Кор
Байни кору хурсандӣ чӣ алоқамандие ҳаст?
Баъзе аз фоидаи хуб ва моҳирона кор кардан дар чист?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
1Пш 16:16–23. Довуди ҷавонро ҳамчун навозандаи моҳир мешинохтанд ва шоҳи Исроил ин қобилияти ӯро қадр мекард.
-
2Вқ 2:13, 14. Ҳуром-Абӣ устои гулдаст буд, барои ҳамин шоҳ Сулаймон ӯро дар сохтмони бузург истифода бурд.
-
Барои чӣ хизматгорони Яҳува мехоҳанд, ки дигарон онҳоро ҳамчун коргарони меҳнатдӯст шиносанд?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
1Мс 24:10–21. Ривқо духтари коркуну меҳнатдӯст буд, барои ҳамин аз гуфтаи хизматгори Иброҳим бештар кард.
-
Фп 2:19–23. Тимотиюси ҷавон меҳнатдӯсту хоксор буд, аз ин рӯ Павлуси расул супоришҳои муҳимро ба уҳдаи ӯ супурд.
-
Барои чӣ мо намехоҳем, ки танбал бошем?
Пнм 13:4; 18:9; 21:25, 26; Пг 10:18
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Пнм 6:6–11. Шоҳ Сулаймон бо мисоли мӯрчаҳо нишон дод, ки меҳнатдӯст будан муҳим аст.
-
Барои чӣ мо бояд барои таъмини худ меҳнат кунем?
Чаро мо бояд барои таъмини оилаамон меҳнат кунем?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Рт 1:16, 17; 2:2, 3, 6, 7, 17, 18. Бевазани ҷавон, Рут, бисёр меҳнат мекард, то ба хушдоманаш Ноомӣ ғамхорӣ кунад.
-
Мт 15:4–9. Исо касонеро, ки хизмати Худоро баҳона карда ба волидонашон ғамхорӣ намекарданд, танқид намуд.
-
Барои чӣ масеҳиён бояд аз самари меҳнаташон ба дигарон кумак кунанд?
Мо бояд ба кор чӣ гуна назар дошта бошем?
Аз куҷо медонем, ки Яҳува мехоҳад мо коргари хуб бошем ва худро таъмин кунем?
Мт 6:25, 30–32; Лқ 11:2, 3; 2Қр 9:10
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
1Мс 31:3–13. Лобон бо Яъқуб беинсофона рафтор мекард, лекин Яҳува меҳнатдӯстии Яъқубро дид ва ӯро баракат дод.
-
1Мс 39:1–6, 20–23. Яҳува меҳнати Юсуфро ҳам дар вақти ғуломи Фӯтифар буданаш ва ҳам дар вақти зиндонӣ буданаш баракат дод.
-
Чаро кор бароямон набояд аз хизмати Яҳува муҳимтар бошад?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Лқ 12:15–21. Исо бо мисоле фаҳмонд, ки дар замин чизу чора ҷамъ кардан бехирадӣ аст.
-
1Тм 6:17–19. Павлуси расул масеҳиёни сарватмандро аз хатари ҳавобаландӣ огоҳ кард ва гуфт, ки «аз корҳои нек сарватманд шаванд».
-
Ҳангоми интихоби ҷойи кор бояд кадом принсипҳоро ба назар гирем?
-
2Мс 20:4; Крн 15:29; Эф 4:28; Ошк 21:8. Оё корам талаб мекунад, ки ба корҳое, ки Яҳува маҳкум мекунад, даст занам?
-
2Мс 21:22–24; Иш 2:4; 1Қр 6:9, 10; 2Қр 7:1. Оё ин корро интихоб карда ман кореро, ки Яҳува маҳкум мекунад, дастгирӣ мекунам ё дигаронро ба он ташвиқ мекунам?
-
Рм 13:1–7; Тит 3:1, 2. Оё ин корро интихоб карда ман ягон қонуни давлатро вайрон мекунам?
-
2Қр 6:14–16; Ошк 18:2, 4. Оё корам бо дини дурӯғ алоқаманд аст ё онро дастгирӣ мекунад?
Кори Яҳува
Муҳимтарин коре, ки масеҳиён дар он иштирок карда метавонанд, кадом аст?
Барои чӣ мо мехоҳем, ки боғайратона хизмати Яҳуваро ба ҷо орем?
Лқ 13:24; Рм 12:11; 1Қр 15:58; Ибр 6:10–12
Ҳамчунин нигаред ба 1Тм 3:1
Чаро мо дар хизмати Яҳува худро бо дигарон муқоиса намекунем?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Мт 25:14, 15. Исо бо мисоле фаҳмонд, ки интизор нест, ки ҳама пайравонаш як хел меҳнат кунанд.
-
Лқ 21:2–4. Исо қайд кард, ки хайрияи ночизи бевазани бечора арзиши бузург дорад.
-
Вақте кори Яҳуваро мекунем, мо аз куҷо қувват мегирем?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
2Тм 4:17. Павлуси расул мефаҳмид, ки дар вақти зарурӣ ба ӯ қуввати лозима дода мешуд.
-
Чаро дар хизмати Яҳува аз таҳти дил меҳнат карда мо хурсандӣ мегирем?