БОБИ 4
Чаро бояд нисбати ҳокимият ҳурмат дошта бошем?
«Ҳамаро ҳурмат кунед» (1 ПЕТРУС 2:17).
1, 2. a) Дар мавриди эҳтиром кардани ҳокимият, мо бо чӣ бояд мубориза барем? б) Кадом саволҳоро муҳокима хоҳем кард?
ОЁ ШУМО ягон бор рафтори кӯдакеро дидаед, ки аз ӯ кардани кореро хоҳиш мекунанд, ки ӯ карданашро намехоҳад? Аз афти писарча маълум мешавад, ки ӯ намехоҳад. Ӯ суханони волидонашро шунида, хуб мефаҳмад, ки бояд ба онҳо гӯш диҳад. Вале дар ин маврид, ӯ намехоҳад ба онҳо итоат кунад. Баъзан мо низ мисли ин кӯдак бояд бо худ мубориза барем.
2 Нисбати ҳокимият ҳурмату эҳтиром зоҳир кардан на ҳама вақт осон аст. Оё ба шумо баъзан эҳтиром кардани онҳое ки бар шумо қудрат доранд, душвор аст? Агар ин тавр бошад, шумо дар ин маврид танҳо нестед. Мо ҳоло дар замоне зиндагӣ дорем, ки беҳурматӣ нисбати ҳокимият аз ҳарвақта бештар гардидааст. Вале дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки мо бояд ба онҳое ки бар мо қудрат доранд, эҳтиром дошта бошем (Масалҳо 24:21). Ҳақиқатан ҳам, агар мо чунин амал кунем, он гоҳ худро дар муҳаббати Худо нигоҳ хоҳем дошт. Бинобар ин, баъзе саволҳо ба миён меоянд. Чаро баъзан эҳтиром кардани ҳокимият душвор гардида метавонад? Чаро Яҳува инро аз мо талаб мекунад ва ба мо барои итоат кардан, чӣ кӯмак мерасонад? Ва чӣ тавр мо метавонем нисбати ҳокимият эҳтиром зоҳир намоем?
ЧАРО ИН ХЕЛЕ ДУШВОР АСТ
3, 4. Гуноҳ ва нокомилӣ аз куҷо реша гирифтанд ва чаро аз боиси гуноҳи меросгирифта бароямон эҳтиром кардани ҳокимият душвор аст?
3 Биёед ба таври кӯтоҳ ду сабаберо дида бароем, ки чаро ба мо эҳтиром кардани одамоне, ки дорои қудратанд, душвор Ҳастӣ 2:15–17; 3:1–7; Забур 50:7; Румиён 5:12).
буда метавонад. Аввалан, ҳамаи мо нокомилем, дуюмин одамоне, ки бар мо қудрат доранд, онҳо низ нокомиланд. Гуноҳ ва нокомилии инсон аз боғи Адан, вақте ки Одам ва Ҳавво бар зидди ҳокимияти Худо исён бардоштанд, реша мегирад. Ҳамин тавр исён сабаби гуноҳ гардид. То ба имрӯз, мо майли модарзодии исён бардоштанро дорем (4 Аксари мо аз боиси гуноҳи меросгирифтаи худ ба осонӣ мағрур ва ҳавобаланд шуда метавонем, вале фурӯтанӣ бошад, ба мо баръакс намерасад ва онро инкишоф додан ва нигоҳ доштан, хеле душвор аст. Ҳатто нигоҳ накарда ба солҳои хизмати содиқона ба Худо, мо метавонем якрав ва мағрур гардем. Масалан, Қӯраҳ, ки солҳои зиёд бо халқи Яҳува азобу уқубат мекашид, барои соҳиби қудрати зиёдтар гардидан дағалона зидди Мусо, ки бағоят фурӯтан буд, дар исён бардоштан роҳбарӣ кард (Ададҳо 12:3; 16:1–3). Инчунин оиди Узиё андеша намоед, ки аз рӯи ғурур ба маъбади Худо даромада, мехост хизмати муқаддасро, ки танҳо ба коҳинон супорида шуда буд, иҷро кунад (2 Вақоеънома 26:16–21). Ин одамон барои исёни худ ҷазои сахт гирифтанд. Аммо намунаи бади онҳо барои ҳамаи мо огоҳии хуб аст. Мо бояд бо ғурури худ мубориза барем, чунки аз боиси он ҳурмату эҳтиром кардани ҳокимият душвор аст.
