар мегардонд.

4 Ғайр аз ин, мо метавонем огоҳии Яъқубро ба хотир орем: «Агар касе аз шумо гумон кунад, ки диндор аст ва ҷилави забони худро накашад, балки дили худро фирефта намояд,— диндории вай бефоида аст» (Яъқуб 1:26). Агар мо фикр мекардем, ки ҷилави забони худро накашида, ба Худо бо виҷдони пок хизмат кардан мумкин аст, он вақт танҳо худро фиреб медодем ва хизматамон ба Яҳува ҳеҷу пуч ва бефоида мебуд. Чӣ ба мо кӯмак карда метавонад, ки аз ин оқибати ғамангез дурӣ ҷӯем?

5 Дар худи ҳамон порча Яъқуб ҳақиқати Каломи Худоро бо оина монанд мекунад. Ӯ моро бармеангезад, ки ба шариати комили Худо нигоҳ карда, дигаргуниҳои лозимаро ба амал оварем. (Яъқуб 1:23–25-ро хонед.) Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки нисбати худ ростқавл бошем ва муайян созем, ки аз кадом ҷиҳат мо бояд беҳтар гардем (Навҳаҳои Ирмиё 3:40; Ҳаҷҷай 1:5). Мо метавонем дар дуо аз Яҳува пурсем, ки моро санҷад, то ки камбудиҳои ҷиддии худро муайян кунем ва онро ислоҳ намоем (Забур 138:23, 24). Бевиҷдонӣ — ин сустии макромез аст ва ба мо лозим аст, ки ба он мисли Падари осмониамон муносибат кунем. Дар Масалҳо 3:32 гуфта мешавад: «Каҷкор назди Худованд зишт аст, аммо бо росткорон Ӯ маҳрами асрор аст». Яҳува ба мо кӯмак мерасонад, ки ҳиссиёти Ӯро ҳис кунем ва ба худ бо нигоҳи Ӯ назар кунем. Гуфтаҳои Павлусро дар хотир доред: «Мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем». Мо ҳоло комилиятро ба даст оварда наметавонем, лекин мо аз таҳти дил кӯшиш мекунем, ки ҳалолкору ростқавл бошем.

РОСТҚАВЛӢ ДАР ОИЛА

Ростқавлӣ моро аз ҳар корҳое, ки пинҳон кардан мехостем, боз медорад

6. Чаро ҳамсарон бояд бо якдигар ростқавл бошанд ва бо ин онҳо аз кадом хатар эмин хоҳанд буд?

6 Ростқавлӣ бояд аломати фарқкунандаи оилаи масеҳӣ бошад. Барои ҳамин, зану шавҳар бояд бо якдигар ростқавлу ошкоро бошанд. Дар издивоҷи масеҳӣ барои чунин корҳои нопоку зиёнрасон ҷой нест: ишқбозӣ бо шахсе, ки дар издивоҷ нестед ё муоширати пинҳонӣ бо ягон кас тавассути Интернет ва порнография бо ҳар намудҳояш. Баъзе масеҳиёне, ки дар издивоҷ мебошанд, аз ҳамсарашон пинҳонӣ ба ин кор даст заданд. Ин бевиҷдонист. Ба суханони шоҳи содиқ Довуд, диққат диҳед: «Бо мардуми каҷрафтор нанишастаам ва бо риёкорон нахоҳам рафт» (Забур 25:4). Агар шумо ҳамсар дошта бошед, ҳеҷ гоҳ ба коре даст назанед, ки шуморо барои пинҳон кардани он аз ҳамсаратон барангезад!

7, 8. Кадом мисолҳои Китоби Муқаддас ба фарзандон кӯмак мекунанд, ки ростқавлиро омӯзанд?

7 Волидон хирадмандона рафтор мекунанд, агар дар асоси намунаҳои Китоби Муқаддас ба фарзандонашон муҳим будани ростқавлиро нишон диҳанд. Волидон метавонанд мисолҳое, ки дар он бевиҷдонӣ дида мешавад, биёранд. Масалан, Охон, ки дуздӣ кард ва чизҳои дуздидаашро пинҳон карданӣ буд; Ҷеҳазӣ барои манфиати пулӣ, дурӯғ гуфта буд; Яҳудои Исқарют пул медуздид ва дурӯғ мегуфт, то ки Исоро нобуд кунад (Еҳушаъ ибни Нун 6:17–19; 7:11–25; 4 Подшоҳон 5:14–16, 20–27; Матто 26:14, 15; Юҳанно 12:6).

