ҚИСМИ 2
Ба якдигар вафодор бошед
«Пас он чиро, ки Худо ба ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Марқӯс 10:9).
Яҳува ба мо амр медиҳад: «Хиёнат накунед» (Малокӣ 2:16). Махсусан дар издивоҷ хиёнат накардан, яъне ба якдигар вафодор будан муҳим аст, зеро агар дар оила вафодорӣ набошад, ба якдигар боварӣ ҳам намешавад. Ва боварӣ бошад, барои инкишоф додани муҳаббат зарур аст.
Имрӯз вафодорӣ дар издивоҷ зери фишор қарор дорад. Барои издивоҷатонро муҳофизат кардан, шумо бояд бо омодагӣ ду чизро иҷро намоед.
1 ИЗДИВОҶАТОНРО ДАР ҶОИ АВВАЛ ГУЗОРЕД
КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Дарк намоед, ки чӣ беҳтар аст» (Филиппиён 1:10). Издивоҷи шумо яке аз чизҳои муҳим дар ҳаётатон мебошад. Дар ҳақиқат издивоҷро дар ҷои аввал гузоштан арзанда аст.
Яҳува мехоҳад, ки шумо диққататонро ба ҳамсаратон равона карда, якҷоя «аз зиндагӣ лаззат» баред (Воиз 9:9). Ӯ аниқ мегӯяд, ки шумо ба ҳамсаратон набояд ҳеҷ гоҳ беаҳамиятӣ кунед. Баръакс, бояд роҳҳоеро ҷӯед, ки ҳар яки шуморо хушбахт гардонад (1 Қӯринтиён 10:24). Тавре амал намоед, ки ҳамсаратон худро шахси азиз ва боқадр ҳис кунад.
ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:
-
Мунтазам бо якдигар вақт гузаронед ва таваҷҷӯҳи худро пурра ба ҳамсаратон равона созед
-
Танҳо дар бораи худ фикр накунед
2 ДИЛАТОНРО ҲИФЗ КУНЕД
КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад» (Матто 5:28). Агар шахс дар бораи чизҳои бадахлоқона фикр кардан гирад, бо маъное вай ба ҳамсараш хиёнат мекунад.
Яҳува ба мо мегӯяд, ки «дили худро маҳфуз дор» (Масалҳо 4:23; Ирмиё 17:9). Барои инро кардан шумо бояд чашмони худро идора кунед (Матто 5:29, 30). Ба намунаи Айюб-пайғамбар пайравӣ кунед, ки ӯ бо чашмони худ аҳд баста буд, ки ҳеҷ гоҳ ба зани дигар бо шаҳват наменигарад (Айюб 31:1). Устуворона қарор кунед, ки ҳеҷ гоҳ порнография тамошо намекунед. Бо қатъият аз ҳар гуна ҳиссиётҳои ошиқона бо шахсе ки ҳамсари шумо нест, дурӣ ҷӯед.
ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:
-
Ба дигарон аён созед, ки шумо ба ҳамсаратон пурра вафодор ҳастед
-
Дар бораи ҳиссиётҳои ҳамсаратон фикр кунед ва ҳар муносибатеро ки ҳамсаратон аз он нороҳат мегардад, дарҳол бартараф намоед