Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оила

Оила

Яҳува асосгузори оила аст

Волидон

Нигаред ба «Волидон»

Падарон

Нигаред ба «Падарон»

Модарон

Нигаред ба «Модарон»

Шавҳарон ва занон

Нигаред ба «Издивоҷ»

Писарон ва духтарон

Фарзандон дар оила чӣ вазифа доранд?

3Мс 19:3; Пнм 1:8; 6:20; Эф 6:1

Ҳамчунин нигаред ба Пнм 4:1

Чаро фарзандон бояд ба волидонашон гӯш диҳанд?

Эф 6:1–3; Қл 3:20

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • Зб 78:1–8. Исроилиён ба фарзандонашон дар бораи корҳои бобоёнашон нақл мекарданд, то онҳо ба Яҳува такя кунанду мисли аҷдодонашон саркаш нашаванд.

    • Лқ 2:51, 52. Исои комил дар навҷавонияш ба волидони нокомилаш гӯш медод.

Чаро баъзан ба фарзандон душвор аст, ки волидонашонро эҳтиром кунанд?

Яҳува дар бораи фарзандони саркаш чӣ фикр дорад?

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 5Мс 21:18–21. Аз рӯйи Шариати Мӯсо писари якраву саркаш ва майпарастро, ки ислоҳ шудан намехост, мурданивор сангсор мекарданд.

    • 4Пш 2:23, 24. Як гурӯҳ бачагони хурд Элишоъро, ки намояндаи Худо буд, масхара намуда беҳурматӣ карданд ва оқибат ду модахирс бисёри онҳоро дарид.

Волидон ба таълиму тарбияи кӯдак бояд чӣ хел назар кунанд?

Зб 127:3; 128:3

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 3Мс 26:9. Барои исроилиён фарзанддорӣ нишонаи баракати Яҳува буд.

    • Аб 42:12, 13. Айюб дар озмоиши сахттарин беайбияшро нигоҳ дошт, барои ҳамин Яҳува ӯро соҳиби даҳ фарзанди дигар кард.

Акаю додар ва апаю хоҳар бояд ба якдигар чӣ тавр муносибат кунанд?

Зб 34:14; Пнм 15:23; 19:11

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 27:41; 33:1–11. Яъқуб бародараш Эсовро иззату ҳурмат карда нишон дод, ки бо ӯ оштӣ шудан мехоҳад, инро дида дили Эсов нарм шуд.

Фарзандон дар пеши волидон ва бобою бибияшон чӣ уҳдадорӣ доранд?

Пнм 23:22; 1Тм 5:4

  • Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас

    • 1Мс 11:31, 32. Вақти аз Ур рафтанаш Иброҳим падараш Тораҳро ҳамроҳи худ гирифт ва то дами маргаш ба ӯ ғамхорӣ кард.

    • Мт 15:3–6. Исо ба Шариати Мӯсо ишора карда фаҳмонд, ки фарзандон бояд дар ҳаққи волидонашон ғамхорӣ кунанд.

Хусуру хушдоман

Нигаред ба «Хусуру хушдоман»

Бобою бибӣ

Нигаред ба «Бобою бибӣ»