5. Чӣ гуна одамони нокомил аз қудрати худ суиистифода мекарданд?
5 Ғайр аз ин, одамони нокомил, ки бар сари ҳокимиятанд, сабабгори он гардидаанд, ки одамон нисбати ҳокимият эҳтиром надоранд. Бисёрии онҳо бераҳм, золим ва ситамгар буданд. Бале, тамоми таърихи инсоният исбот мекунад, ки одамон аз ҳокимият суиистифода мекарданд. (Воиз 8:9-ро хонед.) Масалан, вақте ки Яҳува Шоулро подшоҳ таъин намуд, ӯ марди нек ва фурӯтан буд. Вале ӯ ба ғурур ва ҳасад дода шуда, Довуди худотарсро таъқиб мекард (1 Подшоҳон 9:20, 21; 10:20–22; 18:7–11). Баъдтар Довуд беҳтарин подшоҳи Исроил гардид, вале ӯ низ аз қудрати худ суиистифода намуда, зани Уриёи ҳиттиро ба занӣ гирифт ва шавҳари бегуноҳи ӯро то он ки кушта шавад, ба ҷои сахти ҷанг фиристод (2 Подшоҳон 11:1–17). Ҳақиқатан ҳам аз сабаби нокомилӣ, бар одамон дуруст ҳукмронӣ кардан душвор аст. Аммо вақте ки ҳукуматдорон Яҳуваро эҳтиром намекунанд, онҳо боз ҳам бадтар рафтор мекунанд. Як ходими давлатии Бритониё навишт, ки дар тӯли таърих попҳои калисои католикӣ аз қудрати худ суиистифода намуда, бар одамон зулм меоварданд ва онҳоро таъқиб мекарданд. Ҳамаи инро дар хотир дошта, биёед чунин саволро дида бароем: чаро мо бояд ба ҳокимият эҳтиром дошта бошем?
ЧАРО БОЯД НИСБАТИ ҲОКИМИЯТ ЭҲТИРОМ ДОШТА БОШЕМ?
6, 7. a) Муҳаббат ба Яҳува моро ба чӣ бармеангезад ва чаро? б) Итоаткорӣ чиро дар бар мегирад ва чӣ тавр мо онро зоҳир карда метавонем?
6 Сабаби асосии эҳтиром кардани ҳокимият дар муҳаббат аст — муҳаббат нисбати Яҳува, нисбати одамон ва ҳатто нисбати худи мо мебошад. Азбаски мо Яҳуваро аз ҳама бештар дӯст медорем, мехоҳем дили Ӯро шод гардонем. (Масалҳо 27:11 ва Марқӯс 12:29, 30-ро хонед.) Ба мо маълум аст, ки ҳокимияти Яҳува, яъне Ҳокими Даҳр будани Ӯ аз замони исён дар Адан зери баҳс қарор гирифт ва аксарияти инсоният тарафдори Шайтон гардида роҳбарии Яҳуваро рад намуданд. Мо аз таҳти дил тарафдори Яҳува мебошем. Вақте ки суханони аҷибро аз Ваҳй 4:11 мехонем, диламон ба ҳаяҷон меояд. Ба мо ҳақиқатан ҳам аён аст, ки Яҳува роҳбари барҳақи Даҳр аст! Мо дар ҳаёти ҳаррӯзаамон ба ҳокимияти Яҳува итоат карда, ҳукмронии Ӯро эътироф мекунем.
7 Чунин эҳтиром танҳо итоаткориро дар бар намегирад. Мо ба Яҳува аз таҳти дил итоат мекунем, чунки Ӯро дӯст медорем. Вале рӯзҳое фаро мерасанд, ки итоат карданамон хеле душвор мегардад. Он гоҳ мисли он писарчае, ки дар борааш дар аввали ин боб гуфта шуда буд, бароямон таълим гирифтани итоаткорӣ зарур хоҳад гашт. Мо дар хотир дорем, ки Исо ба иродаи Падари худ итоат кард, гарчанд ин барои ӯ хеле душвор тобида буд. Ӯ ба Падараш гуфт: «На иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд» (Луқо 22:42).
