Имон
Аз куҷо медонем, ки Яҳува шахсони боимонро қадр мекунад?
Юҳ 3:16, 18; Ғл 3:8, 9, 11; Эф 6:16; Ибр 11:6
Ҳамчунин нигаред ба 2Қр 5:7
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
Ибр 11:1–12:3. Вақте Павлуси расул дар бораи имон гап зад, ӯ хизматгорони боимони Худоро аз Ҳобил сар карда то Исои Масеҳ номбар кард.
Яқ 2:18–24. Яъқуб Иброҳимро намуна оварда нишон дод, ки имон аз рӯйи корҳо маълум мешавад.
Чӣ кумак мекунад, ки имонамонро қавӣ гардонем?
Рм 10:9, 10, 17; 1Қр 16:13; Яқ 2:17
Ҳамчунин нигаред ба Ибр 3:12–14
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
2Вқ 20:1–6, 12, 13, 20–23. Вақте душманон ба халқи Худо ҳамла карданд, Еҳушофот ба онҳо гуфт, ки ба Яҳува ва пайғамбаронаш имон оранд, он гоҳ муваффақ мешаванд.
3Пш 18:41–46. Яҳува ба Илёс ваъда дод, ки ба хушксолӣ хотима мебахшад ва пайғамбар ин рӯзро пурсаброна интизор шуда имонашро нишон дод.