Исои Масеҳ
Чӣ тавр Яҳува ба воситаи Исо нияташро амалӣ мегардонад?
Крн 4:12; 10:43; 2Қр 1:20; Фп 2:9, 10
Ҳамчунин нигаред ба Пнм 8:22, 23, 30, 31; Юҳ 1:10; Ошк 3:14
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Мт 16:13–17. Петруси расул Исоро Масеҳ ва Писари Худо номид.
-
Мт 17:1–9. Исо дар пеши чашми расулонаш дигаргун шуд ва Яҳува аз осмон гуфт, ки Исо Писари ӯст.
-
Исо аз ҳамаи одамон бо чӣ фарқ мекард?
Юҳ 8:58; 14:9, 10; Қл 1:15–17; 1Пт 2:22
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Мт 21:1–9. Вақте Исо савори курра ба Ерусалим даромад, пешгӯйӣ дар бораи Масеҳ — Шоҳе, ки Яҳува интихоб кардааст, иҷро шуд.
-
Ибр 7:26–28. Павлуси расул фаҳмонд, ки аз кадом ҷиҳат Исои Саркоҳин монанди дигар саркоҳинон нест.
-
Аз муъҷизаҳои Исо мо дар бораи ӯву Падараш чӣ мефаҳмем?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Мт 4:23, 24. Исо нишон дод, ки аз девҳо пурзӯртар аст ва ҳар гуна дарду бемориро шифо дода метавонад.
-
Мт 14:15–21. Исо ба таври муъҷиза бо панҷ нону ду моҳӣ ҳазорҳо нафарро сер кард.
-
Мт 17:24–27. Вақте Исо муъҷиза кард, Петрус аз даҳони моҳӣ танга ёфта, пули андози ибодатгоҳро супурд. Ҳамин тавр ҳеҷ кас пешпо нахӯрд.
-
Мқ 1:40, 41. Аз дилсӯзӣ Исо махавиро шифо бахшид ва бо ин нишон дод, ки дар ҳақиқат ғами беморонро мехӯрад.
-
Мқ 4:36–41. Исо тӯфони сахтеро ором кард ва нишон дод, ки Падараш ба ӯ қудрат додааст, ки қувваҳои табиатро идора кунад.
-
Юҳ 11:11–15, 31–45. Исо аз марги дӯсташ Лаъзор гиря кард. Каме пас Лаъзорро зинда карда, нишон дод, ки ӯ аз марг ва дарде, ки он меорад, нафрат дорад.
-
Исо асосан дар бораи чӣ таълим медод?
Исо чӣ гуна инсон буд? Дар поён баъзе хислатҳои зебои ӯ оварда шудаанд.
Далерӣ (Мт 4:2–11; Юҳ 2:13–17; 18:1–6)
Итоаткорӣ (Лқ 2:40, 51, 52; Ибр 5:8)
Меҳрубонӣ (Юҳ 13:1; 14:31; 15:13; 1Юҳ 3:16)
Мт 13:2; Мқ 10:13–16; Лқ 7:36–50)
Одамдӯстӣ (Хирадмандӣ (Мт 12:42; 13:54; Қл 2:3)
Хоксорӣ (Мт 11:29; 20:28; Юҳ 13:1–5; Фп 2:7, 8)
Ҳамдардиву дилсӯзӣ (Мқ 5:25–34; Лқ 7:11–15)
Барои чӣ Исо ҷонашро фидо кард ва мо аз ин чӣ фоида мегирем?
Чаро мо бояд хурсандӣ кунем, ки Исо Шоҳи Подшоҳии Худо аст?
Зб 72:12–14; Дн 2:44; 7:13, 14; Ошк 12:9, 10
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Зб 45:2–7, 16, 17. Ин таронаи Забур нишон медиҳад, ки Шоҳи Подшоҳии Худо бар душманонаш ғалаба мекунаду бо ростӣ, хоксорӣ ва адолат ҳукм меронад.
-
Иш 11:1–10. Исои Подшоҳ заминро ба ҷойи бехавфу хатар, яъне биҳишт, табдил медиҳад.
-
Исо дар ояндаи наздик чӣ кор мекунад?