Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Волидон

Волидон

Баъзе сабабҳое, ки Яҳува оиларо барпо кард, кадоманд?

Волидон бояд ба фарзандонашон чӣ гуна назар кунанд?

Зб 127:3–5; 128:3

Ҳамчунин нигаред ба «Кӯдакон; ҷавонон»

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 33:4, 5. Яъқуб фарзандонашро ато аз ҷониби Худо номид.

    • 2Мс 1:15, 16, 22; 2:1–4; 6:20. Амрому Юкобад Мӯсоро ба дунё оварданд ва зери хатари марг ӯро ҳимоя карданд.

Волидон ба чӣ уҳдадоранд?

5Мс 6:6, 7; 11:18, 19; Пнм 22:6; 2Қр 12:14; 1Тм 5:8

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 1:1–4. Элқоно ҳамроҳи оилааш ҳар сол барои ҷашни ид ба Шилӯ мерафт ва кӯшиш мекард, ки ҳамаи писарону духтаронаш бо ӯ якҷоя Яҳуваро парастиш кунанд.

    • Лқ 2:39, 41. Юсуфу Марям аз рӯйи одат ҳамроҳи фарзандонашон ҳар сол барои ҷашн гирифтани Иди Раҳоӣ аз Носира ба Ерусалим мерафтанд.

Дар роҳи Яҳува таълим додани фарзандон чӣ фоида дорад?

Пнм 1:8, 9; 22:6

Ҳамчунин нигаред ба 2Тм 3:14, 15

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 2:18–21, 26; 3:19. Волидони Самуил ӯро ба хизмати хаймаи муқаддас бахшида бошанд ҳам, доимо ба хабаргирияш мерафтанду ба вай ғамхорӣ мекарданд; ӯ марди худотарсу бовафо ба воя расид.

    • Лқ 2:51, 52. Ҳарчанд волидони Исо нокомил буданд, ӯ ба онҳо фармонбардор буд.

Волидон барои тарбияи фарзандонашон аз куҷо роҳнамоӣ ёфта метавонанд?

5Мс 6:4–9; Эф 6:4; 2Тм 3:14–17

Ҳамчунин нигаред ба Зб 127:1; Пнм 16:3

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Дв 13:2–8. Вақте зани Монӯаҳ ба таври муъҷиза писар таваллуд кард, Монӯаҳ барои калон кардани кӯдак аз Худо дастур пурсид.

    • Зб 78:3–8. Яҳува мехоҳад, ки волидон чизҳоеро, ки аз Китоби Муқаддас фаҳмиданд, ба фарзандонашон таълим диҳанд.

Дар оилаи худотарс ба воя расидани кӯдак кафолати он нест, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз Яҳува дур намешавад

Ҳз 18:1–13, 20

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 6:1–5; Яҳ 6. Ҳарчанд фариштагон солҳои бешумор дар осмон бо Яҳува буданд, бисёри онҳо бар зидди ӯ баромаданд.

    • 1Пш 8:1–3. Самуил пайғамбари бовафою росткор буд, лекин писаронаш беинсофу ҳаромхӯр буданд.

Таълиму тарбияи фарзандро волидон аз кай сар мекунанд?

2Тм 3:15

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 5Мс 29:10–12, 29; 31:12; Эз 10:1. Вақте исроилиён барои аз Яҳува таълим гирифтан ҷамъ меомаданд, фарзандонашонро ҳамроҳашон мегирифтанд, то онҳо низ роҳҳои ӯро омӯзанд.

    • Лқ 2:41–52. Юсуфу Марям аз рӯйи одат кӯдаконашонро, аз ҷумла Исоро, барои ҷашн гирифтани Иди Раҳоӣ ба ибодатгоҳи Ерусалим мебурданд.

Барои ҳимояи кӯдакашон волидон бояд ба намунаи кӣ пайравӣ кунанд?

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Мс 19:4; 5Мс 32:11, 12. Яҳува худро ба уқобе, ки чӯҷаҳояшро мебардорад, ҳимоя мекунад ва ба онҳо ғамхорӣ мекунад, монанд кард.

    • Иш 49:15. Яҳува ваъда дод, ки хизматгоронашро аз модари меҳрубоне, ки кӯдаки ширмак дорад, бештар ғамхориву ҳимоя мекунад.

    • Мт 2:1–16. Шайтон ситорашиносонро ба назди Ҳиродуси бадкор равон карда, кӯшиш кард, ки Исои кӯдакро кушад, аммо Яҳува Писарашро ҳимоя намуда, ба Юсуф гуфт, ки бо оилааш ба Миср гурезад.

    • Мт 23:37. Исо худро ба мурғе, ки чӯҷаҳояшро зери болаш ҷамъ намуда ҳимоя мекунад, монанд кард. Ӯ ҳамин хел нишон дод, ки ба халқаш кумак кардан мехоҳад.

Чаро волидон бояд ба фарзандонашон дар бораи алоқаи ҷинсӣ гап зананд?

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 3Мс 15:2, 3, 16, 18, 19; 5Мс 31:10–13. Дар Шариати Мӯсо дар бораи муносибатҳои маҳрамона кушоду равшан навишта шуда буд. Бо амри Яҳува кӯдакон низ ҳамроҳи волидонашон ба шунидани қироати китоби Шариат меомаданд.

    • Зб 139:13–16. Довуд Яҳуваро барои сохти аҷоиби бадани инсон ва қобилияти фарзанддорӣ ситоиш кард.

    • Пнм 2:10–15. Донишу хиради Яҳува моро аз одамони бадкор муҳофизат карда метавонад.

Чаро волидон бояд фарзандонашонро меҳрубонона ислоҳ кунанд?

Пнм 13:24; 29:17; Ир 30:11; Эф 6:4

Ҳамчунин нигаред ба Зб 25:8; 145:9; Қл 3:21

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Зб 32:1–5. Яҳува Довудро барои гуноҳаш сарзаниш кард. Вақте ӯ фаҳмид, ки Худо онҳоеро, ки аз таҳти дил тавба мекунанд, мебахшад, тасаллӣ ёфт.

    • Юн 4:1–11. Пайғамбар Юнус ба Яҳува хашмолуд ва беэҳтиромона гап зад, аммо Худо пурсаброна ба ӯ дарси раҳмдилиро омӯзонд.

Чаро сарзаниш ва таълиму тарбия нишонаи муҳаббат аст?

Пнм 3:11, 12; 13:24

Ҳамчунин нигаред ба Пнм 15:32; Ошк 3:19