БОБИ ЁЗДАҲ
Барои чӣ дунё пур аз ранҷу азоб аст?
1, 2. Чӣ бисёриҳоро ба ташвиш меорад?
СЕЛИ калоне қишлоқеро шуста мебарад. Як гурӯҳ террористон ба меҳмонхонае даромада тирпарронӣ мекунанд. Баъзе одамон захмдор ва дигарон кушта мешаванд. Модаре, ки панҷ фарзанд дорад, аз бемории саратон мемурад.
2 Вақте ки одамон дар бораи ин гуна воқеаҳои даҳшатовар мешунаванд, онҳо чунин савол медиҳанд: «Барои чӣ?» Онҳо ғам мехӯранд, ки барои чӣ дунё пур аз ранҷу азоб ва бадбинӣ аст. Оё шумо ҳам ягон бор ҳамин хел савол дода будед?
3, 4. а) Оё пурсидани он ки чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад, нодуруст аст? Фаҳмонед. б) Яҳува ба бадӣ ва ранҷу азоби одамон чӣ хел менигарад?
3 Додани ин хел саволҳо нодуруст нест. Аз Китоби Муқаддас мо мефаҳмем, ки ҳатто одамоне, ки ба Худо имони мустаҳкам доштанд, чунин саволҳо медоданд. Масалан, пайғамбар Ҳабаққуқ аз Яҳува пурсида буд: «Чаро ҷафоро ба ман нишон медиҳӣ, ва ба хабосат [бадкирдорӣ] назар меандозӣ, дар сурате ки тороҷ ва ситам дар рӯ ба рӯи ман аст, ва ҷангу ҷидол ба миён меояд ва ситезакорӣ сар мебардорад?» (Ҳабаққуқ 1:3).
4 Дар Ҳабаққуқ 2:2, 3 навишта шудааст, ки Худо ба саволи ин пайғамбар чӣ ҷавоб дод. Худо ба ӯ ваъда дод, ки вазъиятро дигар мекунад. Яҳува одамонро сахт дӯст медорад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:7). Яҳува ранҷу азобро аз мо зиёдтар бад мебинад (Ишаъё 55:8, 9). Ин хел бошад, чаро дунё пур аз ранҷу азоб аст? Биёед мебинем.
ЧАРО ОДАМОН ИН ҚАДАР АЗОБ МЕКАШАНД?
5. Вақте ба сари одамон бадбахтиҳо меоянд, бисёри роҳбарони дин чӣ мегӯянд? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
5 Вақте одамон ранҷу азоб мекашанд, бисёри роҳбарони дин мегӯянд, ки ин хости Худост. Дигарон мегӯянд, ки ҳар чизе, ки дар ҳаёти одам мешавад, дар пешониаш навишта шудааст. Вақте ягон кӯдак ё одами нағз мемурад, баъзеҳо мегӯянд, ки «Худо гулчин аст» ва онҳоро назди худаш гирифтааст. Аммо ин дурӯғ аст. Яҳува ҳеҷ гоҳ сабабгори бадбахтиҳо шуда наметавонад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки чунин шуданаш номумкин аст, ки «аз Худо шарорате сар барзанад, ва аз Қодир ноинсофие» (Айюб 34:10).
6. Чаро бисёриҳо ба ҳама ранҷу азобҳо Худоро айбдор мекунанд?
6 Бисёриҳо гумон мекунанд, ки ба ҳама ранҷу азобҳо Худо айбдор аст. Онҳо фикр мекунанд, ки ин ҷаҳонро Худо роҳбарӣ мекунад. Аммо чи тавре ки аз боби сеюм фаҳмидем, ҳокими ин ҷаҳон Шайтон Иблис аст.
7, 8. Чаро ҷаҳон пур аз азоб аст?
7 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки «тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати иблис аст» (1 Юҳанно 5:19). Ҳокими ин ҷаҳон, Шайтон, бераҳму шафқат аст. Вай «тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад» (Ваҳй 12:9). Барои ҳамин одамони бисёр мисли вай бераҳм шуда истодаанд. Ин яке аз сабабҳоест, ки чаро ҷаҳон пур аз дурӯғ, бадбинӣ ва бераҳмист.
8 Боз дигар сабабҳо ҳастанд, ки чаро ҷаҳон пур аз азоб аст. Вақте Одаму Ҳавво Худоро гӯш накарданд, гунаҳкор шуданд. Ҳамин тавр гуноҳ ба фарзандонашон гузашт. Гуноҳ боз як сабаби бадбахтӣ ва ранҷу Воиз 4:1; 8:9). Баъзан одам метавонад аз сабаби дар «вақти номусоид» ё дар ҷойи номуносиб буданаш ба фалокат дучор шавад (Воиз 9:11). Яъне бадбахтиҳо ногаҳон ба сари одам меоянд ва дар ин ҷо Худо айбдор нест.
