Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дӯстӣ бо ҷаҳон

Дӯстӣ бо ҷаҳон

Ҷаҳон дар дасти кист?

Эф 2:2; 1Юҳ 5:19

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Лқ 4:5–8. Шайтон ба Исо подшоҳиҳои ҷаҳонро пешниҳод кард, Исо бошад, ин гуна қудрат доштани Шайтонро рад накард.

Агар бо ин ҷаҳон дӯстӣ кунем, ин ба муносибати мову Яҳува чӣ гуна таъсир мекунад?

Яқ 4:4; 1Юҳ 2:15, 16

Ҳамчунин нигаред ба Яқ 1:27

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Вқ 18:1–3; 19:1, 2. Яҳува Еҳушофоти шоҳи хубро барои бо шоҳи бадкор, Аҳъоб, аҳд бастанаш сарзаниш кард.

Назари Яҳуваро ба ин ҷаҳон фаҳмида бояд дӯстонамонро чӣ тавр интихоб кунем?

Нигаред ба «Дӯстӣ»

Чаро мо набояд дар бораи пулу мол мисли одамони ин ҷаҳон фикр кунем?

Нигаред ба «Чизпарастӣ»

Чаро мо набояд мисли одамони ин ҷаҳон хоҳишҳои шаҳвониро безарар ҳисобем?

Чаро масеҳиён ягон одам ё ташкилотро болобардор намекунанд?

Мт 4:10; Рм 1:25; 1Қр 10:14

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Крн 12:21–23. Фаришта Ҳиродуси Ағрипоси I-ро зарба зад, чунки ӯ гузошт, ки одамон ӯро болобардор кунанд.

    • Ошк 22:8, 9. Фаришта нагузошт, ки Юҳанно ба вай саҷда кунад ва гуфт, ки танҳо Худоро саҷда барад.

Чаро масеҳиён ба сиёсат дахолат намекунанд ва як миллатро аз дигараш боло намеҳисобанд?

Барои чӣ масеҳиён бо динҳои дигар ягон алоқа доштан намехоҳанд?

Чаро масеҳиён ба меъёрҳои ахлоқии Яҳува мисли одамони ин ҷаҳон хунукназарӣ намекунанд?

Лқ 10:16; Қл 2:8; 1Тс 4:7, 8; 2Тм 4:3–5

Ҳамчунин нигаред ба Лқ 7:30

Барои чӣ ин ҷаҳон аз пайравони Масеҳ нафрат дораду онҳоро озору азият медиҳад?

Чаро ба ягон чизи ин ҷаҳон дил бастан бехирадист?

Чӣ тавр масеҳиён ба касоне, ки хизматгори Яҳува нестанд, меҳру муҳаббат нишон медиҳанд?

Барои чӣ масеҳиён ба қонуни мамлакаташон ва ба ҳокимону ҳокимиятдорон итоат мекунанд?

Мт 22:21; Рм 13:1–7

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Крн 25:8; 26:2, 25. Павлуси расул ба қонуни қайсар итоат мекард ва ҳокимонро эҳтиром менамуд.