Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 1

Муҳаббат ба Худо чӣ маъно дорад?

Муҳаббат ба Худо чӣ маъно дорад?

«Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 ЮҲАННО 5:3).

1, 2. Чаро шумо Яҳуваро дӯст медоред?

ОЁ ШУМО Худоро дӯст медоред? Агар шумо ҳаёти худро ба Яҳува Худо бахшида бошед, эҳтимол бо ҳиссиёт чунин гӯед: «Бале!» Ба мо Яҳуваро дӯст доштан душвор нест, зеро мо ба муҳаббате, ки Ӯ нисбати мо дорад, ҷавоб медиҳем. Дар Китоби Муқаддас дар ин бора чунин гуфта шудааст: «Мо Ӯ [Яҳува]-ро дӯст медорем, чунки аввал Ӯ моро дӯст дошт» (1 Юҳанно 4:19).

2 Аввал худи Яҳува муҳаббаташро ба мо зоҳир намуд. Ӯ моро бо хонаи зебое, яъне бо замин таъмин намуд. Ӯ нисбати ниёзҳои ҷисмонӣ ва моддии мо ғамхорӣ мекунад (Матто 5:43–48). Аз ҳама муҳим ин аст, ки Ӯ ниёзҳои рӯҳониамонро қонеъ мегардонад. Ӯ ба мо Каломи худ, Китоби Муқаддасро додааст. Ғайр аз ин, Яҳува моро бармеангезад, ки ба Ӯ дуо гӯем ва моро бовар мекунонад, ки ба мо гӯш хоҳад дод ва барои кӯмак рӯҳулқудс ато хоҳад кард (Забур 64:3; Луқо 11:13). Вале аз ҳама муҳим Ӯ писари маҳбубашро фиристод, то ки моро аз гуноҳ ва марг халос кунад. Чӣ муҳаббати бузургеро Яҳува нисбати мо зоҳир намуд! (Юҳанно 3:16 ва Румиён 5:8-ро хонед.)

3. a) Чӣ бояд кард, то ки дар муҳаббати Худо бимонем? б) Кадом саволи муҳимро мо бояд дида бароем ва ҷавобро аз куҷо ёфтан мумкин аст?

3 Яҳува мехоҳад, ки мо то абад аз муҳаббати Ӯ баҳра барем. Вале аз муҳаббати Ӯ баҳра бурдан ё набурдан, аз худи мо вобаста аст. Каломи Ӯ моро насиҳат мекунад: «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред... ки ҳаёти ҷовидонӣ меоварад» (Яҳудо 21). Ибораи «худро нигоҳ доред» ба он ишора мекунад, ки аз ҷониби мо кӯшиш лозим аст, то ки дар муҳаббати Худо бимонем. Миннатдории мо барои муҳаббати Ӯ бояд дар амали муайяне зоҳир гардад. Мо бояд дар бораи чунин саволи муҳим фикр кунем: «Чӣ тавр ман муҳаббатамро ба Худо зоҳир карда метавонам?» Ҷавобро аз суханони Юҳаннои расул, ки зери илҳоми Илоҳӣ навишта шудаанд, ёфта метавонем: «Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 Юҳанно 5:3). Мо бояд маънои ин суханонро бодиққат дида бароем, зеро ба Худо нишон додан мехоҳем, ки Ӯро сахт дӯст медорем.

МУҲАББАТ БА ХУДО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

4, 5. Нақл кунед, ки муҳаббат ба Худо дар дили шумо чӣ гуна пайдо шуд.

Юҳаннои расул зери ибораи «муҳаббат ба Худо» чиро дар назар дошт? Ин суханон ба ҳиссиёти амиқе, ки мо нисбати Худо дорем, ишора мекунанд. Оё ба хотир оварда метавонед, ки кай дар дили шумо муҳаббат ба Худо пайдо шуд?

Худро ба Худо бахшидан ва таъмид гирифтан ин оғози ҳаётест, ки дар он итоат ба Худо дар ҷойи аввал меистад

5 Дар бораи он ки чӣ гуна шумо бори аввал ҳақиқат дар бораи Яҳува ва ниятҳояш фаҳмидед ва ба Ӯ имон оварданро сар кардед, андеша намоед. Шумо фаҳмидед, ки гарчанд дар гуноҳ таваллуд шуда аз Худо бегонаед, Ӯ тавассути Масеҳ ба шумо имконият медиҳад, ки комилиеро, ки Одам аз даст дода буд, пайдо кунед ва ҳаёти ҷовидонаро соҳиб гардед (Матто 20:28; Румиён 5:12, 18). Инчунин шумо дарк кардед, ки то чӣ андоза қурбонии овардаи Яҳува бузург аст, ки Ӯ Писари азизашро баҳри шумо ба марг дод. Ҳамаи ин ба дилатон таъсир расонд ва шумо нисбати Худо, ки ба шумо чунин муҳаббати бузургро зоҳир намуд, муҳаббат пайдо кардед. (1 Юҳанно 4:9, 10-ро хонед.)