8. a) Итоат ба ҳокимияти Яҳува имрӯзҳо бисёр вақт бо чӣ алоқамандӣ дорад ва муносибати Яҳува ба он чӣ гуна аст? б) Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки ба маслиҳат гӯш диҳем ва насиҳатро қабул кунем? (Ба замимаи « Машваратро бишнав ва насиҳатро қабул намо» нигаред.)
8 Албатта, имрӯзҳо Яҳува шахсан бо ҳар яки мо сӯҳбат намекунад, вале Ӯ Калом ва намояндагони заминии худро истифода мебарад. Барои ҳамин, аксар вақт мо итоаткории худро ба ҳокимияти Яҳува бо он нишон медиҳем, ки ба шахсони таъинкардаи Ӯ, ё ба онҳое ки иҷозат додааст, ки бар мо қудрат дошта бошанд, эҳтиром зоҳир мекунем. Агар мо бар зидди ин шахсон мебаромадем — масалан, агар маслиҳат ва насиҳатҳои аз Китоби Муқаддас додаи онҳоро рад мекардем — мо Яҳуваро меранҷондем. Вақте ки исроилиён ба Мусо шикоят карданд ва ба муқобили ӯ баромаданд, Яҳува ин амали онҳоро бар зидди худ ҳисоб кард (9. Чӣ гуна муҳаббат ба одамон моро бармеангезад, ки нисбати ҳокимият эҳтиром дошта бошем? Мисол оред.
9 Инчунин азбаски мо одамонро дӯст медорем, ҳокимиятро ҳурмату эҳтиром мекунем. Чӣ тавр? Тасаввур кунед, ки шумо аскар ҳастед. Аксаран муваффақият ва ҳатто наҷоти лашкар, эҳтимол аз ҳамкорӣ, итоаткории аскарон ва эҳтироми онҳо ба фармондеҳони лашкар мебошад. Агар шумо аз беитоатии худ тартиботи ин созмонро вайрон кунед, аскарони дигарро зери хатар мегузоред. Афсӯс ки лашкарони инсонӣ дар тамоми дунё харобиву вайронии зиёд меоранд. Вале Яҳува лашкароне дорад, ки танҳо дар паи некӣ мебошанд. Яҳува дар Китоби Муқаддас садҳо бор «Худованди лашкарҳо» номида шудааст (1 Подшоҳон 1:3). Ӯ Фармондеҳи офаридаҳои пурқудрати рӯҳӣ аст, ки шумораи онҳо беҳисоб мебошад. Баъзан Яҳува хизматгорони заминиашро ба лашкар монанд мекунад (Ҳизқиёл 37:1–10). Агар мо бар зидди одамоне бароем, ки Яҳува ба онҳо ҳокимият додааст, магар онҳоеро, ки ҳамроҳи мо ҷанги рӯҳонӣ бурда истодаанд, зери хатар намегузорем? Вақте ки бародар ё хоҳаре бар зидди пирони таъиншуда мебарояд, аъзоёни дигари ҷамъомад низ зарар мебинанд (1 Қӯринтиён 12:14, 25, 26). Вақте ки фарзанд саркашӣ мекунад, ҳамаи аъзоёни оила азоб мекашанд. Ҳамин тавр бо инкишоф додани рӯҳияи ҳамкорӣ ва эҳтиром, мо нисбати одамон муҳаббати худро нишон медиҳем.
10, 11. Чаро метавон гуфт, ки эҳтиром кардани ҳокимият ба фоидаи мост?
Такрори Шариат 5:16; Эфсӯсиён 6:2, 3). Ӯ ба мо мегӯяд, ки пирони ҷамъомадро ҳурмат кунем, зеро агар чунин накунем, ин ба мо зарари рӯҳонӣ хоҳад расонд (Ибриён 13:7, 17). Ва боз ба мо мегӯяд, ки баҳри манфиати худ ба ҳокимияти давлатӣ итоат кунем (Румиён 13:4).
