Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дуо

Дуо

Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува ба дуоҳоямон гӯш медиҳад ва ҷавоб мегардонад?

Зб 65:2; 145:18; 1Юҳ 5:14

Ҳамчунин нигаред ба Зб 66:19; Крн 10:31; Ибр 5:7

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 3Пш 18:36–38. Вақте пайғамбар Илёс дар кӯҳи Кармил бо пайғамбарони Баал санҷиш карданд, Илёс ба Яҳува дуо гуфт ва Худо зуд ба ӯ ҷавоб дод.

    • Мт 7:7–11. Исо моро даъват мекунад, ки пайваста ба Яҳува дуо гӯем, чунки ӯ мисли Падари меҳрубон тайёр аст, ки ба мо гӯш диҳад.

Масеҳиён бояд ба кӣ дуо гӯянд?

Мо бояд ба номи кӣ дуо гӯем?

Яҳува ба дуоҳои кӣ гӯш медиҳад?

Яҳува дуоҳои чӣ гуна шахсонро гӯш намекунад?

Пнм 15:29; 28:9; Иш 1:15; Мик 3:4; Яқ 4:3; 1Пт 3:7

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Юш 24:9, 10. Яҳува дуои Билъомро гӯш кардан нахост, чунки он ба хости ӯ набуд.

    • Иш 1:15–17. Вақте исроилиён дурӯягӣ ва хунрезӣ мекарданд, Яҳува ба дуоҳояшон гӯш намедод.

Мо одатан дар охири дуо чӣ мегӯем ва чаро?

Оё Китоби Муқаддас дар бораи чӣ тавр дуо гуфтанамон ягон дастур медиҳад?

3Пш 8:54; Мқ 11:25; Лқ 22:39, 41; Юҳ 11:41

Ҳамчунин нигаред ба Юн 2:1

Дар вохӯриҳои ҷамоат хизматгорони Худо дар бораи чӣ дуо гуфта метавонанд?

Крн 4:23, 24; 12:5

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Вқ 29:10–19. Вақте ки халқ барои ибодатгоҳ хайрия мекард, шоҳ Довуд пеши тамоми ҷамоат дуо гуфт.

    • Крн 1:12–14. Расулон, бародарони Исо, модараш Марям ва баъзе занҳои худотарс дар болохонае якҷоя дуо гуфтанд.

Чаро ҳангоми дуогӯйӣ набояд худнамоӣ кунем ё дигаронро ба ҳайрат орем?

Барои чӣ бояд пеш аз хӯрдани хӯрок дуо гӯем?

Чаро муҳим аст, ки ба Яҳува дуо гуфтанро бас накунем?

Рм 12:12; Эф 6:18; 1Тс 5:17; 1Пт 4:7

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Дн 6:6–10. Ҳатто зери хатари марг Дониёл аз рӯйи одаташ ошкоро ба Яҳува дуо мегуфт.

    • Лқ 18:1–8. Исо гуфт, ки, агар довари беинсоф ба доди бевазани исроркор расида бошад, наход Худои одиламон, Яҳува, ба доди хизматгоронаш, ки гаштаву баргашта аз ӯ кумак мепурсанд, нарасад.

Агар хоҳем, ки Яҳува ба дуоҳоямон гӯш дода, гуноҳҳоямонро бахшад, бояд чӣ гуна рӯҳия дошта бошем?

2Вқ 7:13, 14

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 4Пш 22:11–13, 18–20. Юшиё худро хоксор гардонда, кӯшиш кард, ки ба Худо писанд ояд, барои ҳамин Яҳува ба ӯ меҳру вафо кард.

    • 2Вқ 33:10–13. Шоҳ Менашше худро хоксор гардонда, Худоро зорӣ кард, ки гуноҳҳояшро бахшад. Яҳува Менашшеро бахшид ва подшоҳияшро ба ӯ баргардонд.

Агар хоҳем, ки Яҳува гуноҳҳоямонро бахшад, бояд чӣ кор кунем?

Чаро бояд дар дуо ба Яҳува гӯем, ки иҷро шудани хости ӯро хоҳонем?

Чаро бояд бо имон ба Яҳува дуо гӯем?

Мо дар бораи чӣ ба Яҳува дуо гуфта метавонем?

Дар бораи муқаддас гаштани номи ӯ

Дар бораи бар тамоми замин ҳукмрон шудани Подшоҳияш

Дар бораи иҷро шудани хости ӯ

Дар бораи ризқу рӯзӣ

Дар бораи бахшида шудани гуноҳҳоямон

Дар бораи ба васваса наафтодан

Шукру миннатдорӣ

Дар бораи фаҳмидани хосташ ва фаҳму хирад

Пнм 2:3–6; Фп 1:9; Яқ 1:5

Ҳамчунин нигаред ба Зб 119:34

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 3Пш 3:11, 12. Шоҳ Сулаймон дар дуо хирад пурсид ва Яҳува ба ӯ хиради бемислу монандро ато кард.

Дар бораи рӯҳи муқаддас

Дар ҳаққи бародару хоҳарон, аз он ҷумла онҳое, ки бо озору зиддият рӯ ба рӯ шудаанд

Крн 12:5; Рм 15:30, 31; Яқ 5:16

Ҳамчунин нигаред ба Қл 4:12; 2Тм 1:3

Васфу ситоиши ӯ

Зб 86:12; Иш 25:1; Дн 2:23

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Лқ 10:21. Исо Яҳуваро барои он ки ҳақиқатро ба одамони хоксор кушодааст, дар пеши ҳама васфу ситоиш кард.

    • Ошк 4:9–11. Фариштагон Яҳуваро ҷалол медиҳанду иззат мекунанд.

Дар ҳаққи мансабдорон, то гузоранд, ки мо Худоро дар осоиштагӣ парастиш кунем ва хушхабарро ба одамон расонем

Мт 5:44; 1Тм 2:1, 2

Ҳамчунин нигаред ба Ир 29:7

Чаро мо ҳангоми таъмидгирӣ дуо мегӯем?

Оё дуруст аст, ки дар ҳаққи касоне, ки рӯҳан беморанд, дуо гӯем?

Чаро мардон одатан бо сари луч дуо мегӯянд, занон бошанд, баъзан бо сари пӯшида?

Вақти дуогӯйии мо Яҳува пеш аз ҳама ба чӣ аҳамият медиҳад?

Нлҳ 3:41; Мт 6:7

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 3Пш 18:25–29, 36–39. Пайғамбарони Баал гаштаву баргашта ба худояшон дуо гуфтанд, лекин на садое буду на ҷавобе.

    • Крн 19:32–41. Бутпарастони шаҳри Эфсӯс қариб ду соат бо як овоз номи худояшон Артемидаро ба забон гирифта, фарёд мезаданд, лекин ягона чизе, ки рӯй дод, ин буд, ки ҳокими шаҳр гуфт, ки шӯру мағалро бас кунанд.