6. Муҳаббати ҳақиқӣ чӣ гуна зоҳир мегардад ва муҳаббат ба Худо шуморо ба чӣ барангехт?

6 Лекин ин ҳиссиёт танҳо саршавии муҳаббати ҳақиқӣ ба Худо буд. Муҳаббат бошад, на танҳо ҳиссиёт ё сухан аст. Худоро дар ҳақиқат дӯст доштан,— аз «Ман Худоро дӯст медорам»-гуфтан зиёдтар аст. Ба монанди имон, муҳаббати ҳақиқӣ дар амал зоҳир мешавад (Яъқуб 2:26). Хусусан, мо муҳаббатамонро ба одамон бо он корҳое нишон медиҳем, ки ба онҳо хурсандӣ меоранд. Аз ин рӯ, вақте ки муҳаббат дар дилатон реша давонд, шумо хостед ҳаётеро ба сар баред, ки он Падари осмониатонро шод гардонад. Оё шумо Шоҳиди таъмидгирифта ҳастед? Агар ин тавр бошад, пас шуморо садоқат ба Худо ва муҳаббати пурзӯр нисбати Ӯ барангехт, ки қарори аз ҳама муҳимро дар ҳаётатон қабул кунед. Шумо барои иҷро кардани иродаи Яҳува худро ба Ӯ бахшидед ва инро бо таъмид нишон додед. (Румиён 14:7, 8-ро хонед.) Иҷро кардани ин ваъдаи муҳиме, ки мо ҳангоми худро ба Яҳува бахшидан дода будем, гуфтаҳои навбатии Юҳаннои расулро дар бар мегиранд.

МО АҲКОМИ ӮРО РИОЯ МЕКУНЕМ

7. Баъзе аҳкомҳои Худо кадоманд ва риоя кардани онҳо чиро дар бар мегирад?

Юҳанно мефаҳмонад, ки «муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем». Кадом аҳкомҳо? Яҳува тавассути Каломи худ, Китоби Муқаддас аҳкомҳои муайянеро ба мо медиҳад. Масалан, Ӯ чунин корҳоро ба монанди мастигарӣ, зино, бутпарастӣ, дуздӣ ва дурӯғро манъ мекунад (1 Қӯринтиён 5:11; 6:18; 10:14; Эфсӯсиён 4:28; Қӯлассиён 3:9). Маънои риоя кардани аҳкомҳои Худо — ин аз рӯи меъёрҳои ахлоқие, ки дар Китоби Муқаддас равшан оварда шудаанд, зиндагӣ кардан аст.

8, 9. Агар дар ҳолатҳои муайян дар Китоби Муқаддас қонуни аниқ вуҷуд надошта бошад, аз куҷо мо фаҳмида метавонем, ки чӣ дили Яҳуваро шод мегардонад? Мисол оред.

8 Вале барои шод кардани дили Яҳува танҳо риоя кардани амрҳои муайяни Ӯ кифоя нест. Яҳува барои ҳар мавриди ҳаётамон қонун намебарорад, то ки озодии моро маҳдуд кунад. Аз ин рӯ, мо ҳар рӯз дар вазъиятҳои гуногун буда метавонем, ки оиди онҳо дар Китоби Муқаддас амрҳои муайян дода нашудаанд. Дар чунин ҳолатҳо мо аз куҷо фаҳмида метавонем, ки чӣ Худоро хурсанд мегардонад ва чӣ не? Дар Китоби Муқаддас тарзи фикрронии Худо равшан нишон дода шудааст. Китоби Муқаддасро омӯзиш карда, мо мефаҳмем, ки чиро Яҳува меписандад ва аз чӣ нафрат дорад (Забур 96:10-ро хонед; Масалҳо 6:16–19). Он вақт мо афкору рафтореро, ки Ӯ меписандад мефаҳмем. Ҳар қадаре, ки мо оиди хислатҳо ва роҳҳои Яҳува бисёртар мефаҳмем, ҳамон қадар мо метавонем тарзи фикрроние, ки Ӯ дорад, дар худ инкишоф диҳем, ки ин ба қарору рафторамон таъсир хоҳад расонд. Аз ин рӯ, ҳатто оиди он вазъиятҳое, ки дар Китоби Муқаддас қонунҳои муайян дода нашудаанд, мо метавонем дарк кунем, ки «иродаи Худо чист» (Эфсӯсиён 5:17).

