Оё шумо мехостед ҳақиқатро бидонед?
ҲАҚИҚАТ дар бораи чӣ? Дар бораи саволҳои муҳимтарине, ки одамон солҳои зиёд мехостанд ба онҳо ҷавоб ёбанд. Шояд шумо низ ба худ чунин саволҳоро додаед:
-
Оё Худо моро дӯст медорад?
-
Оё ҷангҳо ва ранҷу азоб ягон вақт хотима меёбанд?
-
Ҳангоми марг бо мо чӣ рӯй медиҳад?
-
Оё барои мурдагон ягон умеде вуҷуд дорад?
-
Чӣ тавр дуо гӯем, то Худо моро бишнавад?
-
Чӣ тавр хушбахтии ҳаётро биёбем?
Ба фикри шумо ҷавоби ин саволҳоро аз куҷо метавон ёфт? Дар китобхона ё мағозаи китобҳо ҳазорҳо китобҳое ҳастанд, ки муаллифони онҳо мегӯянд, ки ин ҷавобҳоро медонанд. Аммо аксар вақт гуфтаҳои як китоб ба гуфтаҳои китоби дигар муқобил мебароянд. Баъзеашон ба назар қобили истифода мебошанд. Вале бо гузашти вақт ин китобҳо кӯҳна мешаванд, онҳоро ислоҳ мекунанд, ё китобҳои дигаре менависанд.
Аммо китобе вуҷуд дорад, ки ҷавобҳои боварибахшро дар бар мегирад. Ин китоби ҳақиқат аст. Исо–пайғамбар дар дуо ба Худо гуфта буд: «Каломи Ту ростист» (Юҳанно 17:17). Имрӯзҳо ин Калом ҳамчун Китоби Муқаддас маълум аст. Саҳифаҳои навбатиро хонда, шумо ба саволҳои дар боло овардашуда аз Китоби Муқаддас ҷавобҳои равшан ва боварибахш хоҳед гирифт.
Оё Худо моро дӯст медорад?
ЧАРО ЧУНИН САВОЛ БА МИЁН МЕОЯД. Мо дар дунёи пур аз бераҳмиву беадолатӣ зиндагӣ мекунем. Аксари динҳо таълим медиҳанд, ки ранҷу азобҳои мо — хости Худо мебошад.
ТАЪЛИМОТИ КИТОБИ МУҚАДДАС. Худо ҳаргиз сабаби бадӣ шуда наметавонад. «Калло ва ҳошо, ки аз Худо шарорате сар барзанад ва аз Қодир ноинсофие» — гуфта мешавад дар китоби Айюб 34:10. Худо нисбати инсоният нияти аҷибе дорад. Барои ҳамин Исо–пайғамбар моро таълим дод, ки чунин дуо гӯем: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! ...Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд» (Матто 6:9, 10). Худо моро чунон дӯст медорад, ки барои иҷроиши мақсади худ бо омодагӣ қурбонии бузургеро ба амал овард (Юҳанно 3:16).
Инчунин ба Ҳастӣ 1:26–28; Яъқуб 1:13 ва 1 Петрус 5:6, 7 нигаред.
Оё ҷангҳо ва ранҷу азоб ягон вақт хотима меёбанд?
ЧАРО ЧУНИН САВОЛ БА МИЁН МЕОЯД. Ҷангҳо то ҳол ҳаёти бисёр одамонро аз байн мебаранд. Ранҷу азоби одамон ҳамаи моро бепарво намегузорад.
ТАЪЛИМОТИ КИТОБИ МУҚАДДАС. Худо мегӯяд, ки замоне фаро мерасад, ки Ӯ дар тамоми рӯи замин сулҳро барқарор хоҳад кард. Таҳти роҳбарии Салтанати Ӯ — ҳукумати осмонӣ,— одамон «ҷангро дигар таълим нахоҳанд гирифт». Онҳо «найзаҳои худро ба досколаҳо табдил хоҳанд дод» (Ишаъё 2:4). Худо ба тамоми беадолатӣ ва ранҷу азоб хотима хоҳад бахшид. Китоби Муқаддас ваъда медиҳад: «Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, [ҳамчунин беадолатӣ ва ранҷу азобҳои имрӯза] гузашт» (Ваҳй 21:3, 4).