10 Ҳамчунин мо ҳокимиятро эҳтиром мекунем, чунки он ба худи мо фоида хоҳад овард. Вақте ки Яҳува аз мо эҳтиром кардани ҳокимиятро хоҳиш мекунад, Ӯ бисёр вақт манфиати онро ба мо нишон медиҳад. Масалан, Ӯ ба фарзандон мегӯяд, ки ба волидони худ итоат кунанд, то ки умри дароз бинанду хушу хурсандона зиндагӣ кунанд (11 Агар мо донем, ки чаро Яҳува итоаткориро аз мо талаб мекунад, магар ба мо эҳтиром кардани ҳокимият осонтар намегардад? Пас, биёед дида бароем, ки чӣ гуна мо дар се соҳаи асосии ҳаётамон ҳокимиятро эҳтиром карда метавонем.
ЭҲТИРОМ ДАР ОИЛА
12. Яҳува ба шавҳар ва падар кадом нақшро дар оила додааст ва чӣ тавр ӯ онро иҷро карда метавонад?
12 Яҳува Асосгузори оила мебошад. Ӯ чун Худои тартибу низом, оиларо тавре ташкил додааст, ки осоиштагӣ ва низом дар он ҳукмфармо бошад (1 Қӯринтиён 14:33). Ӯ ба падарону шавҳарон ҳокимият додааст, то ки онҳо чун сардорони оила амал кунанд. Агар шавҳар ба тарзи роҳбарӣ намудани Исо бар ҷамъомад пайравӣ намояд, ӯ ба Сарвари худ, Исои Масеҳ эҳтиром зоҳир мекунад (Эфсӯсиён 5:23). Ҳамин тавр, шавҳар набояд аз вазифаи худ даст кашад, балки далерона онро иҷро намояд; ӯ набояд бераҳм ё дағал бошад, баръакс меҳрубон, пурмуҳаббат ва боандеша бошад. Шавҳар дар хотир дорад, ки ҳокимияти ӯ дар оила нисбӣ аст: ҳокимияти ӯ ҳеҷ гоҳ аз ҳокимияти Яҳува боло нест.
Падар ба намунаи сарварӣ кардани Масеҳ пайравӣ мекунад
13. Чӣ гуна зан-модар нақши худро дар оила ба таври ба Яҳува писанд иҷро карда метавонад?
13 Зан–модар — ёрдамчии шавҳар ва мададгори ӯст. Ӯ низ дар оила дорои ҳокимият мебошад, чуноне ки дар Китоби Муқаддас фармуда шудааст: «Таълими модари худро рад накун» (Масалҳо 1:8). Албатта ҳокимияти ӯ маҳдуд аст: ӯ тобеи шавҳараш мебошад. Зани масеҳӣ ба шавҳараш дар иҷро кардани нақши сарварӣ дар оила кӯмак расонда, бо ин ба ҳокимияти ӯ эҳтиром зоҳир мекунад. Ӯ шавҳарашро паст намезанад, бар ӯ роҳбарӣ намекунад ва сарварии ӯро ба дасти худ намегирад. Баръакс, ӯ дар ҳама чиз шавҳарашро дастгирӣ мекунад. Агар ба ӯ қарорҳои шавҳараш маъқул набошанд, ӯ боэҳтиромона фикри худро иброз менамояд, аммо чун ҳарвақта ба ӯ итоат мекунад. Агар шавҳари масеҳизан Шоҳиди Яҳува набошад, ӯ бо ҳар гуна мушкилиҳо дучор гардида метавонад; вале бо рафтори намунавии худ шояд шавҳарашро барангезад, ки ба Яҳува наздик шавад. (1 Петрус 3:1-ро хонед.)
14. Чӣ тавр фарзандон метавонанд волидони худ ва Яҳуваро хурсанд гардонанд?
14 Вақте ки фарзандон падару модарашонро гӯш мекунанд, онҳо дили Яҳуваро шод мегардонанд. Инчунин фарзандон қадру қиммати волидонашонро мебардоранд ва ба онҳо хурсандӣ меоранд (Масалҳо 10:1). Дар оилаҳое, ки танҳо падар ё модар ҳаст, фарзандон бояд итоаткор бошанд ва фаҳманд, ки ӯ ба дастгириву ҳамкории фарзандон бештар мӯҳтоҷ аст. Дар оилаҳое ки ҳамаи аъзоёни оила нақшҳои аз ҷониби Худо доштаашонро иҷро мекунанд, хурсандиву осоиштагӣ ҳукмфармост. Бо ин Асосгузори ҳамаи оилаҳо — Яҳува Худо ҷалол меёбад (Эфсӯсиён 3:14, 15).