9 Масалан, оиди тамошои филм ё барномаҳои телевизионие, ки дар онҳо зӯроварӣ ё бадахлоқии ҷинсӣ нишон дода мешавад, дар Китоби Муқаддас амри кушоду равшан дода нашудааст. Вале оё ба мо барои тамошо накардани чунин барномаҳо қонуни муайян лозим аст? Мо медонем, ки нуқтаи назари Яҳува ба чунин чизҳо чӣ гуна аст. Дар Каломи Ӯ равшан гуфта мешавад, ки аз «дӯстдори хабосат ҷони Ӯ [Худо] нафрат дорад» (Забур 10:5). Дар Китоби Муқаддас боз гуфта мешавад: «Зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард» (Ибриён 13:4). Бар ин суханони илҳомбахшидаи Илоҳӣ андеша ронда, мо аниқ фаҳмида метавонем, ки иродаи Худо дар чист. Аз ин рӯ, мо барномаҳои барои вақтхушӣ равонашударо, ки дар назари Худо нафратангез мебошанд, тамошо намекунем. Мо медонем, ки агар аз амалҳои бадахлоқонае, ки ин ҷаҳон мекӯшад бароямон чун вақтхушии безарар пешкаш кунад, даст кашем, бо ин дили Яҳуваро шод мегардонем *.

10, 11. Чаро мо ба Яҳува итоат мекунем ва дар бораи итоаткории мо нисбати Ӯ чӣ гуфтан мумкин аст?

10 Чӣ моро пеш аз ҳама бармеангезад, ки аҳкомҳои Худоро риоя кунем? Чаро мо мехоҳем ҳар рӯз мувофиқи он чизе ки оиди тарзи фикрронии Худо мефаҳмем, зиндагӣ кунем? Мо ин роҳро баҳри худро аз ҷазо ва оқибатҳои бад эмин доштан интихоб накардаем, ки одатан одамоне бо он дучор мегарданд, ки ба иродаи Худо беэътиноӣ мекунанд (Ғалотиён 6:7). Баръакс, мо итоат ба Яҳуваро имконияти зоҳир намудани муҳаббат ба Ӯ меҳисобем. Ба мисли кӯдаке, ки мехоҳад, ба падараш писанд ояд, мо низ мехоҳем ба Яҳува писанд оем (Забур 5:13). Ӯ Падари мо мебошад ва мо Ӯро дӯст медорем. Ҳеҷ чиз ба мо ин қадар хурсандиву қаноатмандӣ намебахшад, ғайр аз донистани он ки тарзи ҳаёти мо ба Яҳува писанд аст (Масалҳо 12:2).

11 Итоати мо ба Худо маҷбурӣ нест *. Аммо чунин гуфтан низ хатост, ки мо Худоро ҳамон вақт гӯш мекунем, ки агар шароиту вазъиятамон имкон диҳад. Мо ба Худо итоаткориро на танҳо ҳамон вақт зоҳир месозем, агар ин ба мо қулай бошад, ё душвории зиёдро бо худ наорад. Баръакс, мо ба Худо «аз самими қалб» итоат мекунем (Румиён 6:17). Мо бо чунин суханони забурнавис розием: «Аз аҳкоми Ту, ки дӯст медорам, ҳаловат хоҳам бурд» (Забур 118:47). Бале, мо мехоҳем ба Яҳува итоат кунем. Мо дарк менамоем, ки Ӯ сазовор аст — ва талаб мекунад — ки бечунучаро ва пурра ба Ӯ итоат намоем (Такрори Шариат 12:32). Мо мехоҳем, ки Яҳува дар бораи мо суханонеро бигӯяд, ки дар ҳаққи Нӯҳ, пайғамбари содиқ, ки даҳсолаҳои зиёд аз рӯи муҳаббат ба Худо итоат мекард, гуфта буд. Дар Китоби Муқаддас дар бораи ӯ чунин гуфта шудааст: «Нӯҳ чунин кард; ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард» (Ҳастӣ 6:22).

