Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ноумедӣ

Ноумедӣ

Ноумедӣ аз хиёнат ё рафтори бади дигарон

Зб 55:12–14; Лқ 22:21, 48

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Пш 8:1–6. Вақте исроилиён ба пайғамбар Самуил «ба мо подшоҳ бидеҳ» гуфтанд, ӯ ғамгин шуд.

    • 1Пш 20:30–34. Вақте падараш бар сари Юнотон қаҳру ғазабашро фурӯ рехт, ӯ зиқу ноумед шуд.

  • Оятҳои тасаллибахш

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Зб 55:12–14, 16–18, 22. Ҳарчанд дӯсти наздикаш, Аҳитӯфал, ба Довуд хиёнат кард, ӯ бори ғамашро ба Яҳува партофту сабукӣ ҳис кард.

    • 2Тм 4:16–18. Вақте дар тангияш ҳама Павлусро партофта рафт, ӯ аз Яҳува ва умеди Подшоҳӣ қувват гирифт.

Ноумедӣ аз сабаби сустию хатоҳоямон

Аб 14:4; Рм 3:23; 5:12

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Зб 51:1–5. Шоҳ Довуд гуноҳ кард ва аз ин сахт ноумед шуд.

    • Рм 7:19–24. Павлуси расул доимо бо майлу хоҳишҳои гунаҳкоронааш мубориза мебурду худро бадбахт ҳис мекард.

  • Оятҳои тасаллибахш

  • Мисол(ҳо)-и тасаллибахш аз Китоби Муқаддас

    • 3Пш 9:2–5. Довуд гуноҳҳои ҷиддӣ карда буд, лекин Яҳува аз ӯ ҳамчун марди беайб ёдовар шуд.

    • 1Тм 1:12–16. Ҳарчанд дар гузашта Павлус гуноҳҳои вазнин карда буд, дилпур буд, ки Яҳува ба ӯ раҳм зоҳир мекунад.