азоби одамон аст. Одамони гунаҳкор мехоҳанд, ки аз дигарон болотар бошанд. Онҳо барои мансаб талош мекунанд, бо якдигар ҷанг мекунанд ва якдигарро азоб медиҳанд (9. Чаро мо гуфта метавонем, ки Худо барои роҳ додани ранҷу азобҳо сабаби муҳим дорад?
9 Яҳува ҳеҷ гоҳ бадӣ намекунад. Ӯ ба ҷиноятҳо ва ҷангу ҷидолҳои одамон айбдор нест. Инчунин Худо ба рӯй додани заминҷунбиҳо, тӯфонҳо, обхезиҳо ва дигар фалокатҳо айбдор нест. Аммо ба ҳар ҳол, мумкин, шуморо як савол азоб диҳад: «Агар Яҳува Худои пурқудрат бошад, барои чӣ Ӯ ранҷу азобро нест намекунад?» Мо медонем, ки Худо моро дӯст медорад. Барои ҳамин мо гуфта метавонем, ки Ӯ барои роҳ додани ранҷу азобҳо сабаби муҳим дорад (1 Юҳанно 4:8).
ЧАРО ХУДО БА РАНҶУ АЗОБ РОҲ МЕДИҲАД?
10. Шайтон дар бораи Яҳува чӣ гуфт?
10 Дар боғи Адан Шайтон Одаму Ҳавворо фиреб дод. Ӯ гуфт, ки Яҳува ҳокими бад аст ва чизи хуберо аз онҳо пинҳон кардааст. Шайтон мехост, то онҳо бовар кунанд, ки вай аз Яҳува беҳтар ҳукмронӣ мекунад ва онҳо ба Худо мӯҳтоҷ нестанд (Ҳастӣ 3:2–5; нигаред ба Мавзӯи 26).
11. Мо бояд ҷавоби кадом саволро донем?
11 Одаму Ҳавво ба гапи Худо гӯш надоданд ва бар зидди Ӯ баромаданд. Онҳо фикр карданд, ки худашон ҳам мисли Худо ҳақ доранд гӯянд, ки чӣ хуб асту чӣ бад. Чӣ тавр Яҳува нишон дода метавонист, ки ин корашон нодуруст аст ва танҳо Ӯ медонад чӣ барои мо хуб аст?
12, 13. а) Барои чӣ Яҳува Одаму Ҳавворо ҳамон замон нест накард? б) Чаро Яҳува гузошт, ки Шайтон ҳокими ҷаҳон шавад ва одамон ҳукуматҳои худро ташкил кунанд?
12 Яҳува Одаму Ҳавворо ҳамон замон нест накард. Ӯ гузошт, ки онҳо фарзанд таваллуд кунанд. Фарзандони онҳо ҳам метавонистанд худашон интихоб кунанд, ки ба кӣ гӯш диҳанд. Худо ният дошт, ки одамони бегуноҳ рӯйи заминро пур кунанд. Ҳамин хел нигоҳ накарда ба кӯшишҳои Шайтон ин нияти Худо бояд иҷро мешуд (13 Шайтон дар пеши миллионҳо фариштагон Яҳуваро тӯҳмат кард (Айюб 38:7; Дониёл 7:10). Яҳува ба Шайтон вақт дод, то ҳақ будани гапашро исбот кунад. Ҳамчунин Ӯ ба одамон вақт дод, то зери роҳбарии Шайтон ҳукуматҳои худро ташкил кунанд ва нишон диҳанд, ки бе ёрдами Худо ҳам хушбахт буда метавонанд.
14. Вақт чиро нишон дод?
14 Дар давоми ҳазорсолаҳо одамон кӯшиш карданд, ки бе Худо ҳукмронӣ кунанд, лекин аз ӯҳдаи ин набаромаданд. Ҳамин хел маълум шуд, ки Шайтон дурӯғгӯй аст ва одамон бе ёрдами Худо нағз роҳбарӣ карда наметавонанд. Шоҳ Сулаймон дар ин бора гуфта буд: «Бисёр вақтҳо одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (Воиз 8:9).
БАРОИ ЧӢ ЯҲУВА ДУРУДАРОЗ ТОҚАТ МЕКУНАД?
15, 16. а) Барои чӣ Яҳува роҳ дод, ки ранҷу азоби одамон дурудароз давом ёбад? б) Барои чӣ Яҳува пеши роҳи бадиҳоро намегирад?
