Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Издивоҷ

Издивоҷ

Асосгузори издивоҷ кист?

Масеҳиён чӣ тавр барои худ ҳамсар хуш мекунанд?

Чаро волидони масеҳӣ розӣ намешаванд, ки писар ё духтари таъмидёфтаашон бо касе, ки ҳаёташро ба Яҳува бахшида, таъмид нагирифтааст, оиладор шавад?

1Қр 7:39; 2Қр 6:14, 15

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 24:1–4, 7. Иброҳими солхӯрда қарор кард, ки барои писараш Исҳоқ аз байни хизматгорони Яҳува ҳамсар ёбад, на аз байни канъониёни бутпараст.

    • 1Мс 28:1–4. Исҳоқ ба писараш Яъқуб гуфт, ки аз байни парастандагони Яҳува барои худ ҳамсар гирад, на аз байни канъониён.

Яҳува ба издивоҷ бо касоне, ки ба ӯ хизмат намекунанд, чӣ назар дорад?

5Мс 7:3, 4

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 3Пш 11:1–6, 9–11. Яҳува дарғазаб шуд, ки Сулаймон амри ӯро зери по карда аз халқҳои бегона зан гирифт ва гузошт, ки онҳо дилашро ба худоёни дигар моил кунанд.

    • Нҳё 13:23–27. Наҳемё мисли Яҳува ба исроилиёне, ки духтарони бегонаро ба занӣ гирифтанд, дарғазаб шуд ва онҳоро ҷазо дода, ислоҳ кард.

Чаро аз рӯйи хирад аст, ки барои ҳамсарӣ касеро хуш кунем, ки дар ҷамоат обрӯи нек дораду ба Яҳува вафодор аст?

Пнм 18:22; 31:10, 28

Ҳамчунин нигаред ба Эф 5:28–31, 33

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 25:2, 3, 14–17. Ноболи сарватманд барои Абиҷайл шавҳари мувофиқ набуд, зеро бераҳму бадкор буд.

    • Пнм 21:9. Интихоби ҳамсари номувофиқ метавонад моро бадбахт созад ва оромиямонро дуздад.

    • Рм 7:2. Павлуси расул мефаҳмонад, ки зани шавҳардор дар зери итоати шавҳари нокомилаш мешавад. Барои ҳамин зани хирадманд ҳангоми интихоби ҳамсар бояд эҳтиёткор бошад.

Тайёрӣ ба издивоҷ

Чаро мард бояд пеш аз оиладор шудан дилпур бошад, ки ба зану фарзандонаш ғамхорӣ карда метавонад?

1Тм 5:8

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Пнм 24:27. Пеш аз зангирӣ ва ё фарзанддорӣ мард бояд аллакай меҳнатдӯст бошад, то оилаашро таъмин карда тавонад.

Чаро онҳое, ки мулоқот мекунанд, бояд диққаташонро на ба намуди зоҳирии шахс, балки ба хислатҳояш равона кунанд ва аз дигарон маслиҳат пурсанд?

Пнм 13:10; 1Пт 3:3–6

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Рт 2:4–7, 10–12. Бӯаз барои беҳтар шинохтани Рут ба корҳои ӯ, ба суханоне, ки дигарон дар ҳаққаш мегӯянд, ба муносибати ӯ бо хушдоманаш ва Яҳува аҳамият дод.

    • Рт 2:8, 9, 20. Рут ба меҳрубонӣ, саховатмандӣ ва худодӯстии Бӯаз аҳамият дода, ӯро беҳтар шинохт.

Чаро Яҳува аз масеҳиён талаб мекунад, ки ҳангоми мулоқот ё номзадӣ покиро нигоҳ доранд?

Ғл 5:19; Қл 3:5; 1Тс 4:4

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Пнм 5:18, 19. Баъзе тарзҳои навозишу меҳрубонӣ танҳо байни зану шавҳар раво аст.

    • Шҳс 1:2; 2:6. Дар вақти мулоқот чӯпонбача ва духтари шулемӣ ба якдигар меҳру навозишашонро ба таври шоиста нишон медоданд.

    • Шҳс 4:12; 8:8–10. Духтари шулемӣ худро идора карда тавонист ва покдоманияшро нигоҳ дошт, ӯ мисли боғи дарбаста буд.

Чаро ҷуфти масеҳиён бояд мувофиқи қонуни давлаташон оиладор шаванд?

Вазифаи шавҳарон

Яҳува ба шавҳарон чӣ вазифа додааст?

Шавҳарон ба кӣ бояд пайравӣ кунанд?

Чаро муҳим аст, ки шавҳар ба занаш фаҳм зоҳир кунад ва меҳрубон бошад?