Инчунин ба Забур 36:10, 11; 45:10 ва Мико 4:1–4 нигаред.
Ҳангоми марг бо мо чӣ рӯй медиҳад?
ЧАРО ЧУНИН САВОЛ БА МИЁН МЕОЯД. Аксарияти динҳо таълим медиҳанд, ки баъд аз марг чизе одамро тарк карда, зиндагиро идома медиҳад. Баъзеҳо боварӣ доранд, ки шахсоне, ки мурдаанд ба зиндаҳо зиён расонда метавонанд, ё Худо бадкирдоронро пас аз марг дар дӯзахи оташин абадан азоб медиҳад.
ТАЪЛИМОТИ КИТОБИ МУҚАДДАС. Ҳангоми марг вуҷудияти инсон қатъ мегардад. «Мурдаҳо чизе намедонанд» — гуфта мешавад дар Воиз 9:5. Азбаски мурдаҳо ҳеҷ чизро намедонанд ва ҳиссу эҳсос намекунанд, онҳо ба зиндаҳо на кӯмак расонда метавонанд на зарар (Забур 145:3, 4).
Инчунин ба Ҳастӣ 3:19 ва Воиз 9:6, 10 нигаред.
Оё барои мурдагон ягон умеде вуҷуд дорад?
ЧАРО ЧУНИН САВОЛ БА МИЁН МЕОЯД. Ҳамаи мо хоҳиши зиндагӣ карданро дорем ва мехоҳем хурсандона бо онҳое ки мо дӯсташон медорем зиндагонӣ кунем. Барои ҳамин хоҳиши аз нав дидани шахсони наздикамон, ки марг моро аз ҳамдигар ҷудо кардааст, табиӣ мебошад.
ТАЪЛИМОТИ КИТОБИ МУҚАДДАС. Аксари одамоне, ки мурдаанд эҳё хоҳанд шуд. Исо–пайғамбар ваъда дода буд, ки «онҳое ки дар қабр мебошанд, ...берун хоҳанд омад» (Юҳанно 5:28, 29). Мувофиқи нияти аввалаи Худо одамони эҳёшуда, имконияти дар биҳишти заминӣ абадан зиндагӣ карданро хоҳанд дошт (Ишаъё 65:21–25). Ғайр аз ин, одамони ба Худо итоаткор саломатии комил ва ҳаёти ҷовидонаро пайдо хоҳанд кард. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Одилон вориси замин хоҳанд буд ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Забур 36:29).
Инчунин ба Айюб 14:14, 15; Луқо 7:11–17 ва Аъмол 24:15 нигаред.
Чӣ тавр дуо гӯем, то Худо моро бишнавад?
ЧАРО ЧУНИН САВОЛ БА МИЁН МЕОЯД. Пайравони қариб ҳамаи динҳо дуо мегӯянд. Вале ба назари бисёриҳо чунин метобад, ки дуоҳояшон беҷавоб мемонанд.
ТАЪЛИМОТИ КИТОБИ МУҚАДДАС. Исо–пайғамбар моро таълим дода буд, ки дар дуои худ ҳамон як суханро пай дар пай такрор накунем. «Дар вақти дуо чун халқҳо пургӯӣ накунед (такрору ба такрор нагӯед, ТДН)» (Матто 6:7). Агар хоҳем, ки Худо ба дуоҳои мо гӯш диҳад, бояд ба тавре ки ба Ӯ писанд аст, дуо гӯем. Барои ин зарур аст, то бидонем, ки иродаи Худо дар чист ва мувофиқи он дуо гӯем. Дар 1 Юҳанно 5:14 гуфта мешавад: «Агар мо мувофиқи иродаи Ӯ [Худо] чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад».
Инчунин ба Забур 64:3; Юҳанно 14:6 ва 1 Юҳанно 3:22 нигаред.
