Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ЗАМИМАИ В

Чӣ тавр бо ёрии адабиёти «То абад зинда бошед!» омӯзиш гузарондан мумкин аст?

Чӣ тавр бо ёрии адабиёти «То абад зинда бошед!» омӯзиш гузарондан мумкин аст?

Бародарон барои омода кардани адабиёти «То абад зинда бошед!» бисёр дуо гуфта, тадқиқ кардаанд. Барои он ки аз ин китоб самаранок истифода баред, ҳангоми гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддас маслиҳатҳои зеринро ба кор баред:

Пеш аз омӯзиш

  1. 1. Нағз тайёрӣ бинед. Дар бораи ниёз, вазъият ва ба чӣ бовар доштани омӯзандаатон фикр кунед. Мулоҳиза ронед, ки барои ӯ фаҳмидан ё ба кор бурдани кадом фикрҳо душвор мешавад ва чӣ тавр маводи бахши «Дида бароед» ба омӯзандаатон кумак карда метавонад. Агар лозим шавад, маълумоти ин бахшро ҳангоми омӯзиш ба кор баред.

Дар вақти омӯзиш

  1. 2. Агар омӯзандаатон розӣ бошад, дар аввал ва охири омӯзиш дуо гӯед.

  2. 3. Бисёр гап назанед. Диққатро ба маълумоти дарс равона созед ва гузоред, ки омӯзанда фикрашро баён кунад.

  3. 4. Ҳангоми сар кардани фасли нав пешгуфтори онро хонед ва номи якчанд дарсро қайд кунед.

  4. 5. Дар охири фасл бо ёрии бахши «Такрор» ба омӯзандаатон ёри диҳед, ки ҳақиқатҳои омӯхтаашро ба ёд орад.

  5. 6. Ҳангоми дида баромадани ҳар як дарс:

    1. а) Сархатҳоро хонед.

    2. б) Оятҳоеро, ки бо «хонед» ишора шудаанд, хонед.

    3. в) Ниёзи омӯзандаатонро ба назар гирифта бинед, ки аз дигар оятҳо кадомашро хондан зарур аст.

    4. г) Видеоҳоеро, ки «тамошо кунед» навишта шудааст, монед (агар бароятон дастрас бошанд).

    5. ғ) Ба омӯзандаатон саволҳои дарсро диҳед.

    6. д) Диққатро ба расмҳои бахши «Бештар фаҳмед» равона намуда аз ӯ хоҳиш кунед, ки онҳоро шарҳ диҳад.

    7. е) Бо ёрии чорчӯбаи «Мақсад» ба омӯзандаатон кумак кунед, ки пешравӣ кунад. Ӯ метавонад дар пеши худ мақсади дар ин чорчӯба навишташуда, дигар мақсадҳо ё ҳар дуро монад.

    8. ё) Аз омӯзандаатон пурсед, ки ҳангоми тайёрӣ кадом маълумот аз бахши «Дида бароед» ба ӯ маъқул шуд.

    9. ж) Ҳаракат кунед, ки як дарсро дар як бор гузаред.

Баъди омӯзиш

  1. 7. Доимо дар бораи омӯзандаатон фикр кунед. Ба Яҳува дуо гӯед, ки кӯшишҳои омӯзандаатонро баракат диҳад ва аз Худо хирад пурсед, ки ба ӯ кумаки лозимаро расонида тавонед.