Муҳаббат
Яҳува муҳаббаташро чӣ тавр нишон дод?
Ир 31:3; Юҳ 3:16; Рм 5:8; 1Юҳ 4:8, 19
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
1Мс 1:1, 26–31; 2:8, 9, 15, 16. Яҳува аз муҳаббат заминро барои Одаму Ҳавво тайёр кард ва ба онҳо бисёр чизҳои хубро дод, то аз зиндагӣ дар биҳишт, дар боғи Адан, баҳра баранд.
Зб 104:27–30. Таронасаро Яҳуваро барои ғамхорӣ ба офаридаҳояш ҳамду сано мехонад.
Чӣ тавр мо муҳаббат нишон дода метавонем?
Юҳ 13:34, 35; 15:12, 13; 1Пт 4:8; 1Юҳ 4:10, 11; 5:3
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
Мт 22:36–39. Исо гуфт, ки ду амри муҳимтарин дӯст доштани Худо ва дӯст доштани одамон аст.
1Қр 13:1–8. Павлуси расул муҳим будани муҳаббатро қайд кард ва фаҳмонд, ки чӣ тавр мо онро зоҳир карда метавонем.