Мавқеи иҷтимоӣ
Оё нажод, аслу насаб ва боигарии шахс ӯро дар назари Яҳува аз дигарон болотар мегардонад?
Крн 17:26, 27; Рм 3:23–27; Ғл 2:6; 3:28
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Юҳ 8:31–40. Баъзе яҳудиён фахр мекарданд, ки аз авлоди пайғамбар Иброҳиманд, аммо Исо гуфт, ки онҳо ягон зарра ба Иброҳим монанд нестанд, зеро мисли ӯ рафтор намекунанд.
-
Оё ягон сабабе ҳаст, ки мо худро аз одамони миллату нажодашон дигар боло гирем?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Юн 4:1–11. Яҳува пайғамбараш Юнусро пурсаброна таълим дод, ки ба мардуми шаҳри Нинве, ки аз миллати дигар буданд, раҳм зоҳир кунад.
-
Крн 10:1–8, 24–29, 34, 35. Петруси расул фаҳмид, ки набояд ғайрияҳудиёнро нопок ҳисобад, аз ин рӯ ӯ ба Корнилюс ва хонаводааш кумак кард, ки аввалин масеҳиёни бехатна шаванд.
-
Оё масеҳиёни бой бояд худро аз дигарон боло гиранд ё нисбати худ муносибати махсусро интизор шаванд?
Ҳамчунин нигаред ба 5Мс 8:12–14; Ир 9:23, 24
Агар шахс нозир бошад, оё ӯ бояд дигаронро ба чашми кам бинад ва аз ҳад сахтгир бошад?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
5Мс 17:18–20. Яҳува ба шоҳони Исроил гуфта буд, ки худро аз дигарон боло нагиранд, зеро дар назари ӯ ҳамаи онҳо бародаронанд.
-
Мқ 10:35–45. Вақте Исо дид, ки расулонаш мартабаҷӯйӣ мекунанд, онҳоро ислоҳ кард.
-
Чӣ гуна шахс метавонад писанди Худо гардад?
Оё масеҳиён аз рӯйи адолатдӯстияшон кӯшиш мекунанд, ки ба қонуни давлат тағйирот дароранд?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Юҳ 6:14, 15. Исроилиён интизор буданд, ки Исо душвориҳои иҷтимоияшонро ҳал мекунад, лекин Исо нахост, ки дар замин шоҳи онҳо гардад.
-