Сарсухан
Дар ин рӯзҳои душвор, ки издивоҷ ва оилаҳо зери фишор қарор доранд, оё доштани оилаи хушбахт имконпазир аст? Албатта доштани оилаи хушбахт осон нест, лекин барои ин кӯмаки амалӣ вуҷуд дорад. Гарчанд ин брошура роҳнамои пурра барои издивоҷ набошад ҳам, дар он аз Китоби Муқаддас принсипҳо ва маслиҳатҳои амалӣ оварда шудааст. Агар онҳоро дар амал дуруст истифода баред, ин ба хушбахтии оилатон мусоидат хоҳад кард.