Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

СУҲБАТРО САР КУНЕД

ДАРСИ 6

Далерӣ

Далерӣ

Маслиҳат: «Бо ёрдами Худо далерӣ пайдо кардему. . . хушхабарро ба шумо расондем» (1 Тас. 2:2).

Исо чӣ кор кард?

1. ВИДЕОРО тамошо кунед ё Луқо 19:1–7-ро хонед. Сипас дар бораи саволҳои зерин фикр кунед:

  1.   а) Чаро, шояд, баъзе одамон бо Заккай сарукор доштан намехостанд?

  2.  б) Чаро, ба ҳар ҳол, Исо ба ӯ хушхабарро расонд?

Мо аз Исо чӣ дарс мегирем?

2. Барои он ки одам ҷудо накарда хушхабари Подшоҳиро расонем, ба мо далерӣ лозим аст.

Мисли Исо амал кунед

3. Ба Яҳува такя кунед. Рӯҳи Худо ба Исо қувват бахшид, ки хушхабарро паҳн кунад ва он ба шумо низ ёрдам мекунад (Мат. 10:19, 20; Луқ. 4:18). Аз Яҳува далерӣ пурсед, то ба одамоне, ки аз онҳо метарсед, хушхабарро расонда тавонед (Кор. 4:29).

4. Бадгумонӣ накунед. Баъзан мо аз сабаби афту андом, вазъи молӣ, мавқеи шахс дар ҷомеа, тарзи ҳаёт ё эътиқоди динии шахс бо вай гап задан нахоҳем ё ҷуръат накунем. Лекин дар ёд доред, ки. . .

  1.   а) Яҳува ва Исо дили одамро мебинанд, мо бошем не.

  2.  б) Лутфу марҳамати Яҳува ба ҳама дастрас аст.

5. Далер бошед, вале одобу эҳтиётро фаромӯш накунед (Мат. 10:16). Баҳс накунед. Агар одам хушхабарро гӯш кардан нахоҳад ё шумо хатарро ҳис кунед, бо мулоимӣ ва эҳтиром суҳбатро бас кунед (Пнм. 17:14).

ҲАМЧУНИН НИГАРЕД БА