8 Шахсони зерин бошад, намунаҳои хуб гузоштанд: Яъқуб писарони худро барангехт, ки пулҳои дар халта ёфташударо баргардонанд, зеро ба фикри ӯ, шояд пулро тасодуфан ба халтаи онҳо мондаанд; Йифтоҳ ва духтараш, ки назри падарашро иҷро намуда, қурбонии бузург кард; Исо далерона дар пеши тӯдаи одамони бағазабомада гуфт, ки ӯ Исо аст, то ки пешгӯӣ иҷро шавад ва дӯстонашро ҳимоя кунад (Ҳастӣ 43:12; Доварон 11:30–40; Юҳанно 18:3–11). Инҳо баъзе аз мисолҳое мебошанд, ки ба волидон дар бораи ганҷинаҳое, ки дар Каломи Худо ҷой доранд, маълумот медиҳанд ва кӯмак мерасонанд, ки ба фарзандонашон дӯст доштан ва қадр кардани ростқавлиро таълим диҳанд.

9. Агар волидон хоҳанд, ки ба фарзандонашон дар ростқавлӣ намунаи хуб бошанд, аз чӣ бояд дурӣ ҷӯянд ва чаро ин намуна муҳим аст?

9 Чунин таълимдиҳӣ аз волидон ӯҳдадории ҷиддиро талаб мекунад. Павлуси расул чунин гуфт: «Пас, чӣ гуна ту, ки дигаронро таълим медиҳӣ, худатро таълим намедиҳӣ? Вазъ мегӯӣ, ки дуздӣ набояд кард, вале худат дуздӣ мекунӣ!» (Румиён 2:21, 22). Баъзе волидон ба фарзандонашон ростқавл буданро меомӯзонанд, вале худашон чунин рафтор накарда, онҳоро гумроҳ месозанд. Шояд онҳо дуздии андак–мундак ва суханони дурӯғро сафед карда, чунин гӯянд: «Ҳама одамон чунин мекунанд» ё «Ин дурӯғи безарар аст». Аммо дар асл, дуздӣ — ин дуздӣ аст, новобаста аз арзиши чизи дуздидашуда; дурӯғ — ин дурӯғ аст, новобаста аз он ки сухан дар бораи чӣ меравад ва то чӣ андоза сухан дурӯғ гуфта шуд *. (Луқо 16:10-ро хонед.) Кӯдакон дурӯягиро тез мефаҳманд ва ин ба онҳо таъсири сахт расонда метавонад (Эфсӯсиён 6:4). Аммо вақте ки онҳо ростқавлиро аз намунаи волидонашон ёд мегиранд, онҳо калон шуда, дар ин ҷаҳони нопок Яҳуваро ҷалол медиҳанд (Масалҳо 22:6).

РОСТҚАВЛӢ ДАР ҶАМЪОМАД

10. Барои он ки муоширатамон бо ҳамимонон ростқавлона бошад, кадом огоҳиҳоро дар хотир бояд дошт?

10 Муошират бо ҳамимононамон ба мо имкониятҳои зиёд медиҳад, ки ростқавлиро ёд гирем. Чуноне ки аз боби 12 фаҳмидем, мо бояд атои суханрониро бодиққатона истифода барем, хусусан дар байни ҳамимонон. Сӯҳбати оддӣ метавонад ба осонӣ ба ғайбати зараровар ё ҳатто ба тӯҳмат гузарад! Агар мо маълумоти шунидаамонро, ки ба дуруст буданаш боварӣ надорем, такрор кунем, шояд мо ба паҳн кардани дурӯғ мусоидат мекунем. Барои ҳамин, беҳтараш чизе нагӯем (Масалҳо 10:19). Ғайр аз ин, ҳатто агар мо боварӣ дошта бошем, ки маълумот аниқ аст, ин маънои паҳн кардани онро надорад. Масалан, ин шояд кори мо набошад, ё гуфтани он аз рӯи муҳаббат намебуд (1 Таслӯникиён 4:11). Баъзеҳо дағалиро ростқавлӣ гуфта, онро сафед мекунанд, лекин суханони мо бояд ҳамеша меҳрубонона ва пурфайз бошанд. (Қӯлассиён 4:6-ро хонед.)