Чӣ тавр хушбахтии ҳаётро биёбем?
ЧАРО ЧУНИН САВОЛ БА МИЁН МЕОЯД. Одамони зиёд фикр мекунанд, ки пул, шӯҳрат ва зебоӣ — калиди хушбахтӣ мебошад. Бинобар ин онҳо бо тамоми қувват кӯшиш мекунанд, то ҳамаи ин чизҳоро ба даст оранд, лекин хушбахт шуда наметавонанд.
ТАЪЛИМОТИ КИТОБИ МУҚАДДАС. Исо–пайғамбар нишон дода буд, ки калиди хушбахтии ҳақиқӣ дар чист: «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд» (Луқо 11:28). Хушбахтии ҳақиқиро танҳо он вақт метавон ёфт, агар мо ниёзи муҳимтаринамонро қонеъ гардонем — ниёз доштан ба ҳақиқат дар бораи Худо ва нияти Ӯ нисбати мо. Ин ҳақиқатро дар Китоби Муқаддас ёфта метавонем. Фаҳмидани ин ҳақиқат ба мо кӯмак мерасонад, то бифаҳмем, ки чӣ дар асл дар ҳаётамон муҳим аст ва чӣ не. Агар қарорҳо ва амали мо мувофиқи ҳақиқати Китоби Муқаддас бошанд, ҳаёти мо боз ҳам пурмаъно хоҳад гашт.
Инчунин ба Масалҳо 3:5, 6, 13–18 ва 1 Тимотиюс 6:9, 10 нигаред.
Мо мухтасар ҷавобҳои Китоби Муқаддасро ба шаш савол дида баромадем. Оё шумо мехостед маълумоти бештаре бигиред? Албатта, агар шумо дар қатори онҳое бошед, ки ниёзҳои рӯҳониашонро дарк мекунанд. Шояд шумо оиди дигар саволҳо низ андеша кардаед, ба мисли: «Агар Худо меҳрубон бошад, пас чаро Ӯ дар тӯли таърих ба ин қадар бадиву ранҷу азоб роҳ медиҳад? Чӣ тавр хушбахтии ҳаётро биёбем?» Китоби Муқаддас ба ин ва дигар саволҳои бисёр ҷавобҳои пурра ва қонеъкунанда медиҳад.
Вале бисёриҳо имрӯз ҷуръат намекунанд, ки саҳифаҳои Китоби Муқаддасро кушоянд. Онҳо ба он ҳамчун ба китоби ҳаҷмаш калон, ки барои фаҳмидан душвор аст, менигаранд. Оё мехостед, ки ба шумо барои ёфтани ҷавобҳо аз Китоби Муқаддас кӯмак расонанд? Шоҳидони Яҳува ба шумо ду тарзеро пешниҳод мекунанд, ки бароятон кӯмак расонида метавонанд.
Якум — ин китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас» мебошад. Он чун кӯмак ба одамони серкор барои аз Китоби Муқаддас ёфтани ҷавоби равшан ба саволҳои муҳимашон равона карда шудааст. Дуюмаш — омӯзиши бепули Китоби Муқаддас дар хона мебошад. Шоҳидони Яҳува, ки дар маҳалли шумо истиқомат мекунанд, метавонанд ба ҷои бароятон қулай омада, бо шумо ҳар ҳафта кам–кам Китоби Муқаддасро муҳокима кунанд. Чунин омӯзиш ба миллионҳо одамони рӯи замин кӯмак расонид. Аксарияти онҳо ҳоло бо боварӣ гуфта метавонанд: «Ман ҳақиқатро ёфтам!»
Ҳақиқати Китоби Муқаддас — ин ганҷи бебаҳоест. Он моро аз хурофотпарастӣ, ошуфтагӣ ва аз тарси барзиёд озод мекунад. Ҳамчунин он ба мо умед, хурсандӣ ва ба ҳаёти мо маъно мебахшад. Исо–пайғамбар гуфта буд: «Ростиро хоҳед шинохт ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳанно 8:32).