Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

СУҲБАТРО САР КУНЕД

ДАРСИ 4

Хоксорӣ

Хоксорӣ

Маслиҳат: «Хоксорона дигаронро аз худ боло донед» (Флп. 2:3).

Павлус чӣ кор кард?

1. ВИДЕОРО тамошо кунед ё Корнома 26:2, 3-ро хонед. Сипас дар бораи саволҳои зерин фикр кунед:

  1.   а) Чӣ тавр Павлус ҳангоми бо шоҳ Ағрипос суҳбат карданаш хоксорӣ нишон дод?

  2.  б) Чӣ хел ӯ диққатро ба худаш неву ба Яҳува ва Навиштаҳо равона кард? (Ба Корнома 26:22 нигаред.)

Мо аз Павлус чӣ дарс мегирем?

2. Агар мо бо хоксорӣ ва ҳурмату эҳтиром гап занем, хушхабар барои шахс боз ҳам ҷолибтар мешавад.

Мисли Павлус амал кунед

3. Бо ҳурмату эҳтиром гап занед. Худро донову ҳамсуҳбататонро нодон нишон надиҳед. Ҳангоми суҳбат нисбати шахс эҳтиромро нигоҳ доред.

4. Нишон диҳед, ки суханонатон аз Китоби Муқаддасанд. Каломи Худо ба дили одамон таъсир расонида метавонад. Аз ин рӯ вақте мо онро дар хизмат истифода мебарем, имони одамонро бар таҳкурсии дуруст мегузорем.

5. Орому мулоим бошед. Ду пойи худро дар як мӯза монда ҳақ будани гапатонро исбот накунед. Мо бо ҳеҷ кас баҳс кардан намехоҳем. Хоксории мо дар он дида мешавад, ки ҳангоми суҳбат ором мемонему медонем, ки кай суҳбатро анҷом дода, аз он ҷо равем (Пнм. 17:14; Тит. 3:2). Агар шумо бо оромиву мулоимӣ гап занед, шояд, шахс дафъаи дигар ба хушхабар гӯш диҳад.

ҲАМЧУНИН НИГАРЕД БА