Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ШОГИРД ТАЙЁР КУНЕД

ДАРСИ 11

Одӣ ҳарф занед

Одӣ ҳарф занед

Маслиҳат: «Агар шумо сухани норавшане гӯед, одам аз куҷо донад, ки шумо чӣ гуфта истодаед?» (1 Қӯр. 14:9).

Исо чӣ кор кард?

1. ВИДЕОРО тамошо кунед ё Матто 6:25–27-ро хонед. Сипас дар бораи саволҳои зерин фикр кунед:

  1.   а) Чӣ тавр Исо ғамхор будани Падарамонро нишон дод?

  2.  б) Ҳарчанд Исо дар бораи парандаҳо бисёр маълумот дошт, ӯ диққатро фақат ба кадом чиз равона кард? Барои чӣ ин тарзи таълим беҳтарин буд?

Мо аз Исо чӣ дарс мегирем?

2. Вақте мо одӣ таълим медиҳем, суханонамон дилрасу хотирмон мегарданд.

Мисли Исо амал кунед

3. Аз ҳад зиёд гап назанед. Ҳама чизеро, ки дар бораи мавзуъ медонед, нагӯед, беҳтараш диққатро ба чизе, ки дар дастурамали омӯзишӣ навишта шудааст, равона созед. Баъд аз додани савол пурсаброна ҷавоби омӯзандаро интизор шавед. Агар ӯ ҷавобро надонад ё фикреро гӯяд, ки бар зидди таълимоти Китоби Муқаддас аст, бо ёрии саволҳои иловагӣ ӯро сӯйи ҷавоби дуруст раҳнамоӣ кунед. Ҳамин ки омӯзанда фикри асосиро аз худ кард, дарсро давом диҳед.

4. Маълумоти навро бо маълумоте, ки омӯзанда медонад, пайваст кунед. Масалан, пеш аз сар кардани дарс, дар бораи зиндашавӣ, шумо метавонед он чизҳоеро, ки омӯзанда аллакай дар бораи ҳолати мурдагон медонад, кӯтоҳакак такрор кунед.

5. Мисолҳоро санҷида кор фармоед. Пеш аз ягон мисол овардан аз худ пурсед:

  1.   а) Оё ин мисол сода аст?

  2.  б) Оё омӯзандаам онро тез мефаҳмад?

  3.  в) Оё он барои омӯзандаам фикри асосиро равшан месозад? Ё дар ёди вай фақат худи мисол мемонад?

ҲАМЧУНИН НИГАРЕД БА