12. Итоаткории мо дар кадом маврид дили Яҳуваро шод мегардонад?

12 Вақте ки мо бо омодагӣ Яҳуваро гӯш мекунем, Ӯро чӣ гуна эҳсосот фаро мегирад? Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки мо бо чунин амал дили Ӯро шод мегардонем (Масалҳо 27:11). Оё чунин итоаткории мо дар ҳақиқат дили Ҳокими Даҳрро шод мегардонад? Бале, бешакку шубҳа! Ва ба ин далелҳои асоснок вуҷуд доранд. Яҳува моро бо иродаи озод офаридааст. Ин маънои онро дорад, ки мо озодона интихоб карда метавонем: мо худ қарор карда метавонем, ки Худоро гӯш кунем ё накунем (Такрори Шариат 30:15, 16, 19, 20). Вақте ки мо бо хоҳиши худ ба Яҳува итоат карданро интихоб мекунем ва агар ин интихобамон аз рӯи муҳаббат бошад, мо ба Ӯ як ҷаҳон шодиву хурсандӣ меорем (Масалҳо 11:20). Инчунин мо аз ҳама роҳи беҳтарини ҳаётро интихоб мекунем.

«АҲКОМИ Ӯ ГАРОН НЕСТ»

13, 14. Чаро гуфтан мумкин аст, ки аҳкоми Худо гарон нест? Мисол биёред.

13 Юҳаннои расул оиди талаботи Яҳува, суханони рӯҳбаландкунандаи зеринро ба мо мегӯяд: «Аҳкоми Ӯ гарон нест». Калимаи юноние, ки дар 1 Юҳанно 5:3 чун «гарон» тарҷума шудааст, дар асл маънои «вазнин»-ро дорад *. Талаботи Яҳува бехирадона ва гарон нестанд. Одамони нокомил ба қонунҳои Ӯ итоат карда метавонанд.

14 Метавонем чунин мисол оварем: дӯсти наздикатон аз шумо хоҳиш мекунад, ки барои кӯчидан ба ӯ ёрӣ расонед. Борҳои зиёдро кашондан лозим аст. Баъзеи борҳо сабуканд ва онҳоро як одам ҳам бурда метавонад, аммо дигар борҳо вазнинанд ва барои онҳоро бардоштан ду кас лозим аст. Дӯстатон барои шумо борҳоеро интихоб мекунад, ки бояд онҳоро кашонед. Оё ӯ дониста аз шумо хоҳиш мекунад, ки борҳои аз ҳад вазнинро баред? Не, зеро ӯ намехоҳад, ки шумо ба худатон зарар оваред. Монанди ин, Худои нек ва меҳрубон талаб намекунад, ки мо аз рӯи аҳкомҳое, ки иҷро карданашон аз ҳад душвор аст, амал намоем (Такрори Шариат 30:11–14). Ӯ ҳеҷ гоҳ бурдани чунин бори вазнинро аз мо талаб намекунад. Яҳува мефаҳмад, ки имкониятҳои мо маҳдуданд, зеро «Ӯ сиришти моро медонад: дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем» (Забур 102:14).

15. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки аҳкомҳои Яҳува барои мо манфиати бузург меоранд?

15 Аҳкомҳои Худо ҳақиқатан бори гарон нестанд, баръакс онҳо барои мо фоидаи калон мерасонанд. (Ишаъё 48:17-ро хонед.) Аз ин рӯ, Мусо ба исроилиён тавонист чунин гӯяд: «Худованд ба мо амр фармуд, ки тамоми ин фароизро ба амал оварда, аз Худованд Худои худ битарсем, то ки тамоми айём барои мо некӯ бошад, ва Ӯ моро зинда нигоҳ дорад, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст» (Такрори Шариат 6:24). Мо низ боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува қонунҳои худро ба мо дода, оиди беҳбудии бардавом ва абадиамон ғамхорӣ мекунад. Оё баръакс буда метавонад? Яҳува — Худое мебошад, ки хиради бепоён дорад (Румиён 11:33). Аз ин рӯ, Ӯ медонад, ки бароямон чӣ аз ҳама беҳтар аст. Ғайр аз ин, Яҳува беҳтарин намунаи муҳаббат мебошад (1 Юҳанно 4:8). Муҳаббат ин ҳастии шахсияти Худо буда, ба суханону корҳои Ӯ таъсир мерасонад. Ҳама аҳкомҳое, ки Ӯ ба хизматгоронаш додааст, дар асоси муҳаббат мебошанд.

