СУҲБАТРО САР КУНЕД
ДАРСИ 2
Табиӣ гап занед
Маслиҳат: «Чӣ хуш аст сухани бамаврид!» (Пнм. 15:23).
Филиппус чӣ кор кард?
1. ВИДЕОРО тамошо кунед ё Корнома 8:30, 31-ро хонед. Сипас дар бораи саволҳои зерин фикр кунед:
Мо аз Филиппус чӣ дарс мегирем?
2. Агар мо табиӣ гап занем, ҳамсуҳбатамон худро озодтар ҳис мекунад ва ба суханамон хубтар гӯш медиҳад.
Мисли Филиппус амал кунед
3. Мулоҳизакор бошед. Вақте ба тарзи истодан, имову ишора ва қиёфаи шахс аҳамият медиҳед, дар бораи ӯ бисёр чизро мефаҳмед. Масалан, мефаҳмед, ки оё ӯ хоҳиши суҳбат кардан дорад ё не. Шумо метавонед суҳбатро бо саволе сар карда шахсро бо ягон фикре аз Китоби Муқаддас шинос кунед. Масалан чунин гӯед: «Оё шумо медонистед, ки..?» Агар одам гап задан нахоҳад, маҷбур накунед.
4. Пурсабр бошед. Фикр накунед, ки шумо бояд даррав аз Китоби Муқаддас гап занед. Беҳтараш фурсати мувофиқро интизор шавед. Вақте дар омади гап дар бораи ростӣ гап мезанед, суҳбат табиитар мегузарад. Баъзан, шояд, дар бораи хушхабар ҳангоми суҳбати аввал неву дафъаи дигар гап задан лозим ояд.
5. Ба вазъият мутобиқ шавед. Ҳангоми суҳбат шахс метавонад дар бораи мавзуе гап занад, ки шумо интизор набудед. Барои ҳамин тайёр бошед дар бораи он чизе гап занед, ки ба ӯ шавқовар аст, на дар бораи мавзуи тайёркардаатон.