11, 12. а) Чӣ тавр баъзе масеҳиёне, ки гуноҳи ҷиддӣ кардаанд, вазъияти худро душвортар мегардонанд? б) Суханони дурӯғи Шайтон нисбати гуноҳҳои ҷиддӣ кадомҳоянд ва чӣ тавр мо онҳоро рад карда метавонем? в) Мо чӣ тавр нисбати созмони Яҳува ростқавл буда метавонем?

11 Махсусан назди онҳое ростқавл будан муҳим аст, ки дар ҷамъомад роҳбариро ба ӯҳда доранд. Баъзе масеҳиён гуноҳи ҷиддӣ мекунанд ва бо пинҳон кардани гуноҳашон вазъияти худро душвор мегардонанд. Ва вақте ки пирони ҷамъомад дар бораи он пурсон мешаванд, онҳо дурӯғ мегӯянд. Чунин масеҳиён ҳатто ҳаёти дурӯягиро сар мекунанд, яъне гӯё ба Яҳува хизмат мекунанд, аммо дар асл дар роҳи содир кардани гуноҳҳои ҷиддӣ меистанд. Чунин рафтор одамро водор мекунад, ки ҳамеша дурӯғ гӯяд (Забур 11:3). Дигарон бошанд, ба пирон қисми гапи ростро мегӯянд, вале гапи муҳимро пинҳон мекунанд (Аъмол 5:1–11). Барои чӣ одамон бисёр вақт чунин рафтор мекунанд? Барои он ки онҳо ба дурӯғе, ки Шайтон ташвиқ мекунад, бовар доранд. (Ба замимаи « Суханони дурӯғи Шайтон нисбати гуноҳҳои ҷиддӣ» нигаред.)

12 Вақте ки мо ба таври хаттӣ ба саволҳо ҷавоб медиҳем, хеле муҳим аст, ки нисбати созмони Яҳува ростқавл бошем. Масалан, мо дар бораи иштирокамон дар хизмати мавъиза ҳисобот супорида, маълумоти дурустро менависем. Ҳамчунин, вақте ки барои ягон намуди хизмат саволнома (анкета)-ро пур мекунем, мо набояд дар бораи саломатиамон нишондоди нодуруст ё ягон маълумоти дигарро хато нависем. (Масалҳо 6:16–19-ро хонед.)

13. Чӣ тавр мо дар муносибатҳои корӣ бо ҳамимононамон ростқавлу ҳалолкор буда метавонем?

13 Дар муносибатҳои корӣ низ бо ҳамимонон ростқавл будан зарур аст. Баъзан масеҳиён метавонанд бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунанд. Дар ин маврид, онҳо дар вақти дар Толори Салтанат ё хизмат буданашон, бояд муносибатҳои кориро бо ибодати Худо омехта накунанд. Дар муносибатҳои корӣ яке соҳибкор ва дигаре коргар буда метавонад. Агар бародар ё хоҳарро ба кор гирем, мо нисбати онҳо бояд ростқавл бошем: дар вақташ маошро ба он ҳаҷме ки пешакӣ гапзанон шуда буд, диҳем ва инчунин имтиёзҳое, ки дар бораашон шартнома баста будем ё ин ки аз тарафи қонун ҷорӣ шудаанд, пешниҳод кунем (1 Тимотиюс 5:18; Яъқуб 5:1–4). Ва баръакс, агар мо дар назди бародар ё хоҳар ба кор қабул шавем, мо бояд кореро, ки барои он пул дода мешавад, пурра иҷро кунем (2 Таслӯникиён 3:10). Танҳо аз барои он ки мо ҳамимон ҳастем, бояд нисбати худ муносибати махсусро интизор нашавем. Гӯё ки соҳибкорамон вазифадор аст, ки ба мо имтиёзҳои истироҳатӣ ё дигар афзалиятҳое, ки дигар коргарон надоранд, пешниҳод кунад (Эфсӯсиён 6:5–8).

14. Барои масеҳиёне, ки якҷоя ҳамкорӣ карданӣ мешаванд, андешидани кадом чораҳои бехатарӣ бохирадона мебуд ва чаро?

14 Агар масеҳиён якҷоя бо маблағгузорӣ ё бо қарз корхонаи хусусиро ташкил карданӣ бошанд–чӣ? Дар Китоби Муқаддас маслиҳати муҳим дода шудааст: ҳама чизро ба таври хаттӣ тартиб диҳед! Масалан, вақте ки Ирмиё қитъаи заминро харид, вай ду нусхаи ҳуҷҷатро тартиб дод, ки дар он ҷо шоҳидон низ ҳузур доштанд. Ӯ инчунин барои он ки ҳуҷҷатҳо барои оянда хуб нигоҳ дошта шаванд, ғамхорӣ намуд (Ирмиё 32:9–12; ҳамчунин ба Ҳастӣ 23:16–20 нигаред). Вақте ки мо бо ҳамимонон шартнома мебандем ва пурра ҳама чизро дар ҳуҷҷат, тавре ки талаб карда мешавад имзо мекунем ва шоҳид дошта бошем, ин маънои ба якдигар боварӣ надоштанро надорад. Баръакс, чунин чораҳо ба мо кӯмак мерасонанд, ки аз худи аввал барои аз нофаҳмӣ, дилхунукӣ ва ҳатто мухолифат, ки ба ҷудоӣ меорад, канорагирӣ намоем. Масеҳиён бояд дар хотир дошта бошанд, ки ягон кор арзишманд нест, ки аз пушти он осоиштагӣ ва ягонагӣ дар ҷамъомад вайрон шавад (1 Қӯринтиён 6:1–8) *.

РОСТҚАВЛӢ ДАР ҶАҲОН

15. Назари Яҳува ба бевиҷдонӣ дар муносибатҳои корӣ чӣ гуна аст ва чӣ тавр масеҳиён ба бевиҷдоние, ки дар ин ҷаҳон паҳн шудааст, бояд муносибат кунанд?

15 Масеҳиён на танҳо дар ҷамъомад бояд ростқавлу ҳалолкор бошанд. Павлус навишт: «Дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем» (Ибриён 13:18). Офаридгорамон мехоҳад, ки мо дар муносибатҳои корӣ ростқавливу ҳалолкорӣ зоҳир намоем. Танҳо дар худи китоби Масалҳо якчанд маротиба то чӣ андоза дуруст будани тарозу гуфта шудааст (Масалҳо 11:1; 20:10, 23). Дар замонҳои қадим, дар хариду фурӯш бори харидашуда ва пуле ки барои он сарф шуда буд, ба воситаи тарозуҳо ва санги тарозу бояд бар кашида мешуданд. Фурӯшандагони бевиҷдон ду намуди санги тарозу ва тарозуҳои хато доштанд, то ки харидоронро фиреб диҳанд *. Яҳува аз чунин корҳо нафрат дорад! Барои худро дар муҳаббати Ӯ нигоҳ доштан, мо дар муносибатҳои корӣ аз ҳар бевиҷдонӣ дурӣ меҷӯем.

16, 17. Дар ҷаҳони имрӯза бевиҷдонӣ чӣ тавр зоҳир карда мешавад ва масеҳиёни ҳақиқӣ боқатъият ба чӣ тайёранд?

16 Азбаски Шайтон роҳбари ин ҷаҳон мебошад, мо аз он ки гирду атрофамонро дурӯғу фиреб фаро гирифтааст, ҳайрон намешавем. Ҳар рӯз дар мо шояд васвасаи бевиҷдонӣ кардан, пайдо шавад. Одамон ҳангоми ба кор даромадан, вақте ки дар бораи худ маълумот менависанд, ба онҳо одат шудааст, ки оиди худ тавсия бофта, дурӯғ гӯянд ва таҷрибаи доштаашонро аз будаш зиёд нависанд. Вақте ки одамон варақаи муҳоҷирӣ, андоз, суғурта ва дигар варақаҳоро пур мекунанд, онҳо барои ба даст овардани чизи хостаашон, одатан, маълумоти нодурустро мегӯянд. Бисёр хонандагону донишҷӯён, ҳангоми навиштани кори хаттӣ, реферат ва иншо ҳар гуна ҳиллаву найрангро истифода мебаранд. Масалан, онҳо асари ягон касро дар интернет ёфта, онро ба номи худ чоп мекунанд. Ва вақте ки одамон бо мансабдорони порахӯр сару кор мекунанд, бисёр вақт барои ба даст овардани чизи хостаашон пора медиҳанд. Мо ҳайрон намешавем, ки дар ин ҷаҳон бисёриҳо «худписанд хоҳанд шуд ва зарпараст... ва душмани некӣ» (2 Тимотиюс 3:1–5).

17 Масеҳиёни ҳақиқӣ боқатъият тайёранд, ки дар чунин корҳо иштирок накунанд. Баъзан ростқавл ё ҳалолкор будан хеле душвор аст, вақте ба назар чунин метобад, ки шахсони бевиҷдон хеле комёб гаштаанд ва ҳатто дар ҷаҳони имрӯза ба қуллаҳои баланд расидаанд (Забур 72:1–8). Ҳамзамон, масеҳиён метавонанд аз ҷиҳати пулӣ танқисӣ кашанд, чунки «дар ҳар бобат» мехоҳанд, ки ростқавлу ҳалолкор монанд. Оё чунин қурбониҳо арзандаанд? Албатта! Аммо барои чӣ? Барои одамони ростқавл кадом баракатҳо дар пешанд?

РОСТҚАВЛӢ ЧӢ БАРКАТҲО МЕОРАД

18. Чаро обрӯи одами ростқавл хеле қадр карда мешавад?

18 Дар ҳаёт обрӯи одами ростқавл ва боваринок аз дигар чизҳо бештар қадр карда мешавад. (Ба замимаи « То кадом андоза ман ростқавл мебошам?» нигаред.) Як фикр кунед: ҳар як шахс метавонад соҳиби чунин обрӯ бошад! Ин обрӯ аз қобилият, боигарӣ, зебоӣ, сатҳи иҷтимоӣ ё чизи дигаре вобаста нест. Ба ҳар ҳол, барои бисёриҳо ба даст овардани обрӯи нек муяссар намешавад. Бале, обрӯи нек камёфт аст! (Мико 7:2). Баъзеҳо барои ростқавлиатон, шояд шуморо писханд зананд, аммо дигарон бошанд, ин хислататонро қадр менамоянд, ба шумо боварӣ мекунанд ва шуморо ҳурмату эҳтиром менамоянд. Бисёр Шоҳидони Яҳува диққат доданд, ки ростқавлиашон ба онҳо манфиати моливу пулӣ овард. Ҳамин тавр, вақте ки бисёр ҳамкорони бевиҷдони онҳоро аз кор хориҷ карданд, Шоҳидон корашонро аз даст надоданд ё ба коре қабул шуданд, ки дар он ҷо коргари ростқавл лозим буд.

19. Чӣ гуна ростқавлӣ дар ҳар ҷиҳатҳои ҳаёт ба виҷдон ва муносибатамон бо Яҳува таъсир расонда метавонад?

19 Ҳатто агар шумо бо чунин вазъият рӯ ба рӯ нашавед ҳам, шумо дарк мекунед, ки ростқавлӣ баракатҳои боз ҳам зиёдтар меорад. Шумо соҳиби виҷдони пок мегардед. Павлус навишт: «Мо яқин медонем, ки виҷдони нек дорем» (Ибриён 13:18). Ғайр аз ин, ростқавлиатон аз назари Падари осмониамон, Яҳува пинҳон намемонад, чунки Ӯ одамони ростқавлро дӯст медорад. (Забур 14:1, 2 ва Масалҳо 22:1-ро хонед.) Бале, ростқавлӣ ба шумо кӯмак мерасонад, ки худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред ва ин бошад аз ҳама мукофоти бебаҳоест, ки кас онро ба даст овардан мехоҳад. Биёед дигар мавзӯе, ки ба ин алоқаманд аст — муносибати Яҳуваро ба меҳнат дида бароем.

^ сарх. 9 Агар масеҳӣ одат дошта бошад, ки бо мақсади ба дигарон зарар расондан, дурӯғи шӯрангезу бадхоҳона гӯяд, он гоҳ дар ҳайати ҳуқуқӣ аз тарафи пирон чора андешида мешавад.

^ сарх. 14 Ҳангоми рӯй додани душвориҳо дар масъалаҳои корӣ чӣ бояд кард, ба Замимаи «Ҳал кардани баҳсҳо оиди масъалаҳои корӣ» нигаред.

^ сарх. 15 Баъзе аз сангҳои тарозу барои харидан ва дигаре барои фурӯхтан буданд. Ҳамин тавр фурӯшандагон ҳамеша фоида медиданд. Шояд онҳо дарозӣ ва вазни як китфи тарозуҳоро низ иваз мекарданд ва ҳамин тавр харидоронро дар ҳар хариду фурӯш фиреб медоданд.