ЭҲТИРОМ ДАР ҶАМЪОМАД
15. a) Чӣ тавр мо дар ҷамъомад нишон дода метавонем, ки ҳокимияти Яҳуваро эҳтиром мекунем? б) Кадом принсипҳо ба мо кӯмак мерасонанд, ки ба онҳое ки бар дӯшашон роҳбарӣ гузошта шудааст, итоат кунем? (Ба замимаи « Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед» нигаред.)
15 Яҳува Худо Писари худро Сарвари ҷамъомади масеҳӣ таъин кардааст (Қӯлассиён 1:13). Исо дар навбати худ ба «ғуломи мӯътамад ва доно» супориш додааст, ки дар бобати ниёзҳои рӯҳонии халқи Худо дар замин ғамхорӣ кунад (Матто 24:45–47). Намояндаи ин синфи ғулом Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува мебошад. Чун ҷамъомади масеҳии асри як, имрӯз низ пирон маслиҳат ва ҳидоятро аз Ҳайати роҳбарикунанда бевосита ё тавассути намояндагон масалан, ба воситаи нозирони сайёр мегиранд. Вақте ки ҳар яки мо ҳокимияти пиронро эҳтиром менамоем, мо ба Яҳува итоат мекунем. (1 Таслӯникиён 5:12 ва Ибриён 13:17-ро хонед.)
16. Ба кадом маъно пирон тавассути рӯҳулқудс таъин карда мешаванд?
16 Пирон ва ходимони ёвар нокомил мебошанд. Онҳо низ мисли мо камбудӣ доранд. Бо вуҷуди ин, пирон — одамоне мебошанд, ки «чун инъомҳо ато» шудаанд, то ки барои рӯҳан мустаҳкам мондани ҷамъомад, кӯмак расонанд (Эфсӯсиён 4:8, ТДН). Пирон тавассути рӯҳулқудс таъин карда мешаванд (Аъмол 20:28). Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст? Чунки онҳо бояд пеш аз ҳама ба талаботи Каломи илҳомбахшидаи Худо мувофиқат кунанд (1 Тимотиюс 3:1–7, 12; Титус 1:5–9). Ғайр аз ин, вақте ки пирон ба талаботи Китоби Муқаддас мувофиқат кардани ин ё он бародарро дида мебароянд, онҳо аз таҳти дил барои роҳбарии рӯҳулқудси Яҳува дуо мегӯянд.
17. Барои чӣ масеҳизан дар баъзе мавридҳо ҳангоми иҷро кардани вазифаҳои муайян сарашро мепӯшонанд?
17 Баъзан дар ҷамъомадҳо чунин шуда метавонад, ки пирон ва ходимони ёваре, ки одатан вазифаҳои барояшон таъиншударо бояд иҷро кунанд, нестанд, масалан гузарондани вохӯриҳо барои мавъиза. Дар чунин мавридҳо ин вазифаҳоро дигар бародарони таъмидгирифта низ иҷро карда 1 Қӯринтиён 11:3–10) *. Ин талабот занро паст намезанад. Баръакс, он имконият медиҳад, ки зан ба сарварие, ки аз ҷониби Яҳува чӣ дар оила ва чӣ дар ҷамъомад дода шудааст, эҳтиром зоҳир намояд.
метавонанд. Агар чунин бародарон набошанд, он гоҳ ин вазифаҳоро хоҳарони мувофиқ иҷро карда метавонанд. Аммо зан ҳангоми иҷро кардани вазифае, ки одатан ба бародари таъмидгирифта дода мешавад, бояд сарашро пӯшонад (ЭҲТИРОМ КАРДАНИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ
18, 19. a) Чӣ гуна шумо принсипҳоеро, ки дар Румиён 13:1–7 омадаанд, мефаҳмондед? б) Чӣ гуна мо ба ҳокимиятҳои давлатӣ эҳтиром зоҳир мекунем?
