ҚИСМИ 4
Чӣ тавр пулро бояд сарфакорона истифода бурд?
«Нақшаҳо бо машварат ба амал меояд» (Масалҳо 20:18).
Ба ҳамаи мо барои оилаамонро бо чизҳои лозима таъмин кардан пул лозим аст (Масалҳо 30:8). Охир, пул барои одамизод чун «соя», яъне ҳимоя аст (Воиз 7:12). Чун ҷуфт ба шумо шояд дар бораи пул гап задан душвор бошад, лекин нагузоред, ки пул дар издивоҷатон сабаби пайдо гаштани душвориҳо гардад (Эфсӯсиён 4:32). Ҳамсарон бояд ба якдигар боварӣ дошта бошанд ва якҷоя қарор кунанд, ки чӣ тавр пулро истифода хоҳанд бурд.
1 БОДИҚҚАТ НАҚША КАШЕД
КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Кист аз шумо, ки бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ӯ имконияти ба анҷом расондани онро дорад» (Луқо 14:28). Аз ин рӯ барои чӣ тавр истифода бурдани пул муҳим аст, ки якҷоя нақша кашед (Омӯс 3:3). Шумо метавонед пешакӣ дида бароед, ки ба харидани чӣ эҳтиёҷ доред ва чӣ қадар пулро сарф бояд кард (Масалҳо 31:16). Аз он ки шумо барои харидани чизе пул доред, ин чунин маъно надорад, ки бояд онро харед. Кӯшиш кунед, ки қарз нагиред. Ва танҳо пули доштаатонро сарф кунед (Масалҳо 21:5; 22:7).
ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:
-
Агар дар охири моҳ пули шумо зиёдатӣ монад, якҷоя ҳал кунед, ки онро ба чӣ сарф мекунед
-
Агар пулатон камӣ кунад, пас барои камтар кардани хароҷотатон нақшаи махсусе тартиб диҳед. Масалан, шумо метавонед, ба ҷои дар дигар ҷойҳо хӯрок хӯрдан, худатон дар хона хӯрок тайёр кунед
2 БОИНСОФ ВА БА ПУЛ НАЗАРИ ДУРУСТ ДОШТА БОШЕД
КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Ҳар яке ба ёри худ рост гӯед» (Эфсӯсиён 4:25). Аз рӯи инсоф амал намуда, оиди чӣ қадар пул кор кардану хароҷот намуданатон ба ҳамсари худ росташро гӯед.
Агар шумо оиди ягон масъалаи бо пул алоқаманд қарори ҷиддӣ бароварданӣ бошед, ҳамеша бо ҳамсари худ маслиҳат кунед (Масалҳо 13:10). Оиди истифодаи пул гуфтугузор кардан, кӯмак мекунад то дар издивоҷатон фазои сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармо бошад. Ба даромадатон чун ба пули оилавӣ нигаред, на ҳамчун пули шахсӣ (1 Тимотиюс 5:8).
ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:
-
Оиди он ки ҳар яки шумо чӣ қадар пулро бе маслиҳати якдигар сарф карда метавонед, муҳокима кунед
-
То сар задани душворӣ интизор шуда наистед, балки пешакӣ дар бораи истифодаи пул гапзанон кунед