Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ШАВҚМАНДОНРО ХАБАР ГИРЕД

ДАРСИ 7

Боисрорӣ

Боисрорӣ

Маслиҳат: «Онҳо ҳар рӯз. . . таълим медоданд ва хушхабарро. . . эълон мекарданд» (Кор. 5:42).

Павлус чӣ кор кард?

1. ВИДЕОРО тамошо кунед ё Корнома 19:8–10-ро хонед. Сипас дар бораи саволҳои зерин фикр кунед:

  1.   а) Чӣ тавр Павлус новобаста ба муқобилати баъзеҳо ба шавқмандон кумак карданро давом медод?

  2.  б) Барои таълим додани шавқмандон Павлус чӣ кор мекард ва ин чӣ қадар давом ёфт?

Мо аз Павлус чӣ дарс мегирем?

2. Мо бояд вақту қувватамонро дареғ надошта боздидҳои самаранок кунем ва омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кунем.

Мисли Павлус амал кунед

3. Одамро дар вақти барои ӯ қулай хабар гиред. Аз худ пурсед: «Кай ва дар куҷо ӯро ёфтан мумкин? Дар кадом вақт гап задан ба вай қулайтар аст?» Ба шумо қулай набошад ҳам, кӯшиш кунед шавқмандро дар вақти гуфтагияш хабар гиред.

4. Пешакӣ гапзанон кунед. Дар охири ҳар як суҳбат, гапзанон кунед, ки дафъаи дигар кай ба наздаш меоед. Сипас дар вақти ваъдагӣ биёед.

5. Умедатонро наканед. Агар одам серкор бошад ё ӯро дар хонааш наёбед, даррав хулоса накунед, ки вай шавқ надорад (1 Қӯр. 13:4, 7). Бо ҳар роҳ кӯшиш кунед бо ӯ ҳамсуҳбат шавед, вале бинед, ки вақтатон беҳуда наравад (1 Қӯр. 9:26).