15 Барои чӣ Яҳува роҳ дод, ки ранҷу азоби одамон дурудароз давом ёбад? Барои чӣ Ӯ пеши роҳи бадиҳоро намегирад? Барои он ки вақт даркор буд, то бебарор будани роҳбарии Шайтон исбот шавад. Одамон ҳар гуна сохти ҳукмрониро санҷиданд, лекин ҳеҷ яке
аз онҳо хушбахтӣ наоварданд. Ҳарчанд илму техника пешравӣ мекунад, дар ҷаҳон беинсофӣ, камбағалӣ, ҷинояткорӣ ва ҷанг рӯз аз рӯз бисёр шуда истодааст. Одамон бе Худо хушбахт буда наметавонанд.16 Барои чӣ Яҳува душвориҳоеро, ки аз сабаби ҳукмронии Шайтон пайдо мешаванд, ҳал намекунад? Агар Ӯ ин хел мекард, ин нишон медод, ки Худо ҳукмронии Шайтонро дастгирӣ мекунад. Ҳамчунин агар Худо ҳама душвориҳоро ҳал мекард, он вақт одамон фикр мекарданд, ки худашон ҳам нағз ҳукмронӣ карда метавонанд. Лекин ин дурӯғ аст ва, агар Яҳува ҳукмронии одамонро дастгирӣ мекард, шарики дурӯғи онҳо мешуд. Худо бошад, ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯяд (Ибриён 6:18).
17, 18. Чӣ тавр Яҳува зарари расондаи Шайтонро нест мекунад?
17 Оё Яҳува душвориҳоеро, ки аз сабаби Шайтон ва беитоатии одамон пайдо шуданд, пурра нест карда метавонад? Албатта, метавонад. Аз дасти Яҳува ҳама кор меояд. Баъди он ки дурӯғгӯй будани Шайтон пурра исбот мешавад, Яҳува ҳамаи душвориҳоро ҳал мекунад. Чи хеле ки Яҳува мақсад дошт, замин аз нав биҳишт мешавад. Мурдагон зинда мешаванд (Юҳанно 5:28, 29). Дигар одамон касал намешаванд ва намемуранд. Исо «аъмоли иблисро вайрон» мекунад ва ҳама зарари расонидаи вайро нест мекунад (1 Юҳанно 3:8). Ҳозир бошад, Яҳува сабру тоқат карда истодааст, то мо дар борааш фаҳмем ва Ӯро Ҳокими худ интихоб кунем. (2 Петрус 3:9, 10-ро хонед.) Ҳарчанд мо бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем, Яҳува ба мо ёрдам мекунад, ки онҳоро паси сар кунем. (1 Тимотиюс 2:4; 1 Қӯринтиён 10:13-ро хонед.)
18 Яҳува моро маҷбур намекунад, ки Ӯро Ҳокими худ интихоб кунем. Ӯ ба одамон атои бебаҳо — озодии
интихоб дод. Биёед фаҳмем, ки ин чӣ маъно дорад.ШУМО АТОИ ОЗОДИИ ИНТИХОБРО ЧӢ ТАВР ИСТИФОДА МЕБАРЕД?
19. Яҳува ба мо чӣ гуна атои бебаҳо додааст? Чаро мо бояд барои ин ато миннатдор бошем?
19 Ҳайвонҳо асосан аз рӯйи майли табиӣ (инстинкт) рафтор мекунанд ва қобилияти фарқ кардани неку бадро надоранд (Масалҳо 30:24–28). Одамон бошанд, соҳиби ихтиёранд, яъне мо худамон қарор мебарорем, ки чӣ хел зиндагӣ кунем. Инчунин мо робот нестем, ки аз рӯйи як барномаи аниқ рафтор кунем. Яҳува мехоҳад, ки мо аз ҳаёт хурсандӣ гирем. Барои ҳамин Ӯ ба мо иҷозат додааст, то худамон интихоб кунем, ки чӣ гуна шахс шавем, бо кӣ дӯстӣ кунем ва дар ҳаёт бо чӣ кор машғул шавем.
20, 21. Роҳи беҳтарини ҳаёт кадом аст?
20 Яҳува мехоҳад, ки мо Ӯро дӯст дорем (Матто 22:37, 38). Тасаввур кунед, ки дили падарро чӣ хурсанд мекунад: вақте фарзанд маҷбуран «ман шуморо дӯст медорам» мегӯяд ва ё вақте аз таҳти дил ин суханонро мегӯяд? Яҳува — Падари мост ва моро маҷбур намекунад, ки Ӯро дӯст дорем. Мо худамон метавонем интихоб кунем, ки ба Ӯ хизмат кунем ё не. Шайтон, Одам ва Ҳавво ба Худо гӯш кардан нахостанд. Шумо ба кӣ хизмат кардан мехоҳед?
21 Роҳи беҳтарини ҳаёт — ба Яҳува хизмат карданро интихоб кунед. Ба миллионҳо нафаре, ки ба Шайтон хизмат карданро рад карданд, ҳамроҳ шавед. Худо аз ин қарори онҳо хурсанд аст (Масалҳо 27:11). Яҳува ваъда медиҳад, ки дар оянда одамон дигар ранҷу азоб намекашанд. Барои дидани ин ваъдаи Худо шумо чӣ кор карда метавонед? Инро аз боби оянда мефаҳмем.