Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Беайбӣ

Беайбӣ

Беайбӣ чист?

Зб 18:23–25; 26:1, 2; 101:2–7; 119:1–3, 80

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 3Мс 22:17–22. Яҳува аз исроилиён талаб мекард, ки қурбонияшон солим, яъне беайб, бошад. Вақте мо пурра худро ба Яҳува мебахшем, беайбиямонро нишон медиҳем.

    • Аб 1:1, 4, 5, 8; 2:3. Ҳаёти Айюб нишон медиҳад, ки шахси беайб бояд Яҳуваро азиз дорад, танҳо ӯро парастиш кунад ва аз чизҳое, ки дар назари ӯ бад аст, дурӣ ҷӯяд.

Чаро беайбӣ муҳим аст?

Зб 7:8, 9; 25:21; 41:12; Пнм 10:9; 11:3

Ҳамчунин нигаред ба Мқ 12:30

Чаро мо мехоҳем, ки беайб монем?

1Вқ 29:17; Пнм 2:7

Ҳамчунин нигаред ба Пнм 27:11; 1Юҳ 5:3

Чӣ тавр беайбиямонро инкишоф дода, онро нигоҳ дорем?

Юш 24:14, 15; Зб 101:2–4

Ҳамчунин нигаред ба 5Мс 5:29; Иш 48:17, 18

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Аб 31:1–11, 16–33. Айюб нишон дод, ки ба Яҳува пурра вафодор аст. Ӯ инсони покдоман, баҳурмат ва меҳрубон буд. Айюб танҳо Яҳуваро ибодат мекард ва чизпараст набуд.

    • Дн 1:6–21. Ҳарчанд Дониёлу се дӯсташ дар миёни бутпарастон зиндагӣ мекарданд, ба гуфтаҳои Худо, аз ҷумла дар масъалаи хӯрок, итоат мекарданд.

Агар шахс як қатор хатоҳои ҷиддӣ кунад, оё метавонад, ки боз дар назари Худо беайб бошад?

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 3Пш 9:2–5; Зб 78:70–72. Довуд аз гуноҳҳояш тавба карду сазовори марҳамати Яҳува гашт, барои ҳамин Худо ӯро шахси беайб меҳисобид.

    • Иш 1:11–18. Яҳува ба халқаш гуфт, ки онҳо дурӯяанду дар гуноҳ ғӯтидаанд. Ӯ ваъда дод, ки, агар тавба кунанд ва бо роҳи рост равона шаванд, гуноҳҳояшонро мебахшаду пок месозад.