Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ШАВҚМАНДОНРО ХАБАР ГИРЕД

ДАРСИ 8

Пуртоқатӣ

Пуртоқатӣ

Маслиҳат: «Муҳаббат пуртоқат. . . аст» (1 Қӯр. 13:4).

Исо чӣ кор кард?

1. ВИДЕОРО тамошо кунед ё Юҳанно 7:3–5 ва 1 Қӯринтиён 15:3, 4, 7-ро хонед. Сипас дар бораи саволҳои зерин фикр кунед:

  1.   а) Дар аввал бародарони Исо ба хабари ӯ чӣ хел муносибат карданд?

  2.  б) Аз куҷо маълум аст, ки Исо ба Яъқуби бародараш кумак карданро давом медод?

Мо аз Исо чӣ дарс мегирем?

2. Мо бояд пурсабр бошем, чунки ба баъзеҳо барои қабул кардани ростӣ вақти зиёдтар даркор аст.

Мисли Исо амал кунед

3. Тарзҳои гуногунро истифода баред. Агар шахс дарҳол ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ нашавад, ба ӯ фишор наоред. Вақте имконият пайдо шавад, бо ёрии видеонавору мақолаҳо ба ӯ нишон диҳед, ки омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ тавр мегузарад ва ин ба ӯ чӣ фоида меорад.

4. Муқоиса накунед. Панҷ панҷа баробар нест — одамон ҳар хел мешаванд. Агар ягон узви оилаатон ё шахсе, ки боздид мекунед, дар сар кардани омӯзиш ё қабул кардани ягон таълимоти Китоби Муқаддас дудила бошад, фикр кунед, ки сабабаш чист. Мумкин барояш аз ягон таълимоти динаш дил кандан душвор аст? Ё, шояд, хешу табор ва шиносон ба ӯ фишор меоранд? Ба ӯ вақт диҳед, то дар бораи маслиҳатҳои Китоби Муқаддас фикр кунад ва арзишашонро дарк намояд.

5. Дуо гӯед. Аз Яҳува ёрӣ пурсед, ки умедатонро аз шавқманд наканед ва доим аз рӯйи одоб гап занед. Агар шахс ба назаратон он қадар шавқманд натобад, дар дуо маслиҳат пурсед, ки пешаш рафтан меарзад ё не (1 Қӯр. 9:26).

ҲАМЧУНИН НИГАРЕД БА