18 Хизматгорони ҳақиқӣ аз рӯи принсипҳое, ки дар Румиён 13:1–7 оварда шудаанд, боинсофона амал мекунанд. (Хонед.) Ин порчаро хонда, мебинем, ки зери ибораи «ҳокимиятҳои боло» ҳокимиятҳои давлатӣ дар назар дошта шудаанд. То он даме, ки Яҳува Худо ба вуҷуд доштани ин ҳокимиятҳо роҳ медиҳад, онҳо то андозае бо нигоҳ доштани тартиб ва фароҳам овардани хизматрасониҳои зарурӣ, вазифаи муҳимро иҷро мекунанд. Агар қонунҳоро риоя кунем, мо ба ҳокимиятҳо эҳтироми худро нишон медиҳем. Мо бечунучаро ҳамаи андозҳои заруриро месупорем, варақаҳову ҳуҷҷатҳоеро, ки давлат аз мо талаб мекунад дуруст пур мекунем, тамоми қонунҳое, ки ба мо, ба оилаамон, ба кор ва дороиямон дахл доранд, иҷро мекунем. Аммо агар ҳокимиятҳои давлатӣ вайрон кардани қонуни Худоро аз мо талаб кунанд, мо ба онҳо итоат намекунем. Мо мисли расулон чунин ҷавоб хоҳем дод: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод» (Аъмол 5:28, 29; ба замимаи « Ман ба ҳокимияти кӣ бояд итоат кунам?», нигаред).
19 Ғайр аз ин, мо бо рафторамон нишон медиҳем, ки нисбати ҳокимияти давлатӣ эҳтиром дорем. Баъзе вақтҳо мо бевосита бо мансабдорони давлатӣ сару кор дошта метавонем. Аъмол 26:2, 25). Мо дар муносибат бо корманди давлат, хоҳ вай ҳокими пурқудрат бошад ё милисаи оддӣ, мо ба намунаи Павлус пайравӣ менамоем. Дар мактаб масеҳиёни ҷавон мекӯшанд, ки нисбати муаллимон, роҳбарияти мактаб ва дигар кормандон чунин эҳтиромро зоҳир намоянд. Албатта, мо на танҳо ба онҳое ки нисбати эътиқоди мо муносибати хуб доранд, ҳамчунин ба онҳое ки бадхоҳона мухолифи Шоҳидони Яҳува мебошанд, чунин эҳтиром зоҳир мекунем. Ҳақиқатан ҳам онҳое ки Шоҳиди Яҳува нестанд, умуман бояд эҳтироми моро эҳсос кунанд (Румиён 12:17, 18-ро хонед; 1 Петрус 3:15).
Павлуси расул бо чунин ҳокимон ба монанди шоҳ Ҳиродус Арғипос ва ҳоким Фестус вомехӯрд. Гарчанд ин одамон камбудии ҷиддӣ дошта буданд, Павлус ба онҳо бо эҳтиром муносибат мекард (20, 21. Баракатҳое, ки дар натиҷаи эҳтироми дуруст нисбати ҳокимият ба даст оварда мешаванд, кадоманд?
20 Биёед аз таҳти дил зоҳир намудани ҳурмату эҳтиромро давом диҳем. Петруси расул навишта буд: «Ҳамаро ҳурмат кунед» (1 Петрус 2:17). Вақте ки одамон мебинанд, ки мо онҳоро аз таҳти дил ҳурмат мекунем, ин метавонад ба онҳо таъсири сахт расонад. Дар хотир доред, ки зоҳир намудани ин хислат рӯз аз рӯз кам шуда истодааст. Мо ин хислатро зоҳир карда, ба аҳкоми зерини Исо гӯш медиҳем: «Бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд» (Матто 5:16).
21 Дар ин дунёи торик одамоне, ки дили нек доранд, сӯи нури рӯҳонӣ наздик шуда истодаанд. Ҳамин тавр дар оила, дар ҷамъомад ва дар ҷойҳои дигар ҳурмату эҳтиром нишон доданамон, метавонад ба баъзеҳо таъсир расонда, онҳоро барои бо мо дар нур гаштан барангезад. Чӣ умеди олиҷанобе! Ҳатто агар чунин нашавад ҳам, мо дар як чиз метавонем боварӣ дошта бошем: ҳурмату эҳтироми мо ба одамон Яҳуваро шод мегардонад ва ба мо барои худро дар муҳаббати Ӯ нигоҳ доштан кӯмак мерасонад. Магар мукофоти аз ин беҳтаре вуҷуд дошта метавонад?
^ сарх. 17 Дар Замимаи «Кай ва барои чӣ сарро пӯшондан зарур аст?» барои ба кор бурдани ин принсип, якчанд мисолҳо дида баромада мешаванд.