Қл 3:19; 1Пт 3:7

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 21:8–12. Ҳарчанд пешниҳоди Соро ба Иброҳим маъқул набуд, Яҳува ба вай гуфт, ки ба гапи занаш гӯш диҳад.

    • Пнм 31:10, 11, 16, 28. Шавҳари бохирад ба занаш бовар дораду вайро таъриф мекунад. Ӯ айбҷӯву аз ҳад сахтгир нест.

    • Эф 5:33. Павлуси расул дар номаи аз Худо илҳомёфтааш навишт, ки зан ба меҳру навозиши шавҳараш ниёз дорад.

Вазифаи занон

Яҳува ба занон чӣ вазифа додааст?

Оё вазифаи зан қадри ӯро паст мекунад?

1Мс 1:26–28, 31; 2:18

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Пнм 1:8; 1Қр 7:4. Яҳува ба занону модарон дар оила ба андозае ҳокимият додааст.

    • 1Қр 11:3. Павлуси расул фаҳмонд, ки ҳар яки мо сардор дорем, ғайр аз Худои Тавоно.

    • Ибр 13:7, 17. Ҳам мардону ҳам занон бояд ба шахсоне, ки дар ҷамоат роҳбариро ба уҳда гирифтаанд, итоаткору фармонбардор бошанд.

Чӣ тавр масеҳизане, ки шавҳараш ҳамимони ӯ нест, дили Яҳуваро шод карда метавонад?

Чаро зани масеҳӣ бояд шавҳарашро иззату ҳурмат кунад?

Эф 5:33

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 18:12; 1Пт 3:5, 6. Соро ба шавҳараш эҳтироми зиёд дошт ва ҳатто дар дил ӯро «хӯҷаин» меномид.

Чӣ гуна занро Китоби Муқаддас васфу ситоиш мекунад?

Пнм 19:14; 31:10, 13–31

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 24:62–67. Ривқо ба шавҳараш Исҳоқ кумак кард, ки баъди марги модараш тасаллӣ ёбад.

    • 1Пш 25:14–24, 32–38. Абиҷайл фурӯтанона Довудро зорӣ кард, то ба шавҳари бефаҳм ва тамоми хонадонаш раҳм зоҳир кунад.

    • Эс 4:6–17; 5:1–8; 7:1–6; 8:3–6. Эстери малика ду бор ҳаёташро зери хатар монда бе даъват назди шоҳ Ахашверуш даромад, то ӯро илтиҷо кунад, ки халқашро ҳимоя намояд.

Ҳалли душвориҳо

Кадом принсипҳо ба ҳамсарон кумак мекунанд, ки душвориҳои оилавиро ҳал кунанд?

Кадом принсипҳо ба ҳамсарон кумак мекунанд, ки ба пул назари дуруст дошта бошанд?

Лқ 12:15; Фп 4:5; 1Тм 6:9, 10; Ибр 13:5

Ҳамчунин нигаред ба «Пул»

Кадом принсипҳо ба зану шавҳар кумак мекунанд, то душвориҳоеро, ки аз рӯйи хешу табор пайдо шуда метавонанд, ҳал кунанд?

Дар мавриди вазифаи заношӯйӣ кадом принсипҳо ба ҳамсарон кумак карда метавонанд?

Чаро бояд зану шавҳар диққаташонро ба хислатҳои хуби ҳамсарашон равона созанд, на ба камбудиҳои ӯ?

Чаро беҳтар аст, ки душвориҳоро дарҳол ва бо муҳаббат ҳал кунем, то вазъият бадтар нашавад?

Чаро ҳеҷ гуна қаҳру ғазаб, доду фарёд, дашном ва зӯроварӣ ба масеҳиён раво нест?

Вақте нофаҳмиҳо ба миён меоянд, мақсади ҳамсарон бояд чӣ бошад?

Оилае, ки аз рӯйи маслиҳатҳои Яҳува зиндагӣ мекунад, соҳиби чӣ гуна баракат мешавад?

Меъёрҳои ахлоқӣ барои оила

Китоби Муқаддас дар бораи алоқаи ҷинсӣ ва издивоҷ чӣ мегӯяд?

Масеҳиён ба бисёрникоҳӣ чӣ назар доранд?

Мо аз куҷо медонем, ки издивоҷ фақат байни марду зан раво аст?

Барои чӣ ҳамсарон набояд ҷудо шаванд?

Мувофиқи Китоби Муқаддас ягона сабаб барои ҷудошавӣ кадом аст?

Вақте ҳамсарон бе ягон сабаб ҷудо мешаванд, Яҳува чӣ ҳис мекунад?

Оё шахсе, ки ҳамсараш мурдааст, аз нав оиладор шуда метавонад?