Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Идҳо

Идҳо

Иду маросимҳое, ки масеҳиён ҷашн мегиранд

Ягона маросиме, ки масеҳиён ҷашн мегиранд, кадом аст?

Халқи Худо барои парастиши ӯ бо хурсандӣ ҷамъ меояд

5Мс 31:12; Ибр 10:24, 25

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

Маросимҳое, ки масеҳиён ҷашн намегиранд

Иштирок дар маросимҳое, ки бо дини дурӯғ алоқаманданд, чӣ бадӣ дорад?

1Қр 10:21; 2Қр 6:14–18; Эф 5:10, 11

Ҳамчунин нигаред ба «Муносибатҳои байнимазҳабӣ»

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 2Мс 32:1–10. Вақте исроилиён парастиши покро бо бутпарастӣ омехта карданд, хашму ғазаби Яҳува аланга зад.

    • 4Мс 25:1–9. Яҳува халқашро барои бадахлоқӣ ва иштирок дар маросимҳои бутпарастон ҷазо дод.

Оё Мавлуди Исо иди масеҳӣ аст?

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Лқ 2:1–5. Исо дар вақти бақайдгирии аҳолӣ таваллуд шуд. Ҳеҷ ин хел шуданаш мумкин нест, ки румиён ба яҳудиёни исёнкор, ки зердасташон буданд, гуфта бошанд, ки дар фасли зимистон сафар намоянд.

    • Лқ 2:8, 12. Вақте Исо таваллуд шуд, чӯпонон шабона рамаашонро дар ҳавои кушод нигоҳ медоштанд. Дар зимистони хунук бошад, ин корро кардан ғайриимкон буд.

Оё масеҳиён зодрӯзашонро ҷашн мегиранд?

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 40:20–22. Дар зодрӯзаш фиръавни бутпараст сарнонвояшро кушт.

    • Мт 14:6–11. Дар зодрӯзи шоҳ Ҳиродус, ки душмани ашаддии пайравони Масеҳ буд, Яҳёи Таъмиддиҳанда кушта шуд.

Идҳое, ки аз рӯйи Шариати Мӯсо ҷашн гирифта мешуд

Оё шарт аст, ки масеҳиён ба Шариати Мӯсо итоат карда иду маросимҳои онро ҷашн гиранд?

Оё масеҳиён бояд ҳар ҳафта шанберо риоя кунанд?

Қл 2:16, 17

Ҳамчунин нигаред ба 2Мс 31:16, 17

Иду ҷашнвораҳои миллӣ

Оё масеҳиён рӯйдодҳои таърихии халқу кишварашонро ҷашн мегиранд?

Оё масеҳиён иду маросимҳоеро, ки дар онҳо ягон ҷанг ёдоварӣ мешавад, ҷашн мегиранд?

Оё масеҳиён дар маросимҳое, ки дар онҳо одамонро болобардор мекунанд, иштирок мекунанд?

2Мс 20:5; Рм 1:25

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Крн 12:21–23. Ҳиродуси Ағрипоси I гузошт, ки мардум ба ҷойи Худо ӯро болобардор кунанд, барои ҳамин Яҳува ӯро ҷазо дод.

    • Крн 14:11–15. Вақте мардум Барнаббою Павлусро болобардор карданд, онҳо тамоми ҷалолро ба Худо доданд.

    • Ошк 22:8, 9. Фариштаи Яҳува нагузошт, ки Юҳанно ба вай саҷда кунад.