16. Чаро мо ба таъсири ин ҷаҳони фосид ва майлу хоҳиши ҷисми гунаҳкорамон нигоҳ накарда, ба Худо итоаткор буда метавонем?

16 Ба ҳар ҳол наметавон гуфт, ки ба Худо итоаткор будан осон аст. Мо бояд ба таъсири ин ҷаҳони фосид, ки «зери ҳукумати иблис аст» муқобилият кунем (1 Юҳанно 5:19). Ҳамчунин бо ҷисми нокомиламон, ки моро ба вайрон кардани қонунҳои Худо тела медиҳад, бояд мубориза барем (Румиён 7:21–25). Аммо ба шарофати муҳаббатамон нисбати Яҳува, мо метавонем ғолиб бароем. Яҳува одамонеро, ки бо итоаткории худ муҳаббаташонро ба Ӯ исбот кардан мехоҳанд, баракат медиҳад. Ӯ рӯҳи муқаддасашро «ба фармонбардорони Худ» медиҳад (Аъмол 5:32). Ин рӯҳ дар мо самари олиҷанобро ба амал меорад, яъне хислатҳои бебаҳое, ки барои зоҳир кардани итоаткорӣ ба мо кӯмак мерасонанд (Ғалотиён 5:22, 23).

17, 18. a) Дар ин китоб мо чиро дида мебароем ва ҳангоми муҳокимаи ин мавод чиро бояд дар хотир нигоҳ дошт? б) Дар боби навбатӣ оиди чӣ сухан меравад?

17 Мо дар ин китоб, принсипу меъёрҳои ахлоқии Яҳува ва инчунин дигар мавридҳои зиёдеро, ки дар онҳо иродаи Ӯ зоҳир мешавад, муҳокима мекунем. Ҳангоми дида баромадани ин мавод зарур аст, ки баъзе фикрҳои муҳимро дар хотир нигоҳ дорем. Биёед дар ёд дорем, ки Яҳува барои иҷро кардани қонунҳову принсипҳояш моро маҷбур намекунад; Ӯ мехоҳад, ки итоаткории мо аз таҳти дил бошад. Инчунин набояд фаромӯш кард, ки Яҳува хоҳони он аст, ки тарзи зиндагиамон худи ҳоло баракатҳои зиёд оварад ва дар оянда моро сӯи ҳаёти ҷовидонӣ барад. Биёед фаромӯш насозем, ки бо итоаткории самимонаи худ ба Яҳува нишон хоҳем дод, ки Ӯро хеле дӯст медорем. Ва биёед итоаткории худро чунин бишуморем — имконияти бебаҳо барои ба Яҳува нишон додани он ки то кадом дараҷа мо Ӯро дӯст медорем.

18 Яҳува бо муҳаббат ба мо виҷдон додааст, то ки некро аз бад фарқ кунем. Вале барои он ки виҷдонамон маслиҳатгари боваринок бошад, бояд онро таълим диҳем. Оиди ин аз боби навбатӣ хоҳем фаҳмид.

^ сарх. 9 Ба боби 6-и ин китоб, ки дар он чӣ тавр интихоб кардани вақтхушии фоидабахш муҳокима карда мешавад, нигаред.

^ сарх. 11 Ҳатто девҳо низ баъзан маҷбур мешаванд, ки итоаткорӣ зоҳир намоянд. Вақте ки Исо амр дод, ки девҳо одамонеро, ки гирифтори онҳо буданд, тарк кунанд, девҳо маҷбур шуданд, ки қудрати Исоро эътироф намуда, бархилофи хоҳиши худ ба ӯ итоат кунанд (Марқӯс 1:27; 5:7–13).

^ сарх. 13 Ин калима дар Матто 23:4 барои тасвир кардани «борҳои гарон», яъне қоидаҳои муфассал ва урфу одатҳои одамӣ, ки китобдонон ва фарисиён бар мардуми бечора бор мекарданд, истифода шудааст. Айнан ҳамин калима дар Аъмол 20:29, 30 чун «дарранда» тарҷума шудааст ва ба осиёни бераҳм (онҳое, ки аз ҳақиқат рӯ тофтаанд), ки «суханони каҷ» мегӯянд ва мекӯшанд, ки дигаронро ба гумроҳӣ баранд